Бори аввал дар Тоҷикистон мушоҳидони миллӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок карданд.
Бино ба иттилои раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, 7 ҳазору 500 мушоҳиди миллӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, созмонҳои ҷавонон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар комиссияҳои ҳавзавӣ ба қайд гирифта шудаанд, раванди раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳида карданд.
Инчунин, ҷараёни раъйпурсиро зиёда аз 120 нафар мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида карданд.
АМИТ «Ховар»