ИСТЕҲСОЛИ ГИЁҲЧОЙ ДАР ХАРАНГОН

№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016

Маркази таълимии истеҳсолии «Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш»-и Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ соли 2013 дар заминаи осоишгоҳи фароғатии коллеҷ таъсис ёфтааст. Марказ аз се воҳиди корӣ иборат буда, он фаъолияташро тибқи Иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли доруворӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш, савдои чаканаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ роҳандозӣ кардааст.

Сардори марказ Муҳсиддин Холбобоев зимни суҳбат гуфт, ки он дорои анбори нигоҳдории гиёҳҳои хушк, ҳуҷраҳои хокакунӣ, омодасозии халтачаи полоишӣ, нигоҳдории маҳсулоти тайёри гиёҳчой ва борпечкунӣ буда, барои ҷамъоварии гиёҳҳо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сафарбар мешаванд. Дар як вақт машғулиятҳои амалии донишҷӯён низ дар ҳамин ҷо баргузор мегардад.

Марказ дар давоми се соли фаъолият беш аз 6500 қуттӣ гиёҳчой истеҳсол карда, онро дар дорухонаҳои савдои яклухту чакана ва муассисаҳои табобатӣ –профилактикӣ ба фурӯш баровардааст.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»