ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар назди бинои Муассисаи давлатии Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд якҷоя бо Сарраёсати Агентии шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати вилоят ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ доир шуд. Дар он шуъбаҳои Агентии шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят ва субъектҳои хоҷагидоре, ки барои фиристодани шаҳрвандон ба хориҷи кишвар иҷозатнома доранд, иштирок намуданд. Дар ярмарка 90 ташкилоту корхона 1714 ҷойи холии кориро барои корҷӯён пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 25 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 12 нафар барои касбомӯзӣ равона карда шуданд.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон