Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ҚОНУНҲОИ СОҲАВИРО ТАКМИЛ МЕДИҲАНД

№72 (3552) 04.06.2016

DSC_0260Якуми июни соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

ШОҲМУРОД Рустам:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Бо мақсади сода гардонидани расмиёти тасдиқи аслияти ҳуҷҷатҳо ва баромадани Тоҷикистон ба сатҳи байналмилалӣ оид ба эътирофи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ дар асоси Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, Конвенсияи Гаага дар бораи апостил оид ба бекор намудани талаботи таъиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 тасдиқ шуд. Он 31 октябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қувваи қонунӣ даромад.

Бо ин васила, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2015 таҳти №699 «Низомномаи қоида ва шартҳои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шуд. Низомномаи мазкур тартиб ва шартҳои гузоштани апостилро аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатие, ки ҳуқуқи гузоштани апостилро дар ҳуҷҷатҳои расмии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда доранд, муайян менамояд.

Мутобиқи Низомномаи зикргардида мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи апостилгузорӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Вобаста ба фаъолияти апостилгузорӣ боҷу хироҷи давлатӣ ситонида мешавад.

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти зикргардида ҳангоми гузоштани апос­тил, барои нигоҳдошти фаъолияти апостилгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» таҳия гардид.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи гузоштани апостил ва барои нигоҳдошти фаъолияти апостилгузорӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2016 таҳти № 694  лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Тибқи лоиҳаи қонуни зикргардида, хароҷоти барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил ситонидашаванда ба маблағҳои махсуси мақомоти ваколатдори соҳа равона мешаванд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 25 майи соли 2016 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукума­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим дода мешавад.

Қодири ҚОСИМ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ва рушди механизми самараноки шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷудаи соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ, рушди иқтисодиёт ва истеҳсолоти дохилӣ мусоидат менамояд.

Тавассути ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ сатҳи хизматрасониҳо, рақобатпазирии сифати таълим дар миқёси байналмилалӣ, кам шудани қисми хароҷоти буҷет барои соҳаҳои мазкур ва зиёд гардидани маблағгузориҳои ғайридавлатӣ дар назар дошта шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» бо мақсади таъмини амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таҳия гардидааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» объектҳои инфрасох­тор ва хизматрасониҳои иҷтимоии таҳти идораи давлат қарордошта метавонанд ба муҳлати муайян ба шарики хусусӣ (соҳибкор) дода шаванд.

Шарики хусусӣ бо истифода аз маблағҳои худӣ ва ё маблағҳои дигар объектро бунёд ва таҷдиду тармим менамояд, муҷаҳҳаз мегардонад ва дар муҳлати муайяннамудаи созишномаи шарикӣ истифода мебарад.

Дар ин муҳлат маблағҳои сарфнамудаашро бо фоидаи муайян баргардонида мегирад ва пас аз анҷоми муҳлати созишнома объектро ба давлат бармегардонад.

Яке аз ҷанбаҳои устувории лоиҳаҳои шарикӣ ин дар муҳлати амали созишномаи шарикӣ манъ намудани хусусигардонии объектҳое маҳсуб меёбанд, ки дар моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» пешбинӣ шудаанд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба ҳимояи манфиатҳои шарикони хусусӣ ва давлатӣ, ҳавасмандкунии шарики хусусӣ ва кафолати ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, бартараф намудани хавфҳои сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми амалӣ намудани лоиҳаҳо тибқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавассути манъи хусусигардонии объекти шарикӣ дар давраи амали созишномаи шарикӣ равона шудааст.

Бо назардошти нукоти зикргардида, аз вакилони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоянд.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ҳимояи манфиатҳои шарикони хусусӣ, ки лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва хизматрасонии иҷтимоиро дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ менамоянд, таҳия шудааст.

Мувофиқи иловаи пешниҳодгардида дар давраи амали созишнома хусусӣ гардонидани  объектҳое, ки дар моддаи 8 ва қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» пешбинӣ шудаанд ва зери амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ қарор доранд, манъ карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда лоиҳаи қонунро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам вакилон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.

Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протоколи ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридот — ивазкунанда ва рушди содирот, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия шудааст.

Дар сархати якуми лоиҳа имтиёзҳои иловагӣ барои коркарди гандум ва таҳвили минбаъдаи гандум ва маҳсулоти аз гандум коркардшуда пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади таъмини корхонаҳои ордкашӣ бо гандум ва таъмини аҳолӣ бо орд ва маҳсулоти нонӣ зиёда аз панҷ сол мешавад, ки тибқи қонунгузории Буҷети давлатӣ барои солҳои дахлдор нисбати субъектҳое, ки ба воридот ва таҳвили гандум машғул мебошанд, меъёри имтиёзноки андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 10 фоиз муқаррар шудааст.

Дар сурати коркарди гандум ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти аввалияи он (орд) андозсупоранда уҳдадор аст, ки тибқи талаботи Кодекси амалкунанда андоз аз арзиши иловашударо бо меъёри 18 фоиз бо назардошти ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашудаи ҳангоми хариди гандум пардохтнамудааш (бо меъёри 10 фоиз) ба буҷет ҳисоб ва пардохт намояд. Яъне, андозсупоранда уҳдадор мешавад, ки 8 фоизи андоз аз арзиши иловашударо (18 фоиз – 10 фоиз) аз ҳисоби даромадҳои бо роҳи зиёдшавии нархи фурӯши маҳсулоти аз коркарди гандум бадастоварда ба буҷет пардохт намояд.

Раванди татбиқи амали муқаррароти мазкур нишон дод, ки субъектҳои ба воридоти гандум машғулбуда дидаву дониста, бо мақсади канораҷӯӣ аз ҳисоб ва пардохти андозҳо истеҳсоли ордро дар ҳисобот нишон надода, аз рӯи ҳуҷҷатҳои муҳосибию андоз гандуми воридшударо гӯё «бе коркарди минбаъда» ба аҳолӣ таҳвил намудаанд. Яъне, бо мақсади канорагирӣ аз пардохти андозҳо аксари субъектҳо аз ин имтиёзҳо суиистифода намуда, гандумро ба воситаи дигар андозсупорандагон ворид менамоянд ва ё ин ки дар ҳисоботи муҳосибӣ ва эъломия­ҳои андоз ин андозсупорандагон гӯё гандумро ба аҳолӣ таҳвил кардаанд.

Аз рӯи ҳисобҳои пешакии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ин омилҳо ба Буҷети давлатӣ дар солҳои 2013-2015 зиёда аз 250,0 млн. сомонӣ андоз ворид нагардидааст.

Бо ҳамин тариқ, қабули муқаррароти мазкур ҳам аҳамияти иҷтимоӣ ва ҳам аҳамияти иқтисодӣ дошта, ба пешгирии болоравии нархи гандум ва маҳсулоти коркарди он дар бозори дохилӣ, инчунин зиёдшавии манбаъҳои андозбандӣ мусоидат менамояд.

Сархати 2 — юми лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани дарахтҳо, гулу буттаҳо ва гулҳои ороишӣ, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, пешбинӣ шудааст.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми Агентии захираҳои моддии давлатиро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба инобат гирифта, онро мувофиқи мақсад меҳисобад, зеро дарахту гулу буттаҳои ороишии воридшаванда характери ғайритиҷоратӣ дошта, бо мақсади зебову гулгун намудани кишвари азизамон ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ворид карда мешаванд.

Сархати 3-юми лоиҳаи қонуни мазкур бекор кардани андоз аз фурӯши нахи пахта ва ба ивази он ҷорӣ намудани боҷи содиротиро барои нахи пахта пешбинӣ менамояд. Чунин амал ба рушди соҳаи саноати сабуки ватанӣ мусоидат намуда, ҳамчун дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ –корхонаҳои ресандагӣ ба ҳисоб меравад ва бевосита ба зиёд намудани ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Муқаррароти сархати мазкури лоиҳаи қонун ҷиҳати иҷрои банди 17 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 зикр гардидаанд, таҳия шудааст.

Дар сархати 4-уми лоиҳаи қонуни мазкур татбиқи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 5 фоиз барои муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои сохтмонию хӯроки умумӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 барои як қатор соҳаҳои иқтисодиёт меъёри мазкур пешбинӣ шуд.

Аз оғози соли ҷорӣ ин гурӯҳи андозсупорандагон ҳисоб ва пардохти ин андозро бо меъёри стандартӣ аз рӯи 18 фоиз ба роҳ мондаанд, ки он бевосита дар шароити имрӯзаи таъсири омилҳои беруна ба фаъолият ва вазъи молиявии онҳо таъсири манфӣ расонид.

Дар натиҷа, соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт, бахусус корхонаҳои сохтмонию хӯроки умумӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати ногувор қарор дош­та, зарурияти қабули қарорҳо ҷиҳати паст намудани таъсири омилҳои беруна ба ин соҳаҳо, аз ҷумла то ба итмом расидани тағйирёбии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба муҳлати муайян муқаррар намудани меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 5 фоиз ба миён омада, табдири саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

Сархати 5-уми лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади озод намудани таҳвилгарон ва пудратчиёни сохтмони НБО-и «Роғун» аз пардохти роялти барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ (рег, шағал, хок ва ғайра), бонусҳои обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ мебошад.

Муқаррароти сархати мазкур ҷиҳати иҷрои банди 17 ҷаласаи Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» таҳия карда шудааст.

Мехоҳам изҳори боварӣ намоям, ки дар шакли пешниҳодшуда қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, ҳамчун дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкории дохилӣ равона шуда, яке аз тадбирҳои зиддибуҳронӣ ҳисоб меёбад.

Аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2016 таҳти № 692 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар шароити идома ёфтани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ ва тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ ва воридотивазкунии онҳо буда, татбиқи имтиёзҳои иловагиро барои воридоти гандум ва маҳсулоти коркарди он, дарахтҳо, гулу буттаҳо ва гулҳои ороишӣ, бекор кардани андоз аз фурӯши нахи пахта ва ба ивази он ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ барои нахи пахта, истифодабарии меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 5 фоиз барои муассисаҳои таълимии хусусӣ, корхонаҳои сохтмонӣ ва хӯроки умумӣ, озод намудани таҳвилгарон ва пуд­ратчиёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз пардохти роялти барои истихроҷ, бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданоки маъмулӣ мебошад.

Тибқи лоиҳа ба моддаи 15-уми қонуни мазкур тағйиру иловаҳои зерин пешниҳод шудаанд:

- дар сархати 1 бо мақсади дастгирии соҳибкорони воридкунандаи гандум ва коркарди минбаъдаи он, муътадил нигоҳ доштани нархҳои бозории орд ва таъмини шаффофияти амалиёт оид ба маҳсулоти коркарди гандум на танҳо барои воридот ва таҳвили гандум, инчунин барои фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда меъёри 10 фоизаи андоз аз арзиши иловашуда татбиқ мешавад.

Ҳамзамон, барои дуруст ба роҳ мондани андозбандии амалиёти мазкур пешниҳод шудааст, ки баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби чунин соҳибкорон амалишаванда наметавонад аз 10 фоиз зиёд шавад.

- иловаи ба қисми 8 пешниҳодшуда барои имтиёзнок ворид намудани дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ободонӣ ва кабудизоркунӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашну маъракаҳои давлатӣ таҳия шудааст.

- барои дастгирии давлатӣ фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини сиёсати воридотивазкунӣ қисмҳои нави 11-13 илова карда мешаванд, ки тибқи онҳо:

- қисми 11 дар давраи боқимондаи соли 2016 андоз аз фурӯши нахи пахта бекор шуда, барои содироти он боҷи содиротӣ муқаррар мешавад. Яъне, коркардкунандагони дохилии нахи пахта аз пардохти ин намуди андоз озод шуда, барои содироткунандагони нахи пахта боҷи содиротӣ ба андозаи 10 фоиз муқаррар мешавад.

- иловаи қисми 12 барои корхонаҳои сохтмонӣ, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои хӯроки умумӣ меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 5 фоиз пешниҳод шудааст. Яъне, меъёри пасткардашудаи мазкур бар ивази меъёри стандартии 18-фоизаи андоз аз арзиши иловашуда, ки аз 1 январи соли 2016 тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин фаъолият муқаррар шудааст. Тибқи моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз 1 январи соли 2013 то 31 декабри соли 2015 барои амалиёти зикргардида меъёри пасткардашудаи 5-фоизаи андоз аз арзиши иловашуда истифода мешуд.

- тибқи қисми 13 иловашаванда барои таҳвилгарон ва пудратчиёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» озодкунии таҳвили маъданҳои фоиданоки маъмулӣ аз пардохти роялти барои истихроҷ, бонусҳои обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст, ки чунин озодкунӣ барои сарфа гардидани маблағҳои иншооти стратегии мазкур мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон 12 таклиф пешниҳод намуданд

Дар ҷаласаи васеи кумита 25 майи соли 2016  лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа, аз таклифу дархостҳои воридшуда 11-тоаш қабул ва 1-тоаш қисман қабул шуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ ёфтанд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Ба саволҳои вакилон Усмонзода Саидҷаъфар, Мирзоанвар Ахмедов, Абдуҳалим Ғаффоров, Зайнуддин Сафаров, Исмоилзода Зуфар муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Ҷабборов, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Соҳибҷон Зиядуллоев вобаста ба масъалаи мавриди  муҳокима қарордошта посух доданд.

РАИС: - Доир ба ин масъала кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

Ҷаббор АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ кардани имтиёзҳои андозбандӣ дар вазъияти номуътадили молиявӣ лоиқи дастгирист. Лоиҳаи қонун, пеш аз ҳама, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирии бахши хусусии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина, ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас равона шудааст.

Ҳамчун узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон илова карда шудани қисми 12 ба моддаи 15 — уми қонуни мазкурро дастгирӣ мекунам. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мазкур, ҳамчунин таклифи падарону модарон, омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, муассисаҳои ғайридавлатиро ба эътироф гирифта, лоиҳаи қонуни мазкурро пешниҳод намуд. Миқдори чунин муассисаҳо зиёд нестанд. Мутобиқи маълумоти соли хониши 2014 — 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 муассисаи томактабӣ бо 8658 ҷой, 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рӯзона, ҳафт муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва як мактаби олӣ вуҷуд доранд.

Меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 5 фоиз минбаъд барои дастгирии бахши хусусӣ дар ин соҳа мусоидат хоҳад намуд. Ҳар як муассисаи таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ зери назорати мақоми ваколатдори давлатӣ қарор дорад. Ин муассисаҳо бо сохторҳои худ, тарзу усули фаъолият, мавҷудияти кадрҳои баландихтисос рақобатнопазириро дар ин ҷода ба вуҷуд меоранд, ки яке аз омилҳои минбаъдаи пешрафти соҳа мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур чанд пешниҳод дорам.

Пеш аз ҳама, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд навигариҳои ҷоришавандаро ба эътибор гирад.

Ҳамчунон, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, ки имтиёзҳои дар лоиҳаи қонун пешбинишуда бояд дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2017 низ пешбинӣ гарданд. Аз вакилони гиромӣ хоҳиш дорам, ки лоиҳаи қонунро дастгирӣ намоянд.

НАЗИРӢ Гулбаҳор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ зикр намуда буданд: «Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ талаб менамояд, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус фароҳам  овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд».

Таҳия намудани лоиҳаи  қонуни мазкур дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар ҷараёни идома ёфтани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ ва тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ ва воридотивазкунии онҳо боз як бори дигар дастгирии ҳамаҷонибаро барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ собит месозад.

Аз номи як гурӯҳ соҳибкорони вилояти Суғд, роҳбарони мактабҳои хусусӣ оид ба  кам кардани меъёри андоз аз арзиши изофӣ унвонии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархос­ти интихобкунандагон зимни вохӯрӣ бо вакилон баён гардида буданд. Мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтани қонуни мазкур ба ҳалли ин масъала мусоидат хоҳад намуд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ҷонибдории қонуни мазкур овоз диҳед.

Латифзода Рустам Барот:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам!

Дар стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ шудааст. Ин нукта дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қайд гардид. Аз ҷумла, дар Паёми Сарвари давлат омадааст, ки барои истифодаи ҳар чӣ бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, як қатор имтиёзҳо пешбинӣ мешаванд. Бекор кардани андоз аз фурӯши нахи пахта, танзими андоз­бандии таҳвили гандум ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда дар дохили кишвар яке аз қадамҳои нав­батии Ҳукумати мамлакат дар самти рушди иқтисодиёт, саноатикунонии мамлакат ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда буда, аз тарафи дигар, бешак бо дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.

Ин иқдом имконият медиҳад, ки фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба эътидол оварда шавад. Чӣ тавре ки маълум аст, солҳои 80 — 90 — уми асри гузашта истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ то ба 1 млн. тонна расида буд. Он солҳо дар ҷумҳурӣ 16 корхонаи коркарди пахта фаъолият мекард.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 дар ҷумҳурӣ 105 корхонаи пахтатозакунӣ мавҷуд аст. Истеҳсоли пахта бошад, сол то сол кам гашта, соли 2015 он 276,1 ҳазор тоннаро ташкил дод. Аз ин миқдор танҳо 6 — 8 фоиз дар дохили кишвар коркард мешавад.

Аз ин лиҳоз, қобили дастгирӣ аст, ки имрӯз дар мамлакат корхонаи нави бофандагӣ бо иқтидори солонаи 52 ҳазор тонна ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матои пахтагин сохта мешавад ва тавассути қабули қонунҳо шароити мусоид ба фаъолияти корхонаҳои амалкунанда муҳайё мегардад.

Аз тарафи дигар, ин мусоидат ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз ҳама асосӣ дар стратегияи рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар қадами устувор барои ташкили давлати индустриалӣ, аграрӣ, чӣ тавре дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 муайян гардид, мебошад.

Аз вакилони гиромиқадр хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Рустам ҚУДРАТОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!

Ман чанд фикри худро вобаста ба моддаи 11 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар мавриди бекор намудани ҳисоб ва пардохти андоз аз фурӯш ва ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ барои нахи пахта баён кардан мехоҳам.

Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад, ки зиёда аз нуҳ ҳазор тоннаи он дар ҷумҳурӣ коркард мешавад. Умуман, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли охир нархи миёнаи нахи пахта 1300 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳисобҳо ҳар сол 90 ҳазор тонна пахта содирот мешавад, ки маблағи он баробари 120 млн. доллари ИМА мебошад.

Таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳанд, ки дар ҳолати пурра коркард намудани нахи пахта дар дохили мамлакат арзиши иловашудаи як тонна нах аз 1300 то ба 5800 доллари ИМА расиданаш мумкин аст. Агар мо пахтаи истеҳсолшударо пурра дар корхонаҳои ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ, яъне маҳсулоти тайёр коркард кунем, даромади умумӣ то 550 — 580 млн. доллари ИМА мерасад. Даромад ба буҷети мамлакат ҳам зиёд ва ҳазорҳо ҷойи кории нав пайдо мешаванд. Барои мисол, ҳар сол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 млн. ҷуфт ҷӯроб ворид карда мешавад, ҳол он ки мо ҳар сол 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мекунем.

Тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур ба истеҳсолкунандагони ватанӣ имтиёз медиҳад, ки он дар навбати худ барои тараққии соҳаи коркарди пахта ва таъмини устувори иқтисодиёти миллӣ шароити бештар фароҳам орад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки барои дастгирии лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ