ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои Лоиҳаи ҳамкории аврупоии «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осиёи Марказӣ» чанде пеш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Конференсияи якуми арзёбии натиҷаҳои лоиҳаи HEICA ва гузаронидани семинар-тренингҳо оид ба равияҳои алоҳидаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид. Дар конференсия ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Шоҳигарии Шветсия) ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат доштанд. Бояд тазаккур дод, ки ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои номбурда ба такмили маҳорати педагогӣ ва малакаи касбии омӯзгорони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти олии касбӣ мусоидат хоҳад намуд.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон