Дар назди литсейи касбӣ-техникии №30 шаҳри Душанбе маркази захиравии омода кардани кадрҳои коргарӣ таъсис ёфт. Ин аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки дар заминаи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар кишвар амалӣ гардид. Ёздаҳуми майи соли ҷорӣ ба муносибати ифтитоҳи маркази мазкур ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Директори литсейи касбӣ-техникии №30 Сафаралӣ Нозимов ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайра мақдам ва тамоми ҳозиринро бо ин рӯйдоди фараҳбахш муборакбод гуфт. Сипас, дар назди ҳозирин мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳамид Нозимов, муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов ва директор оид ба маркетинги Гурӯҳи ширкатҳои ҶСК «Кнауф Маркетинг Душанбе» дар Осиёи Марказӣ Пропп Дмитрий Николаевич суханронӣ карда, таъсисёбии маркази захиравиро дар роҳи касбу ҳунаромӯзии ҷавонон самарабахш арзёбӣ карданд.
Хабарнигорамон аз Сафаралӣ Нозимов хоҳиш кард, ки роҷеъ ба фаъолияти маркази номбурда ибрози назар намояд.
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аз барномаи давлатии рушди муассисаҳои тарбияи кадрҳои коргарӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд : «Имрӯз зарур аст, ки заминаҳои моддиву техникӣ ва имкониятҳои кадрии ин муассисаҳо ба таври ҷиддӣ беҳтар карда шаванд ва бо дарназардошти он ки талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ мунтазам тағйир меёбад, бояд дар ин самт чораҳои саривақтиву муассир андешида шаванд».
Дар ин замина дар таълимгоҳи касбии мо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо таъсиси маркази номбурда мебошад. Он дар асоси Шартномаи тарафайн миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Кнауф Маркетинг Душанбе», ки соли 2008 бо мақсади таъсиси базаи таълимӣ –истеҳсолии омода кардани кадрҳои коргарӣ дар риштаи гаҷкорӣ аз масолеҳи бинокорӣ ба имзо расида буд, бунёд гардид. Мақсади асосӣ вобаста ба талаботи замон омода намудани мутахассисон ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо мебошад. Ин марказ ба сифати озмоишгоҳ фаъолият карда, дар он устоҳои таълимӣ ба ҷавонон ҳунари ороишгари сохтмониро меомӯзонанд. Аз ҳисоби ҶСК «Кнауф Маркетинг Душанбе» синфхонаҳои назариявӣ ва амалии марказ бо асбобу ашёи зарурӣ таъмин гардид.
Ҳамзамон зикр кардан бамаврид аст, ки аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси литсей озмоишгоҳи кандакорӣ дар чӯб ва дуредгарӣ таъсис ёфт. Ният дорем то соли нави хониш боз як озмоишгоҳи таълимии кафшергарии газию барқиро созмон диҳем. Инчунин бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди литсейи мо якчанд озмоишгоҳҳои таълимӣ — истеҳсолӣ бунёд меёбанд, ки ҳамаи ин ба омода кардани кадрҳои коргарии мувофиқ ба талаби замон такони ҷиддӣ мебахшад.
К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»