ГУФТУШУНИДҲОИ БАЙНИҲУКУМАТӢ — ТАВСЕАБАХШИ РАВОБИТ

№69 (3549) 30.05.2016

24 майи соли 2016 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода бо ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Марказӣ Андерс Пешкин ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холдер Грэн мулоқот намуд.

Зимни суҳбати судманду самимӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон ва Олмон, ҳамчунин таҳкими алоқаҳои байниминтақавиро, мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз давраи барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи умумии Ҳукумати Олмон, ки ба кишвари мо дар чаҳорчӯбаи ҳамкории техникӣ ва молиявӣ ҷудо кардааст, ба 100 миллион евро мерасад.

Механизми асосӣ ва танзимкунандаи муносибатҳо баҳри рушд гуфтушунид­ҳои байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба ҳисоб меравад, ки дар асоси «Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои техникӣ аз соли 2003» ба роҳ монда шудааст. Аз он вақт ҳар сол дар шаҳрҳои Душанбе ва Бонн соле як маротиба гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ баргузор мегарданд, ки дар рафти он самтҳои асосии ҳамкорӣ баҳри рушд муайян мешаванд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикис­тону Олмон дар рушди парламентаризм, соҳаи энергетика ва истифода аз технологияҳои навтарини соҳа низ баррасӣ шуд. Гуфтугӯи судманд доир ба имконоти иштироки Олмон ва ширкатҳои бонуфузи он дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмону навсозии неругоҳҳои барқи обӣ, истифода аз манбаъҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ ва бунёди шабакаҳои таҳвил ва интиқоли барқ сурат гирифт.

Олимҷон Салимзода, ҳамчунин иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон тасмим гирифтааст ҳаҷми кумакҳои молиявию техникиро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш диҳад.

Ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Марказӣ Андерс Пешкин дар навбати худ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз шарикони боэътимоди худ дар минтақа медонад ва ҳамеша омода аст, ки бо ин кишвари дӯсту бародар кумаки бевоситаи худро расонад.

Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси ­намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон