Ман сокини деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб мебошам. Шукр, ки ба нафақа баромадам, вале ба нафақа баромадан маро хурсанд накард, балки дилшикаста шудам. Як навъ ноумедӣ вуҷудамро фаро гирифт. Аз соли 1968 инҷониб, дар корхонаҳои саноатии кишвар кор карда, беш аз 45 сол собиқаи корӣ дорам. Панҷ соли охир дар корхонаи (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик»-и Вазорати молия фаъолият доштам. Вақти гувоҳномаи музди меҳнат барои ду соли охирро пешниҳод кардам, маро барои 18 моҳ ҳақбар карданд.
Шаш моҳи дигарро бо сабаби дар корхона кор набудан ҳисоб накарданд. Вале ин моҳҳо дар дафтарчаи меҳнатии ман сабт шудааст. Яъне, ман коргари корхона будам, танҳо муваққатан кор набуд.
Музди миёнаи моҳонаи ман аз 1300 сомонӣ зиёд буд, вале ба ман 137 сомонӣ нафақа таъин карданд. Ҳеҷ бовариам намеояд, ки ба ман дуруст нафақа таъин шуда бошад. Агар ин хел бошад, пас қонунгузории таъини нафақаро таҳриру тағйир мебояд. Қонунро такмил додан даркор, то ба манфиати нафақагир бошад.
Ман қонуни таъини нафақаро варақгардон кардам. Дар банди 4 моддаи 71 омадааст: – «Агар шахси барои нафақа муроҷиат — карда аз 24 моҳ кам собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 қонуни мазкур мутобиқ аст, музди моҳонаи миёна бо роҳи тақсими маблағи умумии музди моҳҳои тақвимии кор ба шумораи ин моҳҳо муайян карда мешавад» (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 №823).
Мутаассифона, ин банди қонунро ҳангоми таъини нафақа ба инобат намегиранд, нафақаи ҳамаро тибқи талаботи як ё ду моддаи қонуни мазкур муайян мекунанду халос. Шояд масъулон ин бандро сарфаҳм намераванд, зеро аз русӣ тарҷума шуда, хеле нофаҳмо аст.
Қонун бояд дар қолаби забони тоҷикӣ навишта шавад, то ба хонандаву корафтода равшану возеҳ бошад.
Таълифи қонун забони содаи оммафаҳмро тақозо дорад. Истилоҳҳо соҳавӣ ва бояд шарҳи худро дошта бошанд. Масалан, ман нафаҳмидам, ки «музди миёнаи моҳона» аз «музди моҳонаи миёна» чӣ фарқ дорад?
Айб дар ош аст ё дар мош? Нафақаи маро бо айби корхона маҳдуд кардаанд ё тибқи қонун?
Музаффар Хоҷаев