Миёни хоҷагиҳои деҳқонии навоҳии минтақаи Кӯлоб, ки дар майдони 1221 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд, деҳқонони ноҳияҳои Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешсафанд.
Айни ҳол деҳқонони минтақа дар майдони 488 гектар ҷуворимакка, 143 гектар шолӣ, 18 гектар пахта, 169 гектар сабзавот кишт кардаанд, ки дар маҷмӯъ 9 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад. Аз 2132 гектар нақшаи дурнамои кишти такрории шолӣ дар минтақа 1119 гектар ё 50 дарсади он марбут ба шоликорони ноҳияи Фархор аст.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»