Тирамоҳи соли 1986 ба осоишгоҳи «Гурзуф»-и Кумитаи Марказии ВЛСКМ роҳхат доштаму дар тайёра бо Ҳофизи халқии Тоҷикистон, шодравон Одина Ҳошим ҳамсафар шудем. Чун он замон дар Кумитаи давлатии оид ба телевизион ва радиошунавонии кишвар ифои вазифа доштам, бо Одина Ҳошим борҳо ҳамсуҳбат шуда, шиноси қарин будем. Маълум шуд, ки номбурда ба ҳамсояосоишгоҳи «Гурзуф»- «Феодосия» роҳхат доштааст. Суҳбатамон қур гирифту Одина Ҳошим гуфт:
-Бачае, ки як – ду ғазал аз ашъори Ҳофиз, Саъдӣ ва Бедилу Соиб аз ёд медонад, ба кори бад даст намезанад. Агар ӯ ба умқи маънии ашъор сарфаҳм раваду суруд ҳам хонда тавонад, ҳеҷ гоҳ аз ӯ инсони бадахлоқ намебарояд.
Дар замони шӯравӣ дарсҳои суруд, таълими меҳнат ва варзишро дуюмдараҷаю сеюмдараҷа ҳисобида, ба беҳтар кардани сифат чандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намешуд. Шукри Истиқлолияти давлатӣ ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз санъат, меҳнат ва варзиш дар мамлакат рушд ёфта, муносибати сарварони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ин масъала беҳтар гардидааст.
Бо ибтикори Сарвари давлатамон «Шашмақом» ҳамчун ганҷинаи бешойибаи санъати миллии тоҷик мақоми давлатиро соҳиб ва чанде қабл ба ин санаи таърихӣ 16 сол пур шуд. Дар Истаравшан таваҷҷуҳ ба мусиқии суннатии тоҷик -«Шашмақом» ҳамеша мавҷуд буд ва дар саргаҳи он Мулло Абдулқодири Ҳофиз ва фарзандони ӯ -Расул ва Мавлон Қодириҳо, Ҳофизони халқии Тоҷикистон Саъдулло Азизбоев ва Наимҷон Маҳкамов, сарояндаи мумтоз Гадойбой Абдуллоев, Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ бародарон Шоҳсалим ва Тошбой Муҳаббатовҳо, Ҳабиб Почокалонов, Шарифҷон Сангинов, Мирзо Бобоёров, Хуршед Абдураҳмонов қарор дошта, даҳҳо шогирдро тарбият кардаанд.
Чанде пеш ба муносибати «Рӯзи Шашмақом» дар гимназияи рақами 4- уми шаҳри Истаравшан чорабинӣ доир шуд. Тамошобинони зиёд бештар аз ду соат сурудҳои классикиро, ба монанди «Савти муноҷот», «Қашқарчаи савти наво», «Соқиномаи савти калон», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Уфари Ироқи Бухоро» ва ғайра бар ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ гӯш карданд.
Ин барномаи консертӣ собит сохт, ки агар омӯзгорон камари ҳимматро маҳкам банданд, мактабиёну тамошобинони имрӯза ба қадри фарҳанги асил, албатта, хоҳанд расид.
Пештоқи саҳнаи бузургро гуфтаҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Шашмақом — ганҷи бебаҳои миллат» оро медод.
- Ба наздикӣ ба таъсиси маҳфили мақомхонони мактабамон 18 сол пур хоҳад шуд. Ин маҳфил бо кӯшиши сарвари собиқи дабистон Матлуба Мухторова замоне таъсис ёфт, ки аксари зимомдорони давр ба ин ганҷинаи бебаҳои миллат назари мусбат надоштанд. Роҳбарияти имрӯзаи дабистон барои омӯзиши мусиқии суннатии тоҷик ҳама шароитро муҳайё кардааст, — гуфт зимни суҳбат омӯзгори дараҷаи олӣ Фурқатҷон Шарифов.
Дастаи мазкур соли аввали таъсисёбӣ аз 18 нафар хонандаи синфҳои болоӣ иборат буд. Сипас, ин шумора ба 30 нафар расид. Ҳоло ба гурӯҳи мақомхонони гимназия зиёда аз 100 нафар шомиланд. Аксарияти аъзои даста аллакай сарояндагони касбӣ шудаанд.
- Аъзои маҳфили мақомхонони мактаб дар шумули аълохонон қарор доранд. Яъне, мактаб аз 980 нафар шумораи умумии хонанда зиёда аз 500 нафар аълохон дорад, ки аз ин шумора 134 нафараш мақомхонон буда, боқимонда аъзои маҳфилҳои «Шеъру суруд», «Забони тоҷикӣ», «Забони русӣ», «Забони англисӣ», «Касбу ҳунар» мебошанд.
- Хонандае, ки машғули омӯзиши санъат, ҳунарҳои зебо, хоса шеъру суруд аст, ба кори беҳуда даст намезанад. Ин нуктаро фаъолияти шогирдони ин дабистон ба маънои томаш собит месозанд, — мегӯяд сарвари гимназияи №4- уми шаҳри Истаравшан Баҳром Пиримқулов.
Бояд зикр кард, ки номбурда аз ҷавонтарин сарварони дабистон дар шаҳри Истаравшан ба ҳисоб рафта, ҳамагӣ 33 сол дорад ва 6 сол аст сарвари муассисаи мазкур мебошад. Ӯ бобати гирдоварии омӯзгорони соҳибкасб аз шумули ҷавонон ба дабистон, беҳбудӣ бахшидани сифати таълим корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст. Дар мактаб вобаста ба давомоти хонандагон ҳар рӯз ба волидайнашон паёмакҳои телефонӣ ирсол мешавад.
Изҳори умед менамоем, ки хонандагоне, ки дар гимназияи мазкур машғули омӯзиши «Шашмақом» ҳастанд, дар оянда беҳтарин мақомхонҳои кишвар хоҳанд шуд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»