Ба Ғудара оби нӯшокӣ меояд
Аз масофаи 5878 метр, яъне аз чашмаи Сафедхатс ба деҳаи Ғудара хатти оби нӯшокӣ кашида мешавад. Корҳои сохтмонии хатти оби нӯшокии деҳаи Ғудараи водии Бартангро фирмаи «Мулк -1»-и ноҳияи Рӯшон бо дастгирии ташкилоти МСДСП-и Хазинаи Оғохон ва кумаки молиявии давлати Финландия амалӣ месозад. Ба ин хотир 282 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
- Корро дар шароити ниҳоят мушкил, ба таври дастӣ анҷом медиҳем, — мегӯяд сарвари фирмаи «Мулк -1» Мулкабек Сафарбеков. Аз байни харсангҳо, талу теппаҳо қубури пластикиро гузаронда, то ба деҳа хоҳем расонд. Ният дорем, ки корҳои сохтмониро то 27 июн анҷом диҳем. Баъди анҷом додани корҳои сохтмонӣ 12 нуқтаи оби нӯшокӣ дар хизмати мардум қарор мегирад ва деҳаи Ғудара бо оби нӯшокӣ пурра таъмин мешавад.
Савноб бо барқи доимӣ таъмин мешавад
Масъалаи таъмини аҳолии Бартанги боло бо неруи барқ яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ин хотир бинои неругоҳи хурди барқи обии деҳаи Савноб аз ҷониби Ширкати барқи «Помирэнерҷи» аз нав сохта шуд. Ҳамчунин, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой генератори нави 100 кВт оварда, насб кардаанд.
- Барои ба таври пурра кор кардани неругоҳ, — гуфт корманди Ширкати барқи «Помирэнерҷи» Амирхон Раҳимов, — тасмим гирифтем, ки симчӯб ва ноқилҳои барқиро аз нав кашида, дар хонаҳои шаҳрвандон ҳисобкунакҳои барқӣ насб намоем. Бо насби таҷҳизоти нав неругоҳ дар фаслҳои зимистону тобистон, новобаста аз кам шудани оби чашмаи Савноб, 100 кВт қувваи барқ истеҳсол менамояд. Барои таъмир ва аз нав сохтани неругоҳ беш аз ду миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд.
Алҳол сохтмончиён кӯшиш намуда истодаанд, ки дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ неруи барқро ба деҳаи Савноб интиқол диҳанд.
Неругоҳи дигар бо иқтидори 120 кВт дар деҳаи Пасори деҳоти «Савноб» сохта мешавад ва сохтмони онро МСДСП-и Хазинаи Оғохон маблағгузорӣ мекунад. Алҳол аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба маблағи 43 ҳазор доллари амрикоӣ генератор харида овардаанд. Барои сохтмони бино, таъмири канал ва қубурҳои обгузари неругоҳ 242 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.
- Неругоҳ дар рӯзи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба кор андохта мешавад. Баробари ба кор даромадани неругоҳ деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудараи деҳоти «Савноб» пурра бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
Мамадалӣ Бахтиёров, ноҳияи Рӯшон