9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 49-уми Шӯрои электроэнергетикҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Беларус, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ширкати давлатии шабакаҳои энергетикии Ҷумҳурии Халқии Хитой ширкат доштанд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва президенти Шӯрои электроэнергетикҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вазири энергетикаи Федератсияи Россия Александр Новак суханронӣ намуданд.
Рушди соҳаи энргетикаи кишварҳои мустақили дорои манфиати муштарак, аз ҷумла кам кардани талафоти неруи барқ, муҳокимаи лоиҳаи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми ба истифода додани таҷҳизоти барқӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳа, ҳамкории Шӯрои электроэнергетикҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Комиссияи иқтисодии АвроОсиё, тайёрии энергетикҳо ба тирамоҳу зимистони оянда дар ҷаласа баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Нозир ЁДГОРӢ, котиби матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»