Соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт ва аз ин ҷост, ки ба рушди он таваҷҷуҳи зиёд равона мегардад. Айни замон талабот ба таҳсилоти босифати рақобатпазир ислоҳоти низоми таҳсилотро тақозо менамояд.
Ба ҳамин мақсад, Ҳукумати кишвар дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳоти соҳа силсилаи чорабиниҳоро амалӣ намуда истодааст. Яке аз онҳо қабули «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» мебошад.
Мақоми олии қонунгузори мамлакат ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва муҳокимаи парламентӣ «Оид ба рафти иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008- 2015», ки 14 июни соли ҷорӣ баргузор гардид, шаҳодати он аст.
Муҳокимаи парламентиро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова оғоз бахшида, гуфт, ки бо назардошти муҳим будани масъала дар он вазирони маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дигар, ҳамчунин ректорони мактабҳои олии кишвар ҳузур доранд.
Дар робита ба ин масъала муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилзода гузориш дода, аз ҷумла, гуфт:
- Барнома дар асоси «Нақшаи чорабиниҳо оид ба супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2005, ки дар маҷлиси машваратӣ доир ба вазъи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, №484 тасдиқ гардидааст ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007 таҳия шудааст.
Барои омода намудани муҳокима Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон нақшаи корӣ тартиб дода, барои баррасии масъала дар ҳайати вакилон, олимон ва мутахассисони беҳтарини соҳа гурӯҳҳои корӣ созмон дод. Гурӯҳҳо имкон доштанд бо фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ аз наздик шинос гардида, бо устодон, таълимгирандагон суҳбату мулоқот анҷом диҳанд ва назарпурсиҳо гузаронанд.
Мақсади асосии Барнома аз такмили низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ, беҳтар кардани сифати тайёр намудани мутахассисон иборат буда, вазифаҳои асосии он таъмин ва дастрас намудани таҳсилоти босифат барои табақаҳои аҳолӣ, такмил додани меъёрҳои ҳуқуқии низоми миллии таҳсилоти касбӣ, татбиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва принсипҳои рушди мунтазам, таҷдиди сохтори низоми таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, ҳамгироӣ бо фазои ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ, фароҳам овардани муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилоти касбӣ, ташкил кардани низоми миллии баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти касбӣ мебошад.
Барои амалӣ шудани Барнома маблағи махсус аз Буҷети давлатӣ ҷудо нагардидааст, яъне он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ки барои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳар сол ҷудо мегардад, амалӣ шуд. Хароҷоти асосии татбиқи Барнома аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ сурат гирифт. Ҳаҷми ин хароҷот барои татбиқи Барнома 2698784000 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф дар солҳои 2008-2015 дар маҷмӯъ 13238860 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Аз ҷумла, барои татбиқи Барномаи мазкур аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар ин давра дар дохили сметаҳои ҳарсола пешбинӣ ва тасдиқгардидаи зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба андозаи 2962669 ҳазор сомонӣ (109 фоиз) маблағгузорӣ шудааст, ки 109 фоизи нақшаро ташкил менамояд.
Дар доираи иҷрои банди дахлдори «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008- 2015» санадҳои дахлдори меъёриву ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №126), Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №385) ва Низомномаи намунавии низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Саҳми мақоми олии қонунгузори мамлакатро низ дар ин ҷода махсус қайд намудан бамаврид аст. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (дар таҳрири нав), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ баррасӣ ва қабул гардиданд.
Рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Барнома дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар якчанд муассисаи таълимӣ, аз қабили Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифт. Таҳлил нишон дод, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли Нақшаи таълимӣ аз рӯи фанҳо, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст ва нақшаҳои таълимии омӯзгорон роҳандозӣ гардидаанд. Дар доираи Барнома коллеҷҳо ба низоми кредитии таҳсил гузашта истодаанд, литсейҳо тибқи низоми анъанавии таҳсил фаъолият доранд.
Дар соли қабули Барнома (соли 2007) низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 119 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 71 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ (ТИК) ва 48 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (ТМК)-ро фаро гирифта, теъдоди умумии хонандагон ва донишҷӯён дар онҳо 55,9 ҳазор нафарро ташкил мекард. Ҳайати таълимгирандагони муассисаҳои ин соҳа соли 2007 нисбат ба соли 2000 наздик ба 1000 нафар кам гардида буд. Соли 2015 аз рӯи ҳисоботи оморӣ шумораи муассисаҳои ТИК ба 62 адад кам шуда, теъдоди хонандагон қариб бетағйир боқӣ мондааст.
Баръакси ин ҳолат, нишондодҳои соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳам дар миқдори муассисаҳои таълимӣ (аз 52 ба 60) ва ҳам дар шумораи таълимгирандагон (аз 34000 нафар наздик ба 60000 нафар) боло рафт, ки талаботи рӯзафзуни ҷомеаро ба кадрҳои ин соҳа нишон медиҳад.
Таҳлили танҳо худи ҳамин ҳолат далели он аст, ки зарурати ба талаботи замони муосир ҳамгиро намудани ТИК ба миён омадааст. Имрӯз, мутаассифона, он ҷойгоҳи худро тадриҷан ба зинаҳои дигари таҳсилот вогузоштааст. Мебояд перомуни ислоҳоти ин соҳа андеша кард, чун он заминаи қавии моддӣ-техникиро дорост ва бояд ба нафъи ҷомеа истифода гардад.
Таҳсилоти миёнаи касбӣ бошад, тадриҷан рушд мекунад ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва чанд барномаю санади меъёрии ҳуқуқӣ ба он мусоидат менамоянд.
Таҳлили рушди низоми таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии мамлакатҳои тараққикарда гувоҳӣ медиҳад, ки намунаи мутараққии паҳншуда ва эътирофгардида дар ҷаҳони муосир намунаи сезинагии тайёр кардани кадрҳо: бакалавриат, магистратура ва докторантура мебошад. Намунаи мазкур дар асоси низоми кредитии таҳсилот ба вуҷуд омада, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва аксари мамолики Аврупо васеъ истифода шуда, хеле зудҳаракат ва самаранок мебошад. Хатмкунандагони он дар бозори меҳнат рақобатпазиранд.
Таҳлилу омӯзиши мо дар доираи шиносоӣ бо фаъолияти ҳашт муассисаи таълимии таҳсилоти олии кишвар нишон дод, ки дар асоси Барномаи мазкур зина ба зина ва аз оғози соли таҳсили 2015-2016 ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба низоми кредитии таҳсил гузаронида шуданд. Ҳоло дар аксар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ низоми бисёрзинагии таълим – бакалавр (1), магистр (2) ва доктор Phd, доктори фалсафа, доктор аз рӯи ихтисос (3) амал мекунад.
Барои гузаштан ба ин низом кори зиёд амалӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳо низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ шудааст, ки принсипҳои асосии ин низом аз мутобиқат бо ҳама гуна низоми таҳсилоти миллӣ, қобили татбиқ будан барои ҳама намуди барнома ва шаклҳои таҳсилоти олӣ (рӯзона, ғоибона), имконпазирии гузаронидани кредитҳо аз як муассисаи олии таълимӣ ба дигар муассисаи олии таълимӣ, мутобиқати замимаи дипломҳои миллӣ бо транскрипти умумиевропоӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилот тавассути истифодаи технологияи кредитии таълим иборат аст.
Мутаассифона, Низомномаи намунавии низоми кредитии таҳсилот на дар ҳама муассиса риоя мегардад. Масалан, мувофиқи низомнома бояд дар ҳар 8 ҳафта (охири моҳҳои октябр, декабр (семестри тирамоҳӣ), март ва май (семестри баҳорӣ)) ба донишҷӯ баҳои рейтингии 1 ва 2 монда шавад, аммо дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ин талабот барои ҳар ҳафтаи дарс муайян шудааст, яъне муаллимон ҳар ҳафта бояд ба донишҷӯ баҳо гузоранд, ки ин номувофиқатиро дар низом ба вуҷуд овардааст. Пешниҳод мегардад низоми худташкили баҳогузории донишҷӯ бо номи «ҳавасмандгардонии ҳарҳафтаина», ки маълум нест он омили ҳавасмандгардонии омӯзгор аст ё таълимгиранда, аз байн бардошта шавад. Аз тарафи дигар, ҳама гуна тағйире, ки ба низом ворид карда мешавад, бояд дар заминаи мавҷудаи ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардад.
Масъалаи дигар ба воситаи Маркази тестӣ ба роҳ мондани қабули рейтингу имтиҳонҳост, ки албатта, ин тарзи қабули санҷишҳо омили пешгирии коррупсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мебошад, вале таҷриба нишон медиҳад, ки он имконияти таваккалӣ пур кардани тестҳо ё ба даст овардани калиди тестҳоро фароҳам меорад, яъне ин тарзи қабули санҷишҳо низ мукаммал нест. Иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён низ боиси нигаронӣ мебошад, зеро дар вақти қабули санҷишҳо дар маркази тестӣ холҳои аз иҷрои корҳои мустақилона бадастовардашуда нақши ҳалкунанда намебозанд. Иҷрои кори мустақилонаи донишҷӯ бо омӯзгор ба талабот ҷавобгӯ ба роҳ монда нашудааст, чунки бинобар маблағгузорӣ нагардидани ин соатҳо, иҷрои онҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Соатҳои дарсии фанҳо, махсусан дарсҳои амалӣ кам шудаанд, вале барои гирифтани дониши ба талабот ҷавобгӯ ва дар асоси Силлабусҳо аз худ намудани мавзӯъҳои пешниҳодшуда ҳатмӣ мебошад.
Магистратура зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ буда, ба он баъди хатми зинаи бакалавр донишҷӯён фаро гирифта мешаванд. Дар аксар муасисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи ин зинаи таҳсилоти олии касбӣ кадрҳо тайёр мешаванд. Муҳлати таҳсил дар ин зина ду солро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб аз рӯи ихтисосҳое, ки дар магистратура омода мешаванд, стандартҳои давлатӣ омода шуда, амал мекунанд.
Дар ин зинаи таҳсилот ҳам аз тариқи буҷет ва ҳам аз тариқи шартнома магистрантҳо таҳсил мекунанд. Қабул ба ин зинаи таҳсил ба уҳдаи худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ вогузор шудааст. Муаммо дар он аст, ки меъёри ягонаи қабул, яъне, кӣ бояд дар гурӯҳи буҷетӣ ва кӣ дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил намояд, мушаххас нест. Донишҷӯёне, ки зинаи бакалаврро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд, агар ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии дигар барои таҳсил дар зинаи магистратура ҳуҷҷат супоранд, аксаран ба гурӯҳи шартномавӣ қабул мешаванд. Ҳолатҳое низ мавҷуд аст, ки нафари бакалавриатро бо баҳои миёна ва хуб хатмкарда ба гурӯҳи буҷетӣ дар магистратура қабул шудааст. Инчунин, миқдори маблағи шартномавии таҳсил дар зинаи магистратура аз рӯи як ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гуногун мебошад.
Ҳангоми омӯзиши масъалаи амалӣ намудани Барнома дар муассисаҳои алоҳида бо таҷрибаҳои шоёне рӯ ба рӯ гардидем, ки боиси дастгирии ҳаматарафа мебошад. Аз ҷумла иқдоми хуберо дар Донишгоҳи технологӣ мушоҳида намудем, ки барои арзёбии сифати таҳсилот, ки яке аз ҳадафҳои Барнома мебошад, «Консепсияи татбиқи намунаи сифати таҳсилот, рақобатпазиргардонӣ ва рушди инноватсионии донишгоҳ барои солҳои 2012-2020»-ро қабул намудаанд, ки бомуваффақият амал менамояд.
Таҳлили сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати амалӣ гардидани Барнома дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур нишон дод, ки тайи солҳои 2008-2015 барои мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ аз маблағҳои буҷетӣ, махсус ва инвеститсионӣ васеъ истифода шудааст. Ба ин мақсад дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ 5800784 сомонӣ харҷ шудааст, ки аз он 965750 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ (16,6 фоиз), 2077875 сомонӣ маблағҳои махсус (35,9 фоиз) ва 2757159 сомонӣ (47,5 фоиз) маблағҳо аз ҳисоби барномаҳои гуногуни байналмилалӣ мебошанд.
Дар ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ин давра барои мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ 3352852 сомонӣ маблағ сарф шудааст, ки аз онҳо маблағҳои буҷетӣ – 582210 сомонӣ (17,4 фоиз), маблағҳои махсус – 865465 сомонӣ (25,8 фоиз) ва аз ҳисоби барномаҳои гуногуни сармоягузорӣ – 1905177 сомонӣ (56,8 фоиз)- ро ташкил менамоянд.
Амалӣ намудани Барнома бевосита бо кадрҳо вобаста мебошад ва омода намудани кадрҳои дорои унвонҳои илмӣ масъалаи хеле зарурист. Дар ин самт таҷрибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон назаррас аст, ки тайи панҷ соли охир дар омода намудани кадрҳои дорои унвони илмӣ ба муваффақиятҳо ноил гардидааст.
Таҷрибаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки пурра дар низоми таҳсилоти кредитии таҳсилот фаъолият мебарад ва дар заминаи таҷрибаи ҳосилнамудааш конференсияи илмию методии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми кредитии таҳсилот: ҳолат, муаммоҳо ва роҳҳои инкишоф» баргузор намуда, дар он ҳолату муаммоҳои низомро ба муҳокимаи умум баровард, боиси дастгирист.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ҷумлаи донишгоҳҳои пилотӣ ба низоми таҳсилоти кредитӣ буда, аз соли таҳсили 2005-2006 ба ин низом гузашт.
Яке аз иқдомҳое, ки дар асоси Барнома амалӣ гардидаст, ин таъсиси китобхонаҳои электронии муассисаҳо буда, самаранок ба роҳ мондани кори онҳо барои баландбардории сатҳи донишомӯзии таълимгирандагон мадад мерасонад. Мутаассифона, фонди китобхонаҳои электронии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ асосан бо роҳи нусхабардорӣ (сканер) пурра карда мешавад, ҳарчанд ки онҳо ба Шабакаи ягонаи интернет пайвастанд. Таълимгирандагон ба китобхонаҳои дигари электронии Шабакаи ягонаи интернет мустақим ворид шуда наметавонанд, зеро ин амал маблағи зиёдро тақозо менамояд. Харидорӣ намудан ва ба фонди электронии китобхонаҳо ворид намудани китобҳо низ гарон аст. Аз ин рӯ, фонди китобхонаҳои электронӣ бой набуда, талаботи донишҷӯёнро пурра таъмин карда наметавонад.
Яке аз падидаҳое, ки дар амалишавии «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» саҳми назаррас мегузорад, ташкили Паркҳои технологӣ мебошад. Дар аксар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (соли 2010) паркҳо таъсис шудаанд. Муассисаҳои мазкур барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолият, бо назардошти татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома низ доранд.
Баробари ин муваффақиятҳо, масъалаҳое пешорӯянд, ки фаъолияти густурдаи паркҳои технологиро садд мегарданд. Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратии доимоамалкунанда буда, аз рӯи намуд ба Парки илмӣ–истеҳсолӣ мувофиқ мебошад. Даромади он аз 33000 сомонии соли таъсисёбиаш (2013) ба 340000 сомонӣ дар соли 2015 расид. Даромад дар ин муддат зиёда аз даҳ маротиба афзуд. Заминаҳо мавҷуданд, ки ин муассиса рушд намояд, аммо дар сурати аз 500000 сомонӣ боло рафтани даромадаш корхона ба пардохтгари андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) табдил меёбад. Яъне, бояд аз пардохти андози 6-фоиза якбора ба пардохти андози 18-фоиза аз даромадаш оғоз намояд. Аз тарафи дигар, ин муассисаҳо чун муассисаҳои таълимӣ эътироф гардида, бояд тибқи қонунгузорӣ аз имтиёзҳои андозбандӣ бархӯрдор гарданд, зеро иҷозатномаи (литзенсияи) пешбурди фаъолият ба паркҳои технологӣ ба онҳо чун муассисаи таълимӣ дода мешавад.
Ҷамъбасту таҳлил ва баррасии Барнома нишон дод, ки тибқи он дар самти пешрафти таҳсилоти касбии кишвар кори зиёд роҳандозӣ гардидааст. Дар баробари ин, низоми кредитии таҳсилот бояд бо назардошти шароит, талабот ва имконияти кишвар ба роҳ монда шавад, яъне низоми дигар кишварҳо айнан нусхабардорӣ нашавад.
Ҳамчунин, чанд масъаларо мехостам матраҳ намоям, ки ба рушди таҳсилоти касбӣ ва умуман таҳсилот дар кишвар, вобаста аст.
Мо дар таҳсилоти касбӣ бо мақсади воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ба низоми маъмулии аврупоӣ ворид гардида, аз низоми анъанавии таҳсилот, ки бисёре аз кишварҳои ҳамшарики фазои пасошӯравӣ аз он даст накашидаанд ва дар ин ҷода муваффақ ҳам ҳастанд, босуръат дур шуда истодаем. Ин ҳолат ба ҳамгироии минбаъдаамон бетаъсир нахоҳад буд. Мувофиқи мақсад мебуд, дар ин самт ба шитобкорӣ роҳ надиҳем. Ба далеле, ки аз 100 фоиз донишҷӯёни дар хориҷа таҳсил мекардаи мо, яъне кадрҳои ояндаи мамлакат, наздик 80 фоиз маҳз мактабҳои олии на аврупоӣ, балки мамлакатҳои пасошӯравиро интихоб менамоянд. Тибқи бурсҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1994-2014 аз 11438 нафари ба хориҷ ба таҳсил фиристода 8905 нафар (77,8 фоиз) ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон фиристода шудаанд. Ҳамчунин, ҳамгироии илмӣ бо ин кишварҳоро низ бояд тақвият бахшид.
Перомуни ислоҳоти таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд ҷиддӣ андешид, зеро татбиқи ислоҳот дар таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти калонсолон самаранок хоҳад буд ва таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, ки дар ин самт муваффақанд, далели ин ақида аст.
Низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки бояд бо таҳсилоти касбии кишвар ҳамгиро бошад, мавзӯи алоҳида аст, лекин мушкилӣ дар он аст, ки хатмкунандагон барои таҳсил дар мактаби олӣ, алалхусус бо низоми кредитии таҳсилот, омода нестанд. Шояд ба мақсад мувофиқ бошад, ки соли аввали таҳсилро дар зинаи бакалавриат барои омода намудани онҳо ба таҳсили пурсамар дар муассисаи таҳсилоти олӣ бахшем. Ин амалро дар мактаб роҳандозӣ намудан ба мақсад мувофиқ нест, чунки маблағгузориро талаб менамояд ва бе ин ҳам таълимгирандагон сарбории зиёд доранд. Аз тарафи дигар, танҳо 34 фоиз хатмкунандагонамон ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид роҷеъ ба иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008- 2015 дар муассисаҳои тобеи вазорат мулоҳизаҳояшро иброз карда, аз ҷумла, чунин гуфт:
- Мо бо иҷрои Барномаи фавқулзикр ба дастовардҳои назаррас ноил шудем. Агар соли 1992 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо теъдоди 70600 нафар донишҷӯ фаъолият мекард, соли 2016 ин теъдод ба 39 адад расида, 184 401 нафар донишҷӯро сарҷамъ намудааст. Дар ин муассисаҳои таълимӣ агар соли 1991-ум 1835 нафар номзади илм ва 226 доктори илм фаъолият намуда бошанд, пас имрӯз 3175 номзад ва 745 доктори илм ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Тайи солҳои 1997-2015 ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 16030 нафар донишҷӯ, (9554 духтар ва 6476 писар) тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суҳбат (бе имтиҳон) қабул гардида, 8349 нафар духтару писар (5923 нафар духтар ва 2426 нафар писар) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро хатм намуда, бо роҳхат ба ҷойи истиқомати худ барои кору фаъолият фиристонида шуданд.
Қабул ва амалӣ гардидани «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» дар ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ ва дар ҳамин асос барои омода кардани мутахассисони варзида саҳми бориз гузошта, дар модернизатсия намудани низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ ва вусъат бахшидани сифати тайёр намудани мутахассисон мусоидат намуд.
Бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, воридшавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ «Низомнома оид ба ташкили ҷараёни таълим дар низоми кредитии таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ» тасдиқ гардида, соли таҳсили 2015-2016 коллеҷҳои ҷумҳурӣ (ба истиснои соҳаи фарҳанг (6) ва тиббӣ (16)) ба низоми кредитии таҳсил гузаронида шуданд.
Ҷиҳати гузариш ба низоми кредитии таҳсил 75 номгӯй стандартҳои тахассусии соҳаҳои гуногун тасдиқ ва нақшаҳои таълимии муассисаҳои таълимӣ дар низоми кредитии таҳсил таҳия ва тасдиқ гардид. Аз оғози соли таҳсили 2015-2016 ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пурра ба низоми кредитии таҳсил гузаронида шуданд.
Бо мақсади фаҳмонидани технологияи кредитии таълим, омӯзонидани омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба низоми кредитии таҳсилот аз соли таҳсили 2008-2009 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва тренингҳои таълимӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорон оид ба асосҳои технологияи нави таълим ташкил ва коршиносон аз хориҷи кишвар даъват шуданд.
Се намуди тестҳои имтиҳонӣ: тестҳои пӯшида, мувофиқа ва кушода, ҳамчунин қабули тестҳо тавассути воситаҳои техникӣ, ба тасвиб расид.
Ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар самти қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон яке аз самтҳои асосии соҳаи маориф мебошад. Бо мақсади ҷорӣ намудани низоми нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҷумҳурӣ 28-уми июли соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ Созишномаи Лоиҳаи грантӣ «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Россия (READ) – марҳалаи II дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
Мутобиқи талаботи меъёрҳои байналмилалии муосир ба савияи дониши муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таъмини шароит ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия гардид. Дар ин замина таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фаъолияти босамари сесолаи он гувоҳ аст, ки қабули довталабон тариқи ин марказ шаффоф ба роҳ монда шуда, бори довталабу волидайнро сабук намудааст.
Вобаста ба ҷаҳонишавии таҳсилот ва муайян намудани рейтинги ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2010 таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифт ва меъёри муайян намудани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шуд.
Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» дар заминаи муассисаҳои илмию таълимӣ коргоҳҳои хурду миёнаи озмоишӣ таъсис шуд, ки ҳадаф аз ин дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ, пажӯҳишӣ ва инноватсионӣ мебошад.
Бо мақсади ба низом даровардани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ механизми нави омӯзиши талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибтахассус дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯи 155 ихтисос ба роҳ монда шудааст.
Иҷро гардидани Барномаи мазкур барои шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ (Ҷараёни Болонӣ) таъсири мусбат расонид. Бартарии ин раванди таҳсил он аст, ки соҳибтахассус бо дипломи дарёфткарда дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон ба фаъолияти илмию меҳнатӣ бемамоният машғул мегардад. Мутобиқи конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Ҷараёни Болонӣ, дипломҳои таҳсилоти касбӣ дар зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон эътироф мешаванд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид роҷеъ ба масъалаи мавриди муҳокима, аз ҷумла, чунин изҳор дошт:
- Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» аз 56 банд иборат буда, барои иҷрои бандҳои ба соҳаи таҳсилоти касбӣ алоқаманд вазорат як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Бо ворид шудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ) муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 3 ба 2 сол расонида шуда, дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаю барномаҳои таълимӣ аз нав таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Натиҷаи соли дуюми таҳсил муайян намуд, ки талаботи шаҳрвандон бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла дар муҳлати ду сол гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касби коргарӣ сол то сол зиёд мешавад. Масалан, агар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ соли хониши 2013-2014-ум 21 ҳазору 850 хонанда таҳсил намуда бошад, пас ин теъдод дар соли хониши 2015-2016 ба 26 ҳазору 276 нафар расидааст.
Дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ устохонаҳои таълимӣ ва заминҳои таълимию таҷрибавӣ мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо баробари гузаронидани дарсҳои таълими амалӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ба роҳ монда шудааст. Аз ин ҳисоб, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо истифода аз маблағҳои Буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ биноҳои таълимӣ, хобгоҳ ва дигар биноҳои ёрирасонро таъмир намуда, ашёву аёниятҳои дарсӣ, компютерҳои замонавӣ ва дастгоҳҳои таълимӣ харидорӣ ва муассисаҳои таълимиро ба пешбурди раванди таълим омода менамоянд.
Бо истифода аз имкониятҳо вазорат тасмим гирифтааст, ки дар доираи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш» -и Бонки Рушди Осиё дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳристон ва Литсейи касбии сохтмони шаҳри Душанбе ба тариқи таҷриба парки технологӣ ташкил намояд. Тайи ду соли охир аз рӯи 11 ихтисос Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия ва ба тасвиб расонида шуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардид.
Бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ тайёр кардани мутахассисони ба талабот ҷавобгӯй бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, №200 «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ шуд ва он давра ба давра татбиқ гардида истодааст.
Аксарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба шабакаи Интернет пайваст буда, марказҳои иттилоотӣ ташкил намудаанд, ки аз он омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва хонандагон самаранок истифода бурда, тавассути технологияи информатсионӣ бо усулҳои фаъоли таълими кишварҳои пешрафта шинос мешаванд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва мактабҳои олӣ ҳамкорӣ намуда, китобхонаҳои электронӣ ташкил кардаанд.
Дар доираи ҳамкориҳо бо Лоиҳаи Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон-компоненти таҳсилоти ибтидоии касбӣ» дар панҷ муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ маркази информатсионӣ ташкил шуда, онҳо бо компютерҳои замонавӣ таъмин ва ба Шабакаи ягонаи интернет пайваст шудаанд. Инчунин, аз ҷониби лоиҳаи мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маблағи 145 ҳазору 621,9 евро таҷҳизот ва техникаи зарурӣ харидорӣ гардид.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ барои таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ кори зиёд ба сомон мерасонад. Дар доираи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш» дар 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, панҷ филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва ду филиали Маркази касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ аз рӯи 17 ихтисос синфхонаҳо, кабинетҳои махсусгардонидаи таълимӣ, устохонаҳо таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ, ашёву аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Инчунин, биноҳои хобгоҳи хонандагон низ таъмиру тармим ва барои зисти онҳо шароити мусоид фароҳам мегардад. Ҳамзамон, омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолии ихтисосҳои интихобгардида аз курси такмили ихтисос гузаронида, дар ин самт барномаҳо ва стандартҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ мешаванд. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 30 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Инчунин, бо мақсади беҳтар кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Бонки Исломии Рушд Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP)» амалӣ гардида истодааст, ки арзиши умумии он 10 миллиону 960 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳа дар шаш муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбии техникии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳринав, Файзобод, саноати кимиёи шаҳри Сарбанд, саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод ва саноати дӯзандагии шаҳри Душанбе) таъмиру тармим идома дорад.
Дар баробари ин, аз ҷониби ҶДММ «Кнауф-маркетинг» дар литсейҳои касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Қумсангир таҷҳизоти дуредгарӣ харидорӣ шуда, устохонаҳои онҳо ба маблағи 98037 сомонӣ пурра таҷҳизонида, ду синфхонаи тахассусӣ аз рӯи ихтисоси «Гаҷкорӣ барои соҳаи меъморӣ» ташкил шуд.
Дар идома муовини якуми вазири молия Ҷамшед Каримзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода, муовини раиси Палатаи ҳисоб Зафар Азимӣ маълумот доданд.
Баъдан, миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт. Вакилони Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, Хайринисо Юсуфӣ, Ҷаббор Ахмедов, Мавзуна Шарофиддинова ва Саидҷаъфар Усмонзода оид ба паҳлуҳои гуногуни масъала ба даъватшудагони ҷаласа савол дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҷамъомадро ҷамъбаст намуда, аз ҷумла, чунин изҳор дошт:
-Таҳлили рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» ва маблағгузории Барнома аз ҷониби Буҷети давлатӣ нишон медиҳад, ки дар ин муддат корҳои муайян ба иҷро расида, тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузории Барнома пурра анҷом шудааст. Қабули Барнома он замон амри зарурӣ ва дар роҳи таъмини сифати таълим ва рақобатпазир гардонидани низоми таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар дар бозори ҷаҳонии таҳсилот ва меҳнат ногузир буд.
Аз ҳисоботи пешниҳодгардида бармеояд, ки аз ҷониби вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, иқтисод ва савдо, молия ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти касбӣ доранд, фаъолияти густурдае ҷиҳати иҷрои Барномаи зикргардида ба сомон расонидаанд. Дар ин давра санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти касбӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таҳсилоти олӣ» дар таҳрири нав қабул гардида, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» тағйиру иловаҳо ворид шуд ва бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» қабул гардид. Инчунин, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ литсейҳои касбии техникӣ номгузорӣ шуда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба коллеҷ табдил дода шуданд. Ин тадбирҳо ба хотири амалисозии нақшаи чорабиниҳои Барнома буда, имконият доданд, ки масъалаҳои гузошташуда то андозае ҳалли худро ёбанд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, баъзе мушкилот дар роҳи таъмини сифати таълим ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, ки Барнома пешниҳод менамояд, боқӣ мемонад. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, пеш аз ҳама, зарурати таҷдиди назар намудани нақшаю барномаҳои таълимӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат зарур аст. Барои ин дар ҳар як зинаи таҳсилот ҳар сол вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва маҳсулоти дар бозори истеъмолӣ мавҷуда бояд нақшаю барномаҳо ва мазмуни муҳтавои онҳо мувофиқ карда шаванд ва ба забони давлатӣ дастури таълимӣ ба чоп расонида, озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин шаванд. Илова бар ин, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани бозомӯзии касбии устоҳои таълими истеҳсолӣ хеле муҳим аст, зеро онҳо бояд бо дастгоҳҳои муосир ва дигар воситаю таҷҳизот, ки дар бозори истеъмолӣ ҳар рӯз тағйир меёбанд ва аз кишварҳои гуногун ворид мегарданд, шинос бошанд ва тавонанд онҳоро ба шогирдон омӯзонанд. Бинобар ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.
Дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки зинаи аввали таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб мешавад, гузариш ба низоми кредитӣ шурӯъ гардидааст, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол дар ин низом мушкилоти муайян, аз ҷумла нарасидани дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, тибқи талабот омода намудани силабусҳо, таъминоти техникӣ ва компютерӣ, истифодаи нокифояи шабакаи интернетӣ ба чашм мерасанд. Ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ гардонидани ихтисосҳо, дуруст ба нақша гирифтани теъдоди қабул ба ин муассисаҳо ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагони коллеҷҳо беҳбудиро талаб мекунад.
Низоми таҳсилоти олии касбӣ зинаи асосӣ дар таъмини иқтисодиёти миллӣ бо мутахассисони варзида ва дорои касбияти олӣ мебошад. Низоми гузаштан ба таҳсилоти кредитӣ ва ворид гардидан ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ соли 2004 ба таври озмоишӣ шурӯъ шуд ва тибқи нақшаи амалишавии Барномаи мазкур соли 2015 бояд ба охир мерасид. Гарчанде бо кӯшишҳои бевоситаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин самт кори зиёд ба сомон расид, аммо дар ин самт баъзе масъалаҳо ҳоло ҳам ҳалли худро наёфтаанд. Масалан, баъди аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидани санад доир ба эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо бояд омода ва баимзорасонии Созишномаи Баллонӣ анҷом дода мешуд. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки санадҳои лозимаро, махсусан барои аъзо гардидани донишгоҳҳои кишвар ба Хартияи донишгоҳҳои Аврупо ва Хартияи Лиссабон доир ба таҳсилоти олӣ, зери назорат қарор диҳад ва ба ин васила рақобатпазирии таҳсилоти олии касбии кишварро дар бозори ҷаҳонии таҳсилот таъмин намояд.
Масъалаи дигаре, ки дар ин зинаи таҳсилот мавҷуд аст, бо назардошти талаботи бозори меҳнати дохила ва хориҷа банақшагирии қабул ва хатм, инчунин таъминоти хатмкунандагон бо ҷойи кор мебошад. Вазорати рушди иқтисод ва савдоро зарур аст, ки ин масъаларо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад, зеро аксари хатмкунандагони ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқ, ки теъдоди хатмкунандагонашон ҳар сол ба ҳазорҳо нафар мерасад, дар бозори меҳнат кор пайдо намекунанд, аз тарафи дигар, ихтисосҳои зиёде дар иқтисодиёти миллӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ ба мутахассисон ниёз доранд. Зарурат пеш меояд, ки вобаста ба ин талабот сохтори таркибӣ ва ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҷдиди назар шаванд ва ба бозори меҳнат мутобиқ гарданд.
Дар охир қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ, бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодоти иштирокчиён қабул гардид.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ