Ба истиқболи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80 — солагии ШСХК «Барқи Тоҷик» китоби энергетики касбӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Аслиддин Назарзода бо унвони «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи энергетика» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шуд.
«Хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари сулҳофариниву ваҳдатсозӣ, инчунин ҳамчун муаллиф ва ҳидоятбахши барномаҳое, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар боис гардидаанд ва мегарданд, хеле дурандешона ва манфиатбахшанд. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика низ», — қайд шудааст дар муқаддимаи китоб.
Дар китоб доир ба талошҳои Сарвари давлат ҷиҳати қатъ нагардидани корҳо дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Помир-1» ва новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва барои ҳаёти ӯ хатарнок шахсан дар ифтитоҳи расмии ба кор оғоз намудани навбати якуми ин неругоҳ бо тавоноии 14 000 кВт, ки 26 марти соли 1994 баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намудани Эмомалӣ Раҳмон, гуфтушунидҳо дар бобати бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва дигар паҳлуҳои соҳа дар солҳои истиқлолият сухан меравад. Дар баробари ин, аксҳои Сарвари давлат ҳангоми сафарҳои корӣ ва ифтитоҳи иншооти энергетикӣ дар китоб ҷой дода шудааст.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки нашри ин китоб бо теъдоди 2000 нусха туҳфаи хубест ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва аз он мутахассисони соҳа, таърихнигорон ва донишҷӯён метавонанд маълумоти зиёд дастрас намоянд.
Нозир ЁДГОРӢ, сардори Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»