Агар инсон дар умри худ бо ҳама бурду бохти зиндагиаш аз тарафи шахсе боре ҳам кумак ва ё дастгирии маънавие пайдо намояд, дарҳол андеша мекунад, ки ҳастии чунин одамон ҷомеаро ҳамеша ба ҳамбастагиву хайрхоҳӣ ва якдиливу тифоқӣ водор менамояд. Воқеан, ашхосе, ки барои Ватан, пешравии кишвар, некуаҳволии мардум, эҳёи тамаддуну фарҳанг талош меварзанд, ҳамеша дар дилу дидаи мардум маскан мегиранд.
Яке аз чунин шахсиятҳои номвар, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин марди хирад, сиёсатмадори одил ва роҳбари тавоно ҳар лаҳзаи умри пурсамару пурбаракати худро содиқона ба рушду тараққиёти давлату миллат ва пешбурди ҳаёти ҷомеа бахшида, бо кирдору пиндор ва хулқу атвори накуяш номи худро дар қалби мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой намудааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шахсияти бузург ва нотакрори таърихӣ буда, дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ба сари қудрат омад ва масъулияти роҳбарии мамлакатро бар уҳда гирифта, тавонист миллатро сарҷамъу давлатро аз парокандагӣ наҷот диҳад ва маҳбуби ҳама гардад. Мардум Эмомалӣ Раҳмонро «фарзанди фарзонаи миллат», «Президенти мардумӣ» ва билохира «Пешвои миллат» хонданд.
Ман шукрона менамоям, ки дар чунин кишвари ободу ором ва озод ба сар мебарам. Вақте ки барои муолиҷа ба Беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардам, маро ҳиссиёти гуворое фаро гирифт. Суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ёдам омад, ки дар ҳар сафарашон ба манотиқи кишвар мегӯянд: «Мо, пеш аз ҳама, саломатии шаҳрвандонамонро таъмин кунем ва ҷомеаи солимро тарбия намоем».
Дар заминаи ин таъкидҳо саломатиамро дар беморхонаи вилоятӣ ройгон барқарор намудам. Аз ин хотир, миннатдории самимии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоям.
Раҳматбой РАҲМАТУЛЛОЕВ,
истиқоматкунандаи деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ