БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ДАР САНКТ – ПЕТЕРБУРГ

№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016

Мулокот 190516Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия 19 майи соли 2016 бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот, баробар бо масъалаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, қазияи қабристони Хованскои шаҳри Москва низ баррасӣ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз қазияи қабристони Хованскои шаҳри Москва, ки боиси ба ҳалокат расидани се шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ гардидани 23 нафар шаҳрванд шуд, изҳори таассуф ва нигаронӣ карда, аз ҳамтои руси худ хостори ҳалли ин қазия бо роҳи мунсифона шуд. Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки мутаассифона, ҳастанд шахсон ва гурӯҳҳое, ки хостори ворид кардани халал дар муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Россия мебошанд.

Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин иброз намуд, ки баъди ҳодисаи рухдода, ба вазъи будубоши  шаҳрвандони Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад расид. Чун анъана, баъд аз рух додани  ҳодисаҳои марбут ба муҳоҷирон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия фишорро ба муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр менамоянд. Айни замон,  тавассути васоити ахбори омма аз ҷониби баъзе сиёсатмадорон, аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, депутатҳои Думаи давлатии Россия аз ҳизби ҳукмрон, мисли ҳарвақта, пешниҳодҳои ворид кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва берун кардани  муҳоҷирони меҳнатӣ аз Россия садо дода истодаанд, ки ин ҳолат тафаккури оммаро бар зидди муҳоҷирон ташаккул дода, барои хориҷ кардани шаҳрвандони мо бидуни асосҳои қонунӣ замина фароҳам меоварад.

Таҳлили  ҷараёни хориҷ кардани шаҳрвандони кишвар аз Россия собит менамояд, ки вақтҳои охир мақомоти дахлдори Россия шаҳрвандони кишварро беасос бо ҳар баҳона тавассути қарори суд аз Россия хориҷ менамоянд. Суръати баррасии парвандаҳои муҳоҷирон ва баровардани қарорҳо касро ба ҳайрат меоварад. Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти дахлдори ин кишвар амали мазкурро на дар  асоси қонун, балки  аз рӯи нақшае амалӣ мекарда бошанд.

Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин ёдовар шуд, ки боиси таассуфи зиёд аст, ки танҳо дар солҳои 2011-2016 ҷасади 4815 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Тоҷикис­тон интиқол дода шудааст, ки аз ин шумора 379 нафараш аз ҷониби ҷинояткорон кушта шудаанд. Албатта, ин ҳодисаҳои мудҳиш наметавонад ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ором гузорад. Мутаассифона, на ҳама қотилони ин кушторҳо  муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ҳалли масоили муҳоҷирони меҳнатӣ ва кумакрасонии воқеӣ ба ҳамватанон аз масъалаҳои дигари суҳбати раисони парлумонҳои ҳар ду кишвар буд. Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори умед кард, ки масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо роҳи мусбат ҳал мешаванд.

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко қабл аз ибрози андеша роҷеъ ба равобити ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, дар робита бо қазияи қабр­истони Хованскои шаҳри Москва ба Шукурҷон Зуҳуров ва дар шахси ӯ ба хонаводаҳои қурбоншудагон ҳамдардии амиқ баён намуда, аз вуқӯи ин ҳодиса дар кишвараш ибрози таассуф кард. Валентина Матвиенко ба Шукурҷон Зуҳуров иттилоъ дод, ки қазияи мазкурро зери назорати шахсӣ гирифта, барои ҳалли мунсифонаи он мусоидат менамояд.

Валентина Матвиенко таъкид кард, ки ҳеҷ гуна аъмоли муғризонаи шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯй наметавонад муносиботи хуби кишварҳои моро халалдор намояд. Мо ҳаргиз ба чунин шахсон имкон намедиҳем, ки ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд.

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко дар идома аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ин равобит бояд бештар тақвият дода шавад.

Дар мулоқот вазъи минтақа ва ҷаҳон низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба густариши муносиботи дуҷониба дар доираи созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъкид карда, изҳор доштанд, ки дар қиболи афзоиши хатари ҷаҳони муосир зарурати таҳкими равобити дуҷониба дар бахши мубориза бар зидди терроризму ифротгаройӣ ба миён омадааст.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт – Петербург 20 майи соли 2016 бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин мулоқот ва масоили вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар дар соҳаи парлумониро баррасӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба густариши муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз қабили сиёсату иқтисод, тиҷорату сармоягузорӣ, муҳоҷират ва вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Россия баррасӣ шуданд.

Шукурҷон Зуҳуров, аз ҷумла иброз намуд, ки Федератсияи Россия кишвари дӯст ва шарики Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Федератсияи Россия яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

«Мо аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қаноатмандем», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон ва илова намуд, ки мубодилаи сафарҳои ҳайатҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Ҳайатҳои парлумонӣ аз ҳар ду кишвар боздид мекунанд, дар кори конфронс ва ҷаласаҳои парлумонӣ иштирок менамоянд.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид дошт, ки фаъол будани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ дар ҳайати парлумонҳои ду кишвар омили асосӣ ва муҳим барои густариши равобити дуҷониба дар ин самт аст.

Ба масъалаи муҳоҷират ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони кории тоҷик дахл карда, Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки шумораи муҳоҷирони кории тоҷик нисбат ба  дигар кишварҳо  дар Федератсияи Россия зиёдтар ҳастанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон кишвари Россияро нисбат ба дигар мамлакатҳо барои худ наздиктар ва ҳатто Ватани дуюм медонанд. Мутаассифона, баъзан ҳолатҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ё ҷароҳат бардоштани муҳоҷирони тоҷик мегарданд. Махсусан, ҳодисаи чанд рӯзи пеш, ки дар қабристони Хованскои шаҳри Москва ба вуқӯъ пайваст, сабабгори ба ҳалокат расидани се шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷароҳат бардоштани чанд нафари дигар гардид,  боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон шуд.

Шукурҷон Зуҳуров дар идома аз Сергей Наришкин тақозо кард, ки барои ҳалли одилонаи ин қазия мусоидат намояд ва ба ҷинояткорону шахсони пушти ин ҳодиса қарордошта мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад. Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки фаъолиятҳои муғризонаи чунин гурӯҳҳо наметавонад рӯи сатрҳои муносиботи хуби Тоҷикистону Россия хатти сурх кашад. Муносибатҳои хуби мардуми ду кишвар решаи тӯлонии таърихӣ дорад ва дар гузашта падарону бобоёни мо дар канори ҳамдигар тавонистанд, ки ба қавитарин рақиби худ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ пирӯз шаванд. Имрӯз низ мо бояд аз чунин таҷриба истифода намоем ва нагузорем, ки ҳеҷ неруе ба муносиботи дӯстонаи мо халал ворид намояд.

Шукурҷон Зуҳуров, инчунин пешниҳод намуд, ки аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия гурӯҳи муштараке таъсис дода шавад, ки бевосита ба ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ҷиддӣ машғул шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин бо хушнудӣ пазируфта шуд ва ӯ таъкид намуд, ки он рӯзҳои наздик ҳалли мусбати худро меёбад.

Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин аз ҳодисаи қабристони Хованскои шаҳри Москва ва ба ҳалокат расидани се шаҳрванди Тоҷикистон изҳори таассуф намуда, аз Шукурҷон Зуҳуров хоҳиш намуд, ки ҳамдардии ӯ ва намояндагони парлумони кишварашро ба хонаводаҳои марҳумон расонад. Номбурда таъкид намуд, ки ба қазияи мазкур ҳатман дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия расидагӣ хоҳад шуд ва гунаҳкорони ин ҳодиса ҷазои муносиб хоҳанд гирифт.

Сергей Наришкин таъкид дошт, ки мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо шарики стратегии кишвари худ дар минтақаи Осиёи Миёна – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад.

Дар мулоқот, ҳамчунин масъ­алаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, фарҳанг ва туризму варзиш баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо дар заминаи мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ ва қочоқи маводи мухаддир низ мавқеи муштарак доштанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург 19 майи соли 2016 бо Раиси парлумони Ҷумҳурии  Қазоқистон Бактикожа Измухамбедов мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳама арса баррасӣ шуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки муносибатҳои байни ду кишвар дар ҳама бахш сол то сол рушду нумӯъ меёбанд.

- Мо аз муносибатҳои дӯстонаи байни сарварони ҳар ду давлат ифтихор дорем, — гуфт ӯ. — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қазоқистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Тоҷикистон сазовори обрӯ ва эҳтироми зиёд мебошанд.

Дӯстии миллатҳои тоҷику қазоқ аз ҳазор сол пеш сарчашма гирифта, то кунун идома дорад. Дар солҳои барои Тоҷикистон душвор яке аз музокироти ҳалкунандаи байни тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид ва ин кишвар нақши худро дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон гузошт. Имрӯз Тоҷикистону Қазоқистон ҳамдигарро дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд. То имрӯз миёни Тоҷикистону Қазоқистон зиёда аз 70 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расида, комиссияҳои байнидавлатӣ фаъолона кор мекунанд. Сандуқи сармоягузории ҳар ду кишвар таъсис шудааст, ки барои омода сохтани фазои мусоиди иқтисодӣ мусоидат менамояд.

- Нақши парлумонҳои мо дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад, — таъкид кард Шукурҷон Зуҳуров ва афзуд, ки бояд ҳар чӣ бештар робитаҳои байнипарлумониро тақвият бахшем.

Раиси Маҷлиси намояндагон фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистонро қадами бисёр муҳим ҷиҳати тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариш ёфтани дигар соҳаҳо арзёбӣ намуд.

Раиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Бактикожа Измухамбедов  изҳор дошт, ки кишвараш Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дӯстони асосӣ ва муҳимтарин шарики худ дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот бо ин кишвар аз тамоми фурсат истифода хоҳад кард. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки бо Қазоқистон дӯстии самимию холисона дорад ва мо ин нуктаро хеле қадрдонӣ менамоем.

- Дар Тоҷикистон зиёда аз 50 корхонаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъолона ба нафъи мардум хизмат мекунанд.  Дар кишвари шумо ҳам тоҷирони қазоқистонии мо метавонанд бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкорӣ намоянд. Ҳамчунин, фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсоз, ки ба он сарварони ҳар ду кишвар роҳбарӣ менамоянд, хеле ҷоннок гардидааст, — гуфт Бактикожа Измухамбедов.

Ҷонибҳо, ҳамчунин дар бораи азми минбаъдаи хеш баҳри таҳким ва ғанӣ гардонидани робитаҳои башардӯстона, ки ҳоло далели равшани сатҳи баланди муносибатҳои мавҷудаи таърихии маънавию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон маҳсуб мешаванд, изҳори назар карда, роҷеъ ба вазъи ҷаҳон ва минтақа,  танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, такмили фаъолияти дуҷонибаи  Фонди сармоягузории мустақим, таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар бахши маълумоти олӣ ва мавзӯи квотаҳои ҳарсола барои ҷавонони ҳар ду кишвар ибрози назар карданд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 19 майи соли 2016 бо Раиси парлумони Ҷумҳурии  Қирғизистон Чинибой Турсунбеков  мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров Раиси парлумони Ҷумҳурии Қирғизистонро ба муносибати ба ин мақом интихоб гардиданаш табрику муборакбод намуда, мулоқотро омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳама соҳа, бахусус арсаи иқтисод, арзёбӣ кард. Шукурҷон Зуҳуров бо ишора ба мавҷуд будани таърих, фарҳанг, дин ва  расму оини муштарак байни миллати тоҷику қирғиз изҳор  дошт, ки миллатҳои мо  аз умқи қарнҳо дар канори ҳамдигар кору зиндагӣ ва фаъолияти муштарак доранд. Хушбахтона, имрӯз низ байни миллатҳо чунин  фазо  ва муҳити созгор фароҳам аст ва ин дӯстӣ идома дорад.

Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки сафарҳои расмӣ ва дӯстонаи сарони ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимод ва мавқеъҳои муштаракро дар бар мегиранд, нишонаи мавҷуд будани ҳамкориҳои дӯстона ва дорои сатҳи баланди ду кишвар мебошад.

- Имрӯз, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- миёни Тоҷикистону Қирғизистон заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии иборат аз 90 санади ҳамкорӣ мавҷуд буда, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорат ҳамоно афзалиятнок дониста мешаванд. Мо бояд бештар ба ҳалли мушкилоти сарҳадӣ ва рушди тиҷорати наздимарзӣ ва дар ин замина ба таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии сокинони деҳоти наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем. Дар ин ҷода, бояд кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Қирғизистонро  фаъолтар намуд.

Густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи энергетика, робитаҳои нақлиётию тиҷоратӣ ва тавсеаи имконоти транзитии ду кишвари ҳамсоя, бунёди роҳҳои транзитии оҳану мошингард, хатҳои интиқоли газ ва неруи барқ, ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳкими амну субот дар Осиёи Марказӣ аз мавзӯъҳои дигари суҳбати Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳамтои қирғизаш буд.

Зимни мулоқот ба масъалаи густариши ҳамкориҳои  байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Жогорку Кенеши Ҷумҳурии  Қирғизистон  таваҷҷуҳи бештар  зоҳир гардид.

Раиси парлумони Ҷумҳурии  Қирғизистон Чинибой Турсунбеков низ дар навбати худ хостори густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои парлумонии  кишвараш бо  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, илова намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин мулоқот баррасии масъалаи тақвияти ин ҳамкориҳо  ба шумор меравад.

- Омӯзиши таҷрибаи парламенти шумо дар самти таҳия ва қабули қонуну қарор ва дигар санадҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ, минтақавӣ ва  байналмилалӣ барои мо хеле муҳим мебошад, -гуфт дар анҷоми мулоқот Чинибой Турсунбеков.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон