ВАНҶ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим бо намояндаи КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик» Шералӣ Кабиров, ки он рӯз дар ноҳияи Ванҷ қарор дошт, мулоқот доир намуд. Дар мулоқот, аз ҷумла масъалаи бунёди толори варзишӣ дар маркази ноҳия мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Дар ин робита мувофиқа шуд, ки дар заминаи бинои хобгоҳи интернати ноҳиявӣ дар маркази ноҳия, ки айни ҳол аз истифода берун монда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, толори варзишӣ сохта шавад. Тибқи қарордоди пешакӣ сохтмони толори варзишӣ бояд то охири соли равон ба анҷом расонида шавад. Дар назди ин толор бунёди ҳавзи шиноварӣ низ пешбинӣ шудааст.
Ҳукуматшо Ғайратов, яке аз паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ, ки дар ин мулоқот ширкат дошт, арзу сипоси бепоёни паҳлавонони ноҳияро ба раиси вилоят ва намояндаи КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик» баён намуд.