Дидгоҳ

НОМИ ЗЕБО НИЗ ҲУСН АСТ

№68 (3548) 26.05.2016

Номи зебо низАз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» якчанд сол гузашт. Қонуни мазкур на танҳо бо мақсади ислоҳи хатоҳои имлоиву услубӣ қабул шудааст, балки он риояи назокату назофати суханро тақозо менамояд.

Дар маркази шаҳри бостонии Кӯлоб бинои замонавии зебое қад афрохтааст. Намедонам, ки он маҳсули заҳмати зеҳнии кадом меъмор аст, вале назири ин бино дар ин шаҳр нест. Ин бино меҳмонхона буда, бо зебоӣ ҳайрати касро меорад. Расми барқади Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинатбахши бино буда, ба ҳусни он ҳусни дигаре зам кардааст.

Дар назди бино як чанори пире ҳаст ва он шабеҳи нигораи таърихӣ мебошад. меҳмонхона «Чинор» ном дорад. Ба он назарам, ки аз баҳри нигораҳое, ки бо вуҷуди арзишҳои таърихӣ доштан ҳусни шаҳрро коҳиш медиҳанд, бояд гузашт. Мушоҳида намудам, ки парандагони зиёд, ки дар шохи ин дарахт менишинанд ва бо поруи хеш зери чинорро ифлос мекунанд, ки кори ҷорӯбкашонро хеле душвор мегардонад.

Дар шаҳр қаблан як тарабхонаи машҳур буд, ки номи он ҳам «Чинор» буд. Аслан чинор ҷузъи ҷангал аст, на аз шумули дарахтони ороишӣ. Решаҳои қавии он қудрат доранд тахтасангҳоро кафонда, ҷӯйҳои аз бетон сохташударо беҷо созанд. Гардбодаҳое, ки аз чинор тавассути шамол ба атроф паҳн мешавад, нафаскаширо танг карда, гоҳо дар бадани инсон ҷонибӣ (аллергия)-ро ба вуҷуд меорад.

Дар шаҳр, чун шаҳри Душанбе, биноҳои маишию фароғатӣ, ки номҳои муносиб доранд ва ифодагари лаҳни ширину гуворои забони тоҷикианд, хеле каманд. Биноан, сари ин масъала ҷиддӣ андеша бояд кард. Чинор, тоқачанор, сафедори тоқа, чормағзи якка, тутак, калтут мафҳумҳое ҳастанд, ки мансуб ба маҳали зистанд, на биноҳои хушсохти замонавӣ.

Забони тоҷикӣ аз номҳои зебо хеле бой аст: «Ҳузури дил», «Фонуси дарё», «Тирози ҷаҳон», «Канори рӯд», ки хоси тарабхонаю меҳмонхонаҳоянд.

Фаразан, меҳмонхонаро «Ҳузури дил» ё «Фонуси дарё» номгузорӣ кунем, аз як тараф шукӯҳу шаҳомати он зиёд шуда, аз тарафи дигар, масъулиятшиносии моро дучанд намуда, назокату назофати забонро меафзояд.

 Абдухолиқи Мирзозода, «Садои мардум»