СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ

№69 (3549) 30.05.2016

26 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ намуд.

Суҳбати телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифта, зимни он Роҳбари Ҷумҳурии Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузории ­раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард ва рушду шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистонро орзу намуд.

Ҳамчунин, сарони ду кишвари дӯст оид ба масъалаҳои амнияту суботи минтақавӣ табодули афкор карда, ­масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 www.president.tj