Ҳабдаҳуми июни соли равон Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин фармонеро имзо намуд, ки тибқи он интихоботи навбатии парлумонӣ дар ин кишвар 18 сентябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт. Фармони зикршуда баъд аз нашри расмӣ, ки давоми панҷ рӯз баъд аз имзои он муқаррар шудааст, мавриди амал қарор мегирад. Баъд аз нашри расмии фармон дар Федератсияи Россия маъракаи федералии интихоботӣ шурӯъ гардида, интихобот ба Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия даъвати ҳафтум бошад, дар як рӯз баргузор мегардад. Ин навбат низ ба ин мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ 225 вакил тавассути рӯйхати ҳизбӣ ва 225 вакили дигар тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ бояд интихоб шаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки то ин замон ба Думаи давлатӣ ҳизбҳое роҳ меёфтанд, ки зиёда аз ҳафт фоизи овози интихобкунандагонро ба даст овардаанд. Минбаъд тибқи тағйироти ба қонунгузории Федератсияи Россия воридгардида ин меъёр коҳиш ёфта, ҳизбҳое, ки ҳадди панҷфоизаро убур мекунанд, метавонанд дар парлумон намоянда дошта бошанд. Масъалаи мазкурро шарҳ дода, Дмитрий Песков – котиби матбуотии Президенти Федератсияи Россия ба «Интерфакс» гуфтааст, ки вобаста ба анҷом ёфтани фаъолияти даъвати кунунӣ 22 июни соли равон Владимир Путин ба Думаи давлатӣ ташриф оварда, дар ҳузури вакилон суханронӣ хоҳад кард.
Таҳияи Далер Мерганов, «Садои мардум»