11 майи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварда, бо кори як қатор хоҷагиҳои намунавии боғу токпарварӣ шинос шуд.
Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон субҳи барвақт аз деҳоти «Даҳанакийик»-и ноҳияи Хуросон оғоз ёфт. Аз соли 2010 инҷониб бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Фахрободи ин ноҳия бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳна оғоз ёфта буд. То ин вақт дар мавзеи Фахробод ва атрофи деҳоти «Даҳанакийик»-и ноҳияи Хуросон дар майдони якуним ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд ёфтааст. Тавре аён гардид, тамоми боғу токзори нав дар ин мавзеъҳо афзоиши хуб доранд ва қисмате аз онҳо дар соли дуюм ва сеюми сабзиш аллакай ба бор омадаанд. Пас аз ду-се соли дигар аксари ин боғу токзор пурра боровар шуда, на танҳо ба фаровонии меваю сабзавот дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, балки боиси афзоиши қудрати содиротии кишвар мегарданд.
Тавре иттилоъ доданд, дар ин боғу токзор наздики якуним ҳазор нафар соҳиби кор ва маоши хуб шудаанд. Аҳли заҳмати ин хоҷагиҳо аз умри дубора пайдо намудани боғу токзори мавзеи Фахробод басо шоду шукргузоранд, зеро боғу токзори пешина кайҳо аз ҳосил бозмонда, ба нестӣ рафта буд.
Чунонки зикр гардид, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо асосан навъҳои серҳосилу содиротии дарахтони мевадиҳанда шинонда шудаанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки майдони боғҳои олуи сиёҳ, ки дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад ва дигар меваҳои содиротӣ афзун карда шавад.
Ба иттилои масъулини соҳа, аксари мавзеъҳои барои бунёди боғоти нав интихобшуда заминҳои шӯрзада, партов ва умуман аз гардиши кишоварзӣ беруншуда буданд, ки имрӯз ба боғу токзори биҳиштосо табдил ёфтаанд.
Чунонки аён гардид, дар ин мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва мутобиқ ба боғу токпарварӣ навъҳои гуногуни олу, гелос, зардолу, шафтолу, олуча, бодом, анҷир, чормағз, анор, писта, биҳӣ ва себу ноки хушлаззат парвариш меёбад.
Зимни боздид аз ин боғу токзори дилфиреб, табиати биҳиштосои ин мавзеъҳо ва суҳбатҳои озоду самимӣ бо боғпарварон ва фаъолони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки ин иқдоми наку дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азиз ҳамовозӣ пайдо карда, ба бунёди даҳҳо ҳазор боғу токзори намунавӣ, иҷрои барномаҳои давлатии ин соҳа, болоравии бесобиқаи қудрати содиротии кишвар, тақвияти амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва муаррифии миллати тоҷик чун миллати ободгару зебойидӯст боис мегардад.
www.prezident.tj