Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар суханронии хеш таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ҳалли масоили ҷавонон, таълиму тарбия, бахусус дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ҷалб менамояд. Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ҳам ҳалли масъалаҳои ҷавонон яке аз ҳадафҳои фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар як аҳли ҷомеа арзёбӣ гардид. Дар ин робита Президенти муҳтарам таъкид карданд: «Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф мо бояд, пеш аз ҳама, барои ҳар чӣ беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем.
Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд».
«Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи ҳамдигарро шинохтани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф нестем. Баръакс, мо ҷонибдори гуфтугӯйи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои Ғарбу Шарқ ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати худ мебошем. Маҳз, бо дарназардошти чунин воқеият, фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд».
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 апрели Соли 2013)
Воқеан, вақте имрӯз ба симои ҷавонон назар мекунед, мебинед, ки онҳо нисбат ба 20 соли пеш, яъне замони нооромиву мухолифатҳо, ба куллӣ дигар гаштааст. Онҳо ба ҳаёт бештар дилгарм шуда, мехоҳанд ғайрати ҷавонии хешро ба корҳои неку созандагӣ сарф намоянд. Комёбиҳои онҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, варзиш ва дигар ҷанбаҳои ҳаёт аз ин гувоҳӣ медиҳад. Таваҷҷуҳи як қисмати онҳо ба илму техника афзоиш ёфта, саъю талоши эшон баҳри аз бар кардани донишҳои замонавӣ моро ба ояндаи нек умедвор мегардонад.
Дар ин навишта мехостем оид ба масоиле андешаронӣ кунем, ки ҳамзамон ҷавонону наврасон бо онҳо рӯ ба рӯанд ва дар натиҷаи сари вақт ҳал нагардидан онҳо метавонанд ба мушкилот мувоҷеҳ шаванд.
Бигирем одобу ахлоқи наврасон ва ҷавонони имрӯзаро. Боиси таассуф аст, ки дар миёни онҳо кам нестанд шахсоне, ки рафтору гуфторашон боиси ташвишу нигаронӣ мебошад ва мо-калонсолон вазифадорем барои раҳнамоии онҳо ба роҳи рост бетарафиро ихтиёр накарда, баръакс кӯшиш кунему дар таълиму тарбияи онҳо саҳмгир бошем. Агар мо ин корро накунем ва ё фориғболӣ намоему аз уҳдааш набароем, бегонагон дар ин бобат «кумаки беғаразона» мекунанд, ки оқибатҳои он ногувортар хоҳад буд.
Мо худро мусулмон, ориёйӣ ва дорои фарҳангу маънавиёти бою ахлоқи ҳамида мегӯем, аммо бархеи мо рафтору гуфторамон на ба ин монанд асту на ба он. Мусулмон ва ё ориёйӣ дорои маданияти баланд, сирату сурати озода, гуфтори хуб, рафтори хуб ва монанди инҳост. Мутаассифона, имрӯз аз забони баъзеи мо «шакар» мерезад. Бисёр дағал муомила мекунем, тоқати баҳс надорем, таҳаммулпазир нестем, дашномҳои қабеҳ, дурӯғу ғайбат, бадмастӣ, фоҳишагӣ бархеро одати доимӣ гаштааст, ки ҳамаи ин барои мо — тоҷикон зебанда нест.
Мо тақлидкор шудаем. На ба амалҳои нек, корҳои хуб, балки ба амалҳои бадахлоқӣ, бефарҳангӣ тақлид мекунем…
Дар бораи тақлид ва қабули фарҳанги Ғарб, тарзи либоспӯшӣ, рафтору зиндагии ғарбиён (ҷиҳатҳои манфиаш дар назар дошта шудааст) мунтазам дар матбуот мақолаҳо чоп мешаванд ва онҳоро боз ҳамонҳое мехонанд, ки воқеан ба чунин амалҳо нафрат доранд ва худ онро раво намебинанд. Аммо онҳое, ки шефтаи фарҳанги бегонаанд, на парвои мақола доранд, на парвои насиҳат ва на парвои ин ҷамъият. Мутаассифона, ба касофати чунин шахсони «пешрафта», бисёр одатҳои бад ба ҳаёти мо ворид мешавад.
Дар ҷомеаи мо бахусус таъсири телевизион ва кино, телефонҳои мобилӣ (бо вуҷуди хубиҳо ва паҳлуҳои мусбаташон) хеле бузург аст. Имрӯз силсилафилмҳои хориҷӣ ва на танҳо хориҷӣ, чунон моро «тарбия» кардаанд, ки бархе аз занону духтарони боиффату дар ҳусну ҷамол шуҳратёри тоҷик низ барои ба ваҷд овардани мардон баданҳои худро бо шаклу усулҳои муди охир намоиш медиҳанд. Ин намоишҳо пардаи шарму ҳаёро аз одам дур мекунад.
Вақте ин навиштаҳо рӯйи коғаз меомаданд, хаста, ки шуда будам, хостам тирезаро кушода, каме аз ҳавои тоза нафас гирифта, аз тамошои табиати сабзу хуррами атрофи идора баҳраманд шавам. Мутаассифона, манзараеро дидам, ки хотирам боз ҳам мушавваш ва қалбам дардноктар шуд. Рӯйи сабзаҳои наврустаи тоза ду навҷавон дар оғӯши якдигар «ишқварзӣ» мекарданд. Аз онҳо дуртар ду ҳайвони вафодор низ ба чунин кор машғул буданд…
Фарқ миёни ҳайвону одамӣ дар чист?
Дар он ки Худованд ба инсон ақл ва ҳиссиёти одамӣ додааст, аммо бархе ин неъмати худододро аз даст дода, рафтори хешро чун ҳайвон оростаанд ва шарм ҳам намедоранд. Вой бар ҳоли чунин махлуқи олӣ. Баъд калла мекафонем, ки ин СПИД аз куҷо пайдо шуд, чаро ҷавонони мо нашъаманданд?
Чанд даҳсола пеш аз телевизион наворҳоеро аз кишварҳои Африқо пахш мекарданд, ки одамони пусту устухонгашта марги худро интизорӣ мекашанд. Онҳо нахустин гирифторони бемории СПИД буданд. Паҳнкунандагони ин беморӣ акнун маҷрои ин селро равона карда буданд ва медонистанд, ки ин иллат бисёр ҷойҳоро фаро мегирад. Муайян гардид, ки сабаби асосии гирифторӣ ба чунин беморӣ рафторҳои ғайриинсонӣ (шаҳватрониҳои ҳайвонона ва ахлоқи бад) будааст. Инро инсонҳо фаҳмида, бар ивази он ки барои тарбияи одамон дар рӯҳияи ахлоқу одоби ҳамида бикӯшанд ва пеши роҳи бадахлоқиро бигиранд, баръакс, бепарвоӣ карданд. Африқо куҷою мо куҷо, мардуми мо ҳеҷ гоҳ ба чунин аъмоли зишт даст намезанад! Мо ғофил аз он, ки гурӯҳҳое аз доираҳои ҷаҳонхоҳон ва беимонон баҳри ҳадафҳои нопоки худ тавассути барномаҳои фасодашон ахлоқи аҳли ҷомеаро вайрон карданианд. Инак, тавре мебинем, нақшаҳои шуми онҳо амалӣ гаштааст. «СПИД»-ро бедор карданду чун оби дарёву баҳрҳо ба ҳама ҷо равон намуданд. Ин маҷро оҳиста-оҳиста ба кишвари абарқудрати онвақтаи мо-СССР низ расид. Дар ҳама ҷо ташкилотҳои нави мубориза алайҳи СПИД ифтитоҳ ёфтанд. Садҳо, ҳазорон нафар аъзои ин ташкилот, ба фаъолияти «башардӯстона» сар карданд. Ин ташкилотҳо соҳиби маблағҳои калон гашта, муборизаро ба муқобили СПИД вусъат доданд. Семинарҳо, брифингҳо, конфронсҳо (албатта, бо кофе-брейкҳо) созмон дода, огоҳномаю варақаҳо ба нашр расидаву паҳн мешуданд.
Аҷиб?! Магар чунин тадбирҳо ва тарғибҳо пеши роҳи паҳншавии бемориро гирифт? На танҳо нагирифт, балки боиси боз ҳам васеъ паҳн шудани иллат гардид. Дар муқобили тадбирҳои пешгирии ин беморӣ ҳамзамон аз ҷониби баъзе мубаллиғони хориҷӣ барномаҳои махсуси тарғибу ташвиқи ахлоқи бади инсонӣ тариқи телевизион, видео, матбуот кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд ва ҳоло ҳам ин талқину тарғибҳо идома доранд ва дар натиҷа на танҳо бемории СПИД пешгирӣ намешавад, балки ба ҷараёни он «роҳи сафед» кушода шудааст. Ҳамаи, ин пеш аз ҳама, ба заиф гардонидани неруи асосии пешбарандаи ҷомеа- ҷавонон равона шудааст.
Барои ҷавонони зери таъсири фарҳанг ва одобу ахлоқи бегонамонда мафҳуми ватандӯстӣ, ғурури миллӣ, инсофу адолат ва монанди инҳо бегона аст. Илова бар ин, тавассути телевизионҳо ва видео намоишҳое пахш мешаванд, ки ҷавононро бешарму ҳаё мегардонад (Ин ҷо, албатта, на ҳама намоишу барномаҳо дар назар аст). Бигирем филмҳои ҳиндиро, ки ба хурду калон писанд аст. Калонсолон ёд доранд, филмҳои ҳиндие, ки замони шӯравӣ манзури тамошобинон мегардид, бисёр ҷолибу пуртаъсир буданд. Идеяи асосии он филмҳо мубориза байни ҳаққу ботил, ҷавонмардию ватанпарастӣ, ишқу муҳаббати пок буд. Дар тамоми рафти филм ҳатто бӯса кардани дилдодаҳоро намоиш намедоданд. Ҳоло чӣ? Амалиёти ҳунарпешагони Боливуд аз ҳунарпешагони Голливуд фарқе надорад. Аз сар то ба охир рақсу бозиҳои девонавор, амалҳо ва гуфторҳои беҳаёёна. Ба наздикӣ ҳангоми фароғат лаҳзае ба филми ҳиндие таваҷҷӯҳ кардам. Вақте зане худро орову торо дода ба хона ворид мешавад, писари вай, ҷавони ба камол расида, ки ҳамроҳи духтараке он ҷо суҳбат мекарданд, ба истиқболи модараш меравад ва салом дода, мегӯяд: «Вы выглядите очень сексуально»!..
Баъди тамошои чунин наворҳо рӯзе ҷавони тоҷики мо низ ба модараш ё хоҳараш чунин суханҳои «нарму ширин»-ро тақдим мекунад! (Худо паноҳ дорад). Ин чизҳои нозук аст. Шояд баъзе нафарони пешрафта (цивилизованный) гӯянд, ки нависандаи ин сатрҳо ақибмонда аст. Ман ба ин нафари арҷманд мегӯям, ки кӯр-кӯронаву тақлидкунон ба пеш рафтан ин нишонаи сивилизатсия нест. Дар муносибат бо фарҳангҳои дигар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш мушаххас таъкид карданд: «Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи ҳамдигарро шинохтани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф нестем. Баръакс, мо ҷонибдори гуфтугӯйи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои Ғарбу Шарқ ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати худ мебошем. Маҳз, бо дарназардошти чунин воқеият, фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд».
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- лейтенанти милитсия Р. Раҳимов зимни вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни мактабҳои олии вилояти Суғд, ки 30 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд доир гардида буд, аз ҷумла чунин рақамҳоро баён кард:
«Дар ҷумҳурӣ аз соли 1991 то имрӯз 4674 ҳолати гирифтори вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуда, айни ҳол 3910 нафар гирифторони ин намуди вирус (ВНМО) дар қайди ҳаёт қарор доранд, ки аз инҳо 1375 нафарашонро ноболиғону ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар ду даҳсолаи охир аз ҳисоби сироятшудагон 764 нафар ҷони худро аз даст доданд.
То соли 2012 дар миқёси ҷумҳурӣ 7231 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз инҳо 1575 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин шумораи майзадагони ба қайдгирифта 9681 нафар буда, 405 нафарашон ҷавононанд.
Падидаи дигаре, ки боиси ташвиши аъзои ҷомеа гардидааст, ин даст задани занону духтарон ба ҷиноятҳои зиддиахлоқӣ мебошад. Чунин рафтору муносибати бадахлоқонаи онҳо агар аз як тараф сабаби паст задани шаъну шараф ва беобрӯйӣ гардад, аз ҷониби дигар сабаби хонавайронӣ ва гирифторӣ ба ҳар гуна касалиҳои сирояткунанда мегардад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 1303 нафар занони фоҳиша ба қайд гирифта шудаанд, ки 132 нафари онҳо ноболиғ буда, 860 нафарашонро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд» (сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.vkd.tj).
Далелу рақамҳои зикргардида шаҳодати бадахлоқӣ, бетарбиягӣ ва нодида гирифтани подоши аъмоли бад аст. Ин рақамҳо бояд ҳар як фарди соҳибақлро ба андеша водор созад. Ин амалҳо оқибат пушаймонӣ ва бадбахтӣ меорад. Барои пешгирӣ ва барҳам задани одатҳои бад мо анъанаву суннатҳои неке дорем, ки эҳё ва риояи онҳо боиси рушди ҷомеа ва сарбаландиамон мегардад. Тоҷикон, умуман халқҳои мусулмон, аз дигарон дида воситаҳои хубтари тарбияи ахлоқӣ доранд. Дини поки мо, бузургони илму адабу ирфони мо дар ҳама асрҳо моро ба роҳи рост, рӯзгори солим, риояи одобу алоқи ҳамидаи инсонӣ талқин кардаанд ва мекунанд. Паёмбар Муҳаммад (С) мефармоянд: «Беҳтарини Шумо касонеанд, ки ахлоқашон накутар аст».
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои асосии ба амалу кирдорҳои номатлуб даст задани ҷавонон сатҳи пасти тарбия дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст ва он волидонро вазифадор месозад, ки дар тарбияи фарзанд масъулият эҳсос карда, ин вазифаро сидқан ба ҷо оранд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»