Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИТТИЛОИЯ

№71 (3551) 02.06.2016

DSC_3630131 майи соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам ­

Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Сипас, ҳисоботи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон «Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд.

Баъдан аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» пешниҳод шуд.

Лоиҳаи қарорҳо оид ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба тағйир додани номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба шаҳраки Навкат» ва «Дар бораи низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуданд.

Вобаста ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои баррасишуда ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми кори ҷаласа ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 www.president.tj