Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458 «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» тасдиқ гардид, ки тарзи дурусти навишти калимаҳои забони тоҷикиро муқаррар сохтааст. Дар робита ба ин, чанд нуктаро ишора мекунем, ки бамавқеъ ва зарур будани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозанд.
Чунонки дар қисмати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, аз матни Конститутсия калимаи «Сарқонун» ихтисор мешавад. Дар «Луғати тафсирии калимаҳои русӣ – интернационалӣ» (Душанбе, 1984) дар таҳияи В. Шарифов омадааст: «Конститутсия – аз калимаи лотинии constitutio гирифта шуда, маънои қонун, қонуни асосии давлатиро дорад, ки сохти ҷамъиятӣ ва давлатии он, системаи интихобот, принсипҳои ташкилотӣ ва фаъолияти органҳои давлатӣ ва идоракунии ҳуқуқҳо ва вазифаҳои гражданинҳоро муқаррар мекунад» (саҳ. 156). Ин шарҳ собит месозад, ки ҳеҷ гоҳ «Сарқонун» мафҳуми «Конститутсия»-ро пурра фаро гирифта наметавонад. Басо бамавқеъ ва дуруст аст, ки аз матни Конститутсия калимаи «Сарқонун» ихтисор мешавад.
Тибқи қисми дуюми моддаи 64-и тағйирот калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда мешавад.
Дар асл маънои калимаи «қарордод» ба вожаи русии «контракт» рост меояд ва «шартнома» маънои «договор»-ро дорад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ «шартнома»-ро истифода бурдан дуруст аст, бо вуҷуди он ки баъзан дар луғатҳо «шартнома» ва «қарордод» ба русӣ «договор» тарҷума шудааст.
Дар банди 39-уми тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Дар тамоми матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад». Ба назари мо, ин ҷойивазкунӣ воқеан ҳам бамавқеъ аст, зеро калимаи «ҳақ» маънои рост, дуруст, ҳақиқату дурустиро ифода мекунад, ки хоси услуби бадеист ва онро ба ин маъно муродифи «ҳуқуқ» ҳисобидан амали чандон саҳеҳ нест ва чун истилоҳи ҳуқуқшиносӣ истифода кардан нашояд. Агарчӣ баъзан дар фарҳангҳо ба ҷойи якдигар истифода ва ё ишора мешаванд.
Мувофиқи тағйироти қисми якуми моддаи 40, калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда мешавад, ки низ дуруст аст. Агар мо шарҳи вожаҳои «ҷамъият» ва «ҷомеа»-ро дар фарҳангҳо мутолиа бикунем, мебинем, ки вобаста ба мақсаду мавқеи истифода ҳар кадом тобишҳои маъноии гуногунро низ ифода мекунанд. Масалан, «ҷомеа» нисбат ба «ҷамъият» маънои васеътар дорад. Бинобар ин, дар асноди меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус Конститутсия, бояд он мавқеъ дошта бошад, зеро дар ҷомеа чанд ҷамъият буда метавонад. Инро бо овардани ду ибора собит кардан мумкин аст: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ» гуфтан мумкин аст, вале «ҷамъияти (ҷамъиятҳои) ҷаҳонӣ» гуфтан аз нигоҳи ҳусни баён дурушттар садо медиҳад.
Ба ҳамин тариқ, пешниҳодот оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон айни муддаост. Тағйироти пешниҳодшуда забони матни Конститутсияро дақиқ, ҳамафаҳм гардонида, тарзи баёнро саҳеҳу равон месозанд.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати дастгирӣ кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол бошем.
Саидамир Аминов,
саркотиби илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон