Дар шароити пуртазоди ҷомеаи имрӯза, ки миёни давлатҳо муборизаҳои шадиди иттилоотӣ идома дорад, нақши воситаҳои ахбори омма (ВАО) торафт зиёд мешавад. Зеро ВАО силоҳи пуриқтидоре аст, ки бурду бохти ҳар як давлат аз фаъолияти он вобастагӣ дорад. Дар конференсияи илмию амалии байналмилалӣ, ки дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ» 19 — 20 майи соли равон дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, муҳаққиқони соҳа ин масъаларо баррасӣ намуданд. Декани факултети журналистика Саъдӣ Маҳдӣ, муовини ректори ДМТ оид ба илм Сафармамад Сафармамадов, котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод, атташеи маорифи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулҳай Ором ва дигарон доир ба зарурат ва муҳимияти баргузории чунин конференсия андешаронӣ намуданд. Баъдан, профессор Ҷовид Муқим дар мавзӯи «Инъикоси муноқишаҳои сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар матбуот», мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, дотсент Сангин Гулов дар мавзӯи «Расонаҳои Тоҷикистон ва робитаҳои минтақавӣ», мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ Бахтиёр Қутбиддинов дар мавзӯи «Масъалаҳои геополитикии Осиёи Марказӣ аз нигоҳи коршиносону шореҳон», омӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав Носирҷон Маъмурзода дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои сарҳадӣ ва муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар матбуоти даврии вилояти Хатлон» ва профессор Абдусаттор Нуралиев дар мавзӯи «Инъикоси муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳафтаномаи «Азия-плюс» маърӯза карданд. Нотиқон ба он ишора карданд, ки Осиёи Марказӣ чун минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ муҳим зери таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудрат қарор дорад. Биноан, давлатҳои таъсиргузори сиёсати ҷаҳонӣ мехоҳанд дар ин ҷо нуфузи бештар дошта бошанд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»