17 июни соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид дода мешавад.
ТАҒОЙЗОДА Сумангул Саид: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 бармеояд, аз ҷониби гурӯҳи кории бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдодашуда таҳия гардидааст.
Дар он мафҳумҳо ва муқаррароти нав, ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо ва корманд, паҳлуҳои дигари муҳими муносибатҳои меҳнатӣ мушаххас ба танзим дароварда шудаанд.
Лоиҳаи нав аз Кодекси меҳнати амалкунанда ҳаҷман зиёдтар буда, аз 6 фасл, 41 боб ва 366 модда иборат мебошад (Кодекси меҳнати амалкунанда аз 18 боб ва 228 модда иборат буд, ки баъдан ба он боз 42 модда илова шуд).
Лоиҳаи Кодекси меҳнат аз ҳисоби меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, ҳифзи меҳнат, махсусиятҳои хоси танзими меҳнати категорияҳои махсуси кормандон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, кормандони хонагӣ, хонакорон, кормандони бо корҳои мавсимӣ ва фосилавӣ машғулбуда, танзими муносибатҳои меҳнатии кормандони бо усули вахтавӣ фаъолиятдошта, ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомоти давлатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатии роҳбар ва аъзои мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ва кормандони ба кор таъйин (интихоб) — намудаи соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ, шахси аз ҷониби он ваколатдоркардашуда (мақомот) ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ва танзими муносибатҳои меҳнатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ, инчунин дигар кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ пурра карда шудааст.
Боби 4 «Ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсии корманд» нав мебошад, ки моддаҳои 57 ва 58-ро дар бар мегирад. Дар ин боб уҳдадориҳои корфармо оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсии корманд, ҳуқуқҳои корманд вобаста ба таъмини ҳифзи маълумоти шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад, танзим ёфтаанд.
Боби 12 «Хусусиятҳои танзими меҳнати занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ» номгузорӣ гардида (дар Кодекси амалкунанда «Кафолатҳои иловагӣ барои занон ва шахсоне, ки вазифаҳои оилавӣ доранд»), моддаҳои амалкунандаи он бо тавсияҳои додашудаи созмонҳои байналмилалӣ мутобиқ гардида, масъалаҳои гендерии он ба инобат гирифта шудааст. Моддаҳои алоҳидаи Кодекси амалкунанда такмил ёфта, дар он моддаи нав бо номи «Маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ» илова гардид.
Дар боби 7 «Вақти истироҳат», моддаи 94 «Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда» ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти вазифаҳои меҳнатӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо барои гирифтани рухсатии асосии дарозкардашуда ба кормандоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд, инчунин варзишгарон ва рӯзноманигорон илова карда шуданд.
Боби 21 «Хусусияти танзими меҳнати кормандони хонагӣ» ном гирифта, моддаҳои 247- 251-ро фаро мегирад. Боби мазкур хусусиятҳои бастан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ, вақти корӣ ва вақти дамгирии онҳо, тартиби додан ва бекор кардани ҷазои интизомӣ, ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва қатъ кардани шартномаи меҳнатиро бо корманди хонагӣ ба танзим медарорад.
Ба хусусияти танзими муносибатҳои меҳнатии кормандони хонакор боби 22 «Хусусияти танзими меҳнати кормандони хонакор» бахшида шудааст, ки аз моддаҳои 252-254 иборат мебошад. Дар боби мазкур кормандони хонакор, шартҳои меҳнат, реҷаи вақти корӣ ва вақти истироҳат, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандони хонакор муайян карда шудаанд.
Дар боби 23 «Хусусияти танзими меҳнати кормандони бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғулбуда», ки моддаҳои 255-257-ро фаро мегирад, хусусиятҳои меҳнати кормандони бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғулбуда танзим ёфта, кори фосилавӣ (дистансионӣ), шароити меҳнат, тартиби баҳисобгирии вақти корӣ ва вақти истироҳат, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандоне, ки бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғуланд, муайян карда шудаанд.
Боби 25 «Хусусияти танзими меҳнати ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомоти давлатӣ» аз моддаҳои 264 – 272 иборат буда, хусусиятҳои меҳнати ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомоти давлатиро танзим намуда, тартиби қабул намудан ба ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ, маҳдудият дар хизмати гражданӣ, ба кор ба дигар мақомоти давлатӣ гузаронидани хизматчии гражданӣ ва аттестатсияи он, пешравӣ дар хизмати гражданӣ, такмили ихтисос, азнавтайёркунӣ, ҳавасмандкунӣ, кафолат, ҷубронҳо ва пардохти музди меҳнати хизматчии гражданиро муқаррар менамояд.
Дар боби 26 «Хусусияти танзими меҳнати соҳибкорони инфиродӣ», ки моддаҳои 273 -279-ро фаро мегирад, хусусиятҳои меҳнати соҳибкорони инфиродӣ, муҳлати шартномаи меҳнатӣ байни соҳибкорони инфиродӣ ва кормандон, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии соҳибкорони инфиродӣ, реҷаи кор, шартҳои пардохти музди меҳнат, иштироки соҳибкорони инфиродӣ дар шарикии иҷтимоӣ, хусусияти ташкили бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ танзим мегарданд.
Боби 27 «Хусусияти танзими меҳнати роҳбар ва аъзои мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ва кормандони ба кор таъйин (интихоб) — намудаи соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ, шахси аз ҷониби он ваколатдоркардашуда (мақомот) ва ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ» аз моддаҳои 280- 285 иборат буда, асосҳои ҳуқуқии меҳнати роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо он, роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ҳамчун ҳамкор, пеш аз муҳлат бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, асосҳои иловагии қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои меҳнати аъзои мақоми иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ ва кормандони аз ҷониби соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ё шахси (мақомоти) аз ҷониби ӯ ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ таъиншуда (интихобшуда)-ро танзим менамояд.
Боби 28 «Хусусияти танзими меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ, инчунин дигар кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ» номида шудааст, ки иборат аз моддаҳои 286-288 мебошад.
Меъёрҳои боби мазкур дар қонунгузории меҳнати мамлакат нав буда, меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ, кормандони дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро танзим менамояд.
Ҳамин тариқ, лоиҳа бо назардошти пешниҳоду таклифҳои манзургардида куллан такмил ёфта, мафҳумҳои асосӣ вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ сода ва оммафаҳм гардонида шуданд.
Инчунин, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа як қатор тағйиру иловаҳои дахлдор ворид ва матнҳои он бо забонҳои давлатию русӣ ба ҳам мутобиқ гардонида шуданд.
Ҳамин тавр, лоиҳаи зикргардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ гардонида шуда, муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим менамояд, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва дигар субъектони муносибатҳои меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ ба онҳо, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, самаранок гардонидани истеҳсолот, баландбардории таъминоти моддӣ ва некуаҳволии инсон, муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар як шахс нигаронида шудааст.
Муҳтарам вакилони гиромӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Кодекси меҳнат дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои гражданӣ ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат фарогири ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Аз ин рӯ, боиси ифтихор аст, ки лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонугузорӣ пешниҳод гардидааст, ки ин иқдом арзиши лоиҳаи мазкурро боз ҳам зиёд мегардонад.
Дар лоиҳа таҷрибаи қонунгузории кишварҳои пешрафта истифода гардида, муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоиро ба эътибор мегирад ва чораҳоро оид ба амалигардонии муқаррароти Конститутсияи мамлакат ҷиҳати бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон меандешад.
Лоиҳа 76 мафҳуми вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро мушаххас мегардонад.
Фасли I «Муқаррароти умумӣ» ном гирифта, иборат аз боби 1 ва моддаҳои аз 1 то 14 мебошад.
Фасли II «Муносибатҳои меҳнатӣ» номгузорӣ гардида, бобҳои 2 — 14 ва моддаҳои 15 — 206-ро дар бар мегирад.
Фасли III «Хусусияти танзими меҳнати гурӯҳи алоҳидаи кормандон» иборат аз бобҳои 15-28 ва моддаҳои 207 — 288 мебошад.
Фасли IV «Шарикии иҷтимоӣ ва муносибатҳои коллективӣ дар соҳаи меҳнат» ном гирифта, бобҳои 29 — 33 ва моддаҳои 289 — 326-ро дар бар мегирад.
Фасли V «Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат» номгузорӣ шуда, бобҳои 34 — 38 ва моддаҳои 327 — 358 — ро фаро мегирад.
Фасли VI «Муқаррароти хотимавӣ» буда, иборат аз бобҳои 39 — 41 ва моддаҳои 359 — 366 мебошад.
Дар лоиҳа мафҳумҳо ва муқаррароти нав, ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо ва корманд, паҳлуҳои дигари муҳими муносибатҳои меҳнатӣ ҳамаҷониба ба танзим дароварда шудаанд.
Аз ин рӯ, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 647 таклифу пешниҳод намуданд.
Бо мақсади таъмини баррасии ҳамаҷонибаи таклифу пешниҳодҳои манзургардида, 5 октябри соли равон кумитаи масъул аз ҳисоби намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, иборат аз 14 нафар гурӯҳи корӣ таъсис дод.
Гурӯҳ пешниҳоду таклифҳоро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, аз онҳо 518 — тоашро қабул ва 76-тоашро қисман қабул намуда, 53 — тоашро қобили қабул нашуморид.
Инчунин, лоиҳа бо иштироки бевоситаи вакилони Маҷлиси намояндагон ва мутахассисони шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон такроран баррасӣ гардид.
Ғайр аз ин, лоиҳа бо иштироки устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бо назардошти пешниҳоду таклифҳои онҳо такмил ёфта, мафҳумҳо сода ва оммафаҳм гардонида шуданд.
Ба лоиҳа мафҳумҳои кори фосилавӣ (дистансионӣ), корманди хонагӣ, корманди хонакор, музокироти коллективӣ, созишнома, хизмати гражданӣ, хизматчии гражданӣ, шартномаи коллективӣ, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ илова карда шуданд.
Муқаррар карда шуд, ки кори фосилавӣ (дистансионӣ) — шакли махсуси амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳали ҷойгиршавии корфармо бо истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор мебошад.
Корманди хонагӣ — шахсе мебошад, ки кор (хизмат)-ро дар хоҷагии корфармо — шахси воқеӣ иҷро менамояд.
Корманди хонакор — шахсест, ки корро дар хонаи худ ё ҷойи барои иҷрои кор мувофиқ бо меҳнати шахсӣ анҷом медиҳад.
Музокироти коллективӣ — раванди татбиқи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардашудаи гуфтушунидҳои коллективӣ, ки муносибати байни кормандон (намояндагони кормандон) ва корфармоён (намояндагони корфармоён) — ро ҷиҳати таъмини имконияти иштироки озодона дар ҳалли масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ, муҳокимаи онҳо, тайёр ва бамувофиқарасонии лоиҳаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, ба имзо расонидани онҳо таъмин мекунад, мебошад.
Созишнома — санади ҳуқуқие мебошад, ки муносибатҳои иҷтимоӣ — меҳнатиро байни кормандон ва корфармоён ба танзим медарорад ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва соҳавӣ баста мешавад.
Хизмати гражданӣ — фаъолияти касбии хизматчии гражданӣ оид ба иҷрои ваколатҳои мансабие мебошад, ки барои иҷрои вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва амалӣ намудани хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ равона гардидааст.
Хизматчии гражданӣ — ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби воҳидии музднокро дар мақомоти давлатӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои мансабӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои онҳо, амалӣ намудани хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ ишғол менамоянд, мебошад.
Шартномаи коллективӣ — санади ҳуқуқиест, ки муносибатҳои иҷтимоӣ — меҳнатиро дар ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ ба танзим медарорад ва аз ҷониби намояндагони корфармо ва кормандон баста мешавад.
Шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ — занони ҳомила ва дигар кормандоне, ки дар тарбия ва нигоҳубиниашон кӯдаки то чордаҳсола, кӯдаки маъюб ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, доранд.
Мафҳумҳои аттестатсияи корманд, аттестатсияи ҷойи кор оид ба шароити меҳнат, баҳси меҳнатии коллективӣ, баҳси меҳнатии фардӣ, бехатарии меҳнат, бозори меҳнат, вайрон кардани интизоми меҳнат, вақти истироҳат, вахта, воҳидҳо, дағалона вайрон кардани интизоми меҳнат, дараҷаи тахассус, интизоми меҳнат, ихтисос, кафолатҳои ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат, квота, кори мувофиқ, корманди мавсимӣ, корфармо, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, меъёрҳои меҳнат, музди меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ, мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат, мутахассиси ҷавон, намояндагони кормандон дар ташкилотҳо, намояндаи ваколатдори корфармо, омили зараровари истеҳсолӣ, омили хатарноки истеҳсолӣ, омилҳои иҷтимоии фаъолияти меҳнатӣ, рухсатӣ, сафари хизматӣ, соли корӣ, тайёркунии касбӣ, такмили ихтисос, фаъолияти истеҳсолӣ, ҳадди ақали музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва ғайра таҳрир шуда, ба моҳияташон мувофиқ гардонида шуданд.
Мушаххас гардонида шуд, ки азнавтайёркунӣ — шакли таҳсили касбии корманд, ки барои аз худ намудани касб ё ихтисоси дигар имконият медиҳад, мебошад.
Таҳти мафҳуми «аттестатсияи корманд» тартиби муайян намудани мувофиқати корманд ба вазифаи ишғолнамудааш бо роҳи баҳодиҳии иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ фаҳмида мешавад.
Зери мафҳуми «баҳси меҳнатии коллективӣ» ба мувофиқа нарасидани корфармоён ва коллективи кормандон оид ба масъалаҳои муқаррар намудан ва тағйир додани шароити меҳнат дар ташкилот, бастан ва иҷрои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, инчунин татбиқи муқаррароти Кодекси меҳнат, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян карда шуд.
Баҳси меҳнатии фардӣ иборат аз ба мувофиқа нарасидани корфармо ва корманд оид ба масъалаҳои татбиқи Кодекси меҳнат ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити меҳнати дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда мебошад.
Бехатарии меҳнат — маҷмӯи чорабиниҳо, ки барои таъмини ҳифзи кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равона карда шуда, таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолиро истисно мекунанд.
Вайрон кардани интизоми меҳнат аз тарафи корманд дар риоя накардани талаботи Кодекси меҳнат, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот зоҳир мегардад.
Вахта — фаъолияти меҳнатӣ берун аз ҷойи истиқомати доимӣ, ки ҳангоми он бозгашти ҳаррӯзаи кормандон ба ҷойи истиқомати доимӣ таъмин карда намешавад.
Зери мафҳуми «дағалона вайрон кардани интизоми меҳнат» ба ҷойи кор дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан, бе сабабҳои узрнок дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз 3 соат дар ҷойи кор набудан, қасдан вайрон намудан ё дуздидани моликияти корфармо, аз тарафи корманд, вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз он ҷумла марг ё ҷароҳати инсон, садама ё сӯхтор гардидааст, фаҳмида мешавад.
Интизоми меҳнат иборат аз риояи талаботи Кодекси меҳнат ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот мебошад.
Ихтисос — маҷмӯи дониш, кордонӣ ва малакаи тавассути омодагии махсус ва таҷрибаи кории андӯхташудае, ки барои иҷрои навъи муайяни фаъолияти меҳнатӣ дар доираи касби мазкур зарур аст ва бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ дар бораи таҳсилот тасдиқ мешавад.
Қоидаҳои ҳифзи меҳнат — санади меъёрии ҳуқуқии дорои талабот оид ба ҳифзи меҳнат мебошад, ки иҷрои он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми машғул шудан ба намуди муайяни фаъолият, аз ҷумла ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи иншоот, ихтирои мошин, механизм ва таҷҳизоти дигар, таҳияи равандҳои технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад.
Муносибатҳои меҳнатӣ — муносибати байни корманд ва корфармо, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнат, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба вуҷуд меоянд.
Мутахассиси ҷавон шахсе мебошад, ки ба ташкилот баъд аз хатми шуъбаи рӯзонаи муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо роҳхати муассисаи мазкур ба кор қабул шудааст.
Намояндагони кормандон дар ташкилотҳо — шахсоне мебошанд, ки аз тарафи коллективи кормандон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи манфиатҳои онҳо интихоб гардидаанд.
Омили зараровари истеҳсолӣ — омили истеҳсолие мебошад, ки таъсири он метавонад боиси беморшавии корманд гардад.
Омилҳои иҷтимоии фаъолияти меҳнатӣ иборат аз андозаи музди меҳнат, давомнокии вақти корӣ, рухсатӣ ва дигар шартҳое, ки Кодекси меҳнат ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин созишномаи тарафҳо муайян намудаанд, мебошад.
Ҳадди ақали музди меҳнат — маблағи пулии ҳадди ақали ҳатмии муқарраршудае мебошад, ки корфармо онро дар давоми як моҳ барои кор дар шароити муътадил, бо риояи давомнокии вақти корие, ки Кодекси меҳнат муайян намудааст ва барои иҷрои вазифаҳои муайян ба корманд пардохт менамояд.
Шартномаи таҳсил — созиши хаттӣ байни корфармо ва корманд оид ба шартҳои таҳсил, гузаштани таҷрибаомӯзӣ, тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос мебошад.
Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои манзургардида, моддаҳои 4, 7-16, 18-19, 21-22, 24-26, 28, 31, 35-38, 40-48, 50-52. 55-59, 62-64, 66-71, 73-81, 83-84, 86-89, 92-94, 98-111, 116-131, 133-134, 136, 138-141, 146-149, 152-160, 162-174, 177-181, 187-188, 190, 192-194, 197-198, 201, 203, 208-209, 212, 215-218, 222-226, 229-230, 238, 240-246, 248-250, 253, 256, 259-261, 265-266, 269-271, 273-274, 277, 279, 281-287, 289-291, 293-298, 301-303, 306-318, 320-327, 332, 335, 338-343, 345-352,355-361, 363 ва дигар моддаҳои лоиҳа куллан такмил ёфта, дар таҳрири нав оварда шуданд.
Аз ҷумла, бо таҳрири нав сархати 6 қисми 1 моддаи 42, қисми 2 моддаи 50 ва сархати 3 қисми 1 моддаи 190 муқаррар карда шуд, ки дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор, рад кардани аз муоинаи тиббӣ гузаштан барои муқаррар намудани воқеияти дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда қарор доштан, расонидани зарари моддӣ яке аз асосҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо, аз кор дур кардани корманд ва надодани музд барои ин давра ва ҷавобгарии пурраи моддии корманд мебошад.
Дар қисми 1 моддаи 44 муқаррар карда шуд, ки бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо баъд аз пешакӣ, на дертар аз ду ҳафта, огоҳ намудани иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар намояндагони кормандон сурат мегирад.
Моддаи 49 меъёри нав буда, асосҳои қатъ кардани шартномаи меҳнатиро бинобар гузаштани корманд ба вазифаи (мансаби) интихобӣ ва ё таъйин намудани ӯ ба вазифа муқаррар менамояд.
Дар асоси моддаи 56 шартномаҳои меҳнатие, ки бо фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин, ошкоро бар хилофи қонун, асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ, рӯякӣ ва қалбакӣ, бо шахси ба синни понздаҳсолагӣ нарасида бе розигии хаттии падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда, бо шахси ба синни муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат нарасида, бо шаҳрванди қобилияти амалаш маҳдудгардида, бо шахси ғайри қобили амал эътирофгардида, берун аз қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқӣ, бо оқибати маҳдуд кардани ваколат ва дар натиҷаи гумроҳӣ баста шудаанд, аз тарафи суд беъэтибор дониста мешаванд.
Бо қисми 4 моддаи 120 корфармо уҳдадор карда шуд, ки касбомӯзӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси иловагӣ ба роҳ монад ва барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои таълимии маълумоти касбӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд.
Тибқи моддаи 209 пешбинӣ гардид, ки агар идома додани кор ба саломатии кормандони аз ҳаждаҳ хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб намоянд.
Мувофиқи қисми 3 моддаи 229 ва қисми 2 моддаи 230 муқаррар карда шуд, ки дар ду (якчанд) ҷой кор кардани хешовандони наздик дар ташкилотҳои давлатӣ, ки фаъолияташон ба хизмати давлатӣ алоқаманд мебошад, манъ аст ва дар шартномаи меҳнатӣ бояд дар ду (якчанд) ҷой кор кардани корманд нишон дода шавад.
Дар моддаи 277 пешбинӣ карда шуд, ки шартҳои пардохти музди меҳнати кормандон аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ бо мувофиқаи корманд ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ муқаррар мегардад.
Бо моддаи 290 вазъи ҳуқуқии намояндагони кормандон дар ташкилот муқаррар карда, муайян гардид, ки намояндагони кормандон дар ташкилот шахсоне мебошанд, ки аз тарафи кормандони ташкилот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд.
Тибқи моддаҳои 335 ва 337 муқаррар шуданд, ки корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машғуланд, мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфродӣ ва гигиениро ройгон диҳад.
Бояд тазаккур намуд, ки зиёда аз 200 пешниҳоду таклифҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки бо натиҷаи омӯзиши лоиҳаи Кодекси мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон манзур гардиданд, аз ҷониби гурӯҳи корӣ пурра маъқул дониста шуданд, ки онҳо таъиноти Кодекси меҳнат ва меъёрҳои онро боз ҳам аниқ, мушаххас, сода ва оммафаҳм гардониданд.
Лоиҳаи Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи баррасишаванда овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Нарзӣ дода мешавад.
ФАЙЗИЗОДА Исмоил Нарзӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Бо мақсади ба амал баровардани адолати иҷтимоӣ, татбиқи сиёсати давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Кодекс аз таҷрибаи қонунгузории кишварҳои пешрафта истифода шуда, меъёрҳои Конститутсия, санадҳои байналмилалӣ ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки Тоҷикистон узви он мебошад, ба инобат гирифта шуданд.
Бисёр меъёрҳои дар лоиҳа пешбинишуда дар қонунгузории меҳнати мамлакат нав буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, асос ёфта, муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим менамояд, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва дигар субъектони муносибатҳои меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ ба онҳо, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, самаранокгардонии истеҳсолот, баландбардории таъминоти моддӣ ва некуаҳволии инсон, муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар як шахс нигаронида шудааст.
Умед дорем, ки санади мазкур пас аз мавриди амал қарор гирифтан ба нафъи давлату ҷомеа равона гардида, дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ саҳмгузор хоҳад буд.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳед.
Ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусалам Қодирова, Мирзодавлат Сабурзода, Рустам Латифзода, Анвар Тағоймуродов, Абдулғаффор Раҳмонзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Гулнора Бобоева вобаста ба ин масъала вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Муқимӣ Сабоҳат Амин, сардори Раёсати муносибатҳои меҳнати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Раҷабов, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода посух доданд.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала кӣ баромад кардан мехоҳад?
Марҳамат.
Олимҷон БОБОЕВ, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, давоми мантиқии корҳое мебошад, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбари Пешвои миллат вобаста ба талаботи моддаи 12-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба созмон додани асосҳои иқтисодии ҷомеаи нав ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бармеояд, пеш гирифтааст. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Яъне, асоси иқтисоди ҷомеаро дар гуногуншаклии моликият пешбинӣ намудааст, ки он қонунҳои мувофиқ ба таъмини рушди иқтисодро тақозо менамояд.
Амали Кодекси мазкур ба кормандон ва корфармоён, аз ҷумла кормандон ва корфармоёни ташкилотҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда, ки соҳибони молу мулк, иштирокчиён ва ё саҳмдоронаш шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд, тааллуқ дорад.
Нуктаи хеле муҳими Кодекс он аст, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқ, озодӣ ва кафолатҳои бо Кодекси мазкур муқарраршударо манъ менамояд.
Қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири пешниҳодшуда манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро ҳамоҳанг намуда, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, инчунин таъмини бехатарӣ ва боло бурдани сатҳи иҷтимоиёти мардуми кишвар мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, пешниҳод дорам, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Кодекси меҳнат овоз диҳед.
Ҷаббор АХМЕДОВ, ӯзви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон:
-Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Пас аз қабули Кодекси меҳнати амалкунанда (соли 1997) дар муносибатҳои меҳнатӣ тағйироти зиёде ба амал омаданд, ки тақозои қабули кодекси навро мекунанд. Вазъи иқтисодӣ – молиявии имрӯза, водор менамояд вобаста ба он меъёрҳои иҷтимоиро, ки Кодекси мазкур дар бар мегирад, аниқ, мушаххас ва ба воқеият ҷавобгӯй бошанд.
Ҳамчунин, муаллифони лоиҳа ва кумитаи масъул бо назардошти талабот то ҳадди имкон тавонистанд таносуби тавозунии ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо ва кормандонро нигоҳ доранд. Вобаста ба ин, ҳолатҳои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ, мушаххас гардонида шуда, ба моддаи 39 Кодекси мазкур ду ҳолати нав илова карда шудаанд, яъне, ба охир расонидани муҳлати ваколат ва гузаштани корманд ба кору вазифаи интихобӣ ё таъин шуданаш ба вазифае, ки имконияти давом додани муносибатҳои меҳнатиро истисно менамояд.
Масъалаи дигаре, ки мехостам таъкид намоям, дар Кодекс доираи асосҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо ва кормандон, бо назардошти воқеияти имрӯза ва муносибатҳои меҳнатӣ мушаххас ва аниқ гардонида, барои пешгирии омилҳои таъсиррасонии субъективӣ ҳангоми амалӣ кардани ин расмиёт равона карда шудааст.
Чунончӣ, мутобиқи меъёрҳои моддаҳои 41 ва 42 Кодекси мазкур яктарафа бекор кардани шартномаҳои меҳнатӣ аз тарафи корфармо ва кормандон ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои мазкури Кодекс манъ карда шудааст. Чунин меъёр нав мебошад. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки лоиҳаи Кодекси меҳнат дар таҳрири нав ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба меҳнат, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мувофиқ буда, онҳо бо назардошти воқеият такмил дода шудаанд.
Аз ин рӯ, лоиҳаи Кодекси мазкурро дастгирӣ менамоям ва таклиф дорам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар меъёрҳои ба Кодекси баррасишаванда воридгашта аз амалкунанда фарқият дида мешавад. Пеш аз ҳама, ин дар пешниҳод шудани меъёрҳо ва ҳимояи онҳо дар Кодекс вобаста ба бозори меҳнат, кормандони кироя, кормандони хонагӣ ва хонакор, хизмати гражданӣ ва хизматчии гражданӣ, маҳдудият дар истифодаи меҳнати шаҳрванди хориҷӣ ва дигар меъёрҳо арзёбӣ мегарданд, ки хеле заруранд.
Дигар ин, ки бо ин санад дигар кафолатҳои конститутсионӣ, яъне ҳимояи онҳо низ пешбинӣ мегардад, ки дар пардохти музди меҳнат, таъмини ҷои кор, истироҳат ва ғайра ифода мегарданд.
Дар баробари ин, вобаста ба ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо ва корманд имкониятҳои васеъ ва маҳдудиятҳо ба баъзе намудҳои меҳнат ва тарзи истифодаи қувваи меҳнат ва ё меҳнати якҷояи манъшуда меъёрҳо мушаххас карда шудаанд.
ҳангоми фаъолият дар таҷрибаи корӣ проблемаҳо оид ба бо кори доимӣ таъмин кардан, ба кор қабул ва ё ғайриқонунӣ озод намудан, додани имтиёзҳо ба кормандони пуртаҷриба, алалхусус дар корхонаҳои тиҷоратӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бинобар дар санадҳои амалкунанда вуҷуд надоштан муаммои сарбаста буданд. Хушбахтона, дар санади мазкур ин ҳаматарафа инъикоси худро ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳангоми татбиқ мушкилиро ба миён наоварда, баръакс боварӣ дорам, ки ин дар маҷмӯъ барои пешбурди фаъолият дар кадом сатҳе набошад, шароити қонунӣ фароҳам меорад.
Ғайр аз ин, дар санади мазкур тамоми паҳлуҳои ҷавобгарии чӣ корфармо ва чӣ корманд дар сатҳи зарурӣ кушода, дараҷа ва меъёрҳои он муқаррар ва уҳдадориҳо шаффоф карда шудаанд. Дар санад ба кормандони дар соҳаи тиҷорат машғулбуда, яъне соҳибкорони инфиродӣ, ки дар маҷмӯъ аксарияти соҳибмулкон, сокинони кишвар ба ин намуди фаъолият машғуланд, меъёрҳои нав оварда, мавқеи онҳо ҳамчун субъектони қонунгузории меҳнат пурра муайян шудааст.
Меъёрҳо, инчунин дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ дар сатҳи аввали ҳимоя, яъне мақомоти иттифоқҳои касаба назорат ва бартариро пешбинӣ намудааст, ки ин ҳам ёрӣ ба шаҳрвандон ва худи ин мақомот аст.
Бинобар ин, аз шумо -вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба Кодекси мазкур мавқеи худро мусбат арзёбӣ намоед.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ, дигаргуниҳои дар солҳои истиқлолият бавуҷудомада моро водор месозад, ки санадҳои меъёрии худро ба рафти имрӯзаи рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқ намоем.
Аз ин рӯ, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамин дигаргуниҳо мавриди коркард қарор гирифта, барои дар амал татбиқ намудани мақсаду маром, ҳуқуқу уҳдадориҳои корманду корфармо дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва мукаммал гардидааст. Дар моддаи 27 дар муассисаҳои давлатӣ якҷоя кор кардани хешу табори наздик дар вазифаҳои сармуҳосиб, хазинадор манъ карда шудааст, ки ба манфиати кор ба шумор меравад. Ё ин ки дар ҳолати тағйир ёфтани шароити кор, агар корманд дар он шароит кор кардан нахоҳад, корфармо вазифадор аст, ки на камтар аз ду маоши моҳона ба корманд кумакпулӣ пардохт намояд.
Моддаи 56 пурра карда шудааст. Шартномаи меҳнатӣ ҳамон вақт бекор карда мешавад, ки бо фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, созиши барқасдонаи як тараф ба тарафи дигар, ошкор ба хилофи қонун рӯякӣ ва қалбакӣ баста шуда бошад.
Дар моддаи 83 сархати се омадааст, ки агар корманд барои истироҳат ва хӯрокхӯрӣ имкон надошта бошад, корфармо вазифадор аст, ки барои ӯ шароит муҳайё кунад. Дар Кодекси меҳнат истифодаи меҳнати ноболиғон, занони ҳомила манъ карда шудааст.
Дигар муҳимияти Кодекси меҳнат аз он иборат аст, ки новобаста аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, иҷтимоӣ, ки баробарии иҷтимоиро дар меҳнат халалдор мекунад, манъ карда шудааст.
Дар Кодекси меҳнат бехатарии техникӣ, роҳҳои беҳдошти саломатии кормандон кумаки ҳаматарафаи корфармо дар ҳолати ба садама гирифтор шудани корманд зикр гардидааст.
Аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоед.
Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав асосан дигаргуниҳои муносибатҳои меҳнатии дар иқтисодиёти бозорӣ бамиёномада, хусусан ташаккулёбӣ ва рушди бозори меҳнатро ба инобат гирифтааст.
Дар Кодекс кафолатҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои корманд, саломатӣ, шаъну шараф, суғуртаи иҷтимоӣ, подоши зиёни ба саломатии ӯ расонидашуда, инчунин тартибу қоидаҳои ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ пурра ва оммафаҳм оварда шудаанд.
Ҳамчунин, лоиҳаи Кодекси мазкур ба заминаи ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ тақвият бахшида, аз Кодекси меҳнати амалкунанда фарқият дорад.
Пеш аз ҳама, дар лоиҳаи Кодекс тартиби қонунгузории меҳнат дар доираи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандон, масъалаҳои ҳифзи меҳнат, ба ҷойи кор таъминкунии шаҳвандон, баланд бардоштани ихтисос, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо, бамеъёрдарории меҳнат, музди маош ва мавқеи иттифоқҳои касаба дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои кормандон мушаххастар гардонида шудаанд.
Инчунин, дар лоиҳаи Кодекс моддаҳое пешниҳод гардидаанд, ки ҳаматарафа муносибатҳои меҳнатӣ ва хусусиятҳои танзими меҳнати табақаҳои алоҳидаи аҳолии мамлакат — корманди хонагӣ, хонакор, маъюбон, ноболиғон, соҳибкорони инфиродӣ, кормандони эҷодии ташкилотҳои касбии санъат ва соҳаи фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, варзишгарон ва мураббиёнро инъикос мекунад.
Гурӯҳи корӣ, кумитаи масъул, умуман вакилони гиромӣ кори зиёдро анҷом додаанд, то ки лоиҳаи Кодекси меҳнат мукаммал ва мушаххас таҳия гардад.
Аз ин лиҳоз, шумо — вакилони гиромӣ даъват менамоям, ки лоиҳаи Кодекси мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Назирӣ ГУЛБАҲОР, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «То кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он вобаста аст» ва пайваста ба масоили риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соҳаи меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Ба лоиҳаи Кодекси мазкур меъёрҳои нав ворид карда шудаанд, ки онҳо паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ, махсусан муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ, ки на танҳо манфиатҳои давлат, ташкилоту идораҳо ва соҳибкорон, инчунин дигар субъектони муносибатҳои меҳнатиро фаро гирифта, барои фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, самаранок гардонидани истеҳсолот ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона гардидааст. Ман мехоҳам якчанд нуктаи муҳимро қайд намоям:
1. Дар 12 моддаи боби 16 лоиҳаи мазкур хусусияти танзими меҳнати занон ва дигар шахсони дорои уҳдадории оилавӣ қайд гардида, маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ, кафолати онҳо муфассал баён шудааст, ки риояи онҳо ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занонро дар ҷомеа ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии онҳоро кафолат медиҳад.
2. Дар 8 моддаи боби 21 ва 22 хусусияти танзими меҳнати кормандони хонагӣ ва кормандони хонакор ҳамчун меъёрҳои нав ворид гардидаанд. Танҳо дар вилояти Суғд ҳоло 269 маркази таълимӣ – истеҳсолии истеҳсоли адрасу атлас, қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ фаъолият намуда истодаанд. Онҳо аз ҳисоби меҳнати хонагии зиёда аз 3700 нафар зани хонашин ташкил гардидаанд ва баҳри пешбурди сиёсати соҳаи саноат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, замина гузошта истодаанд.
3. Дар 3 моддаи боби 23 хусусияти танзими меҳнати кормандони бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғулбуда саҳеҳу равшан дарҷ гардидааст. Қонунӣ гардидани ин намуди меҳнат лоиқи қабул ва ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад.
Муҳтарам ҳозирин, лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо таклифҳои судманди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва бо заҳмати гурӯҳи корӣ пешниҳод гардидааст, шоистаи дастгирӣ буда, қабул гардидани он баҳри таъмини рушди устувори миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Вакилони арҷманд, бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафҳои зикргардида боварӣ дорам, ки мо санади мазкурро ҷонибдорӣ менамоем.
Насиба СОДИҚОВА, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон:
- Муҳтарам, Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!
Лоиҳаи Кодекси меҳнат дар таҳрири нав шароити зарурии ҳуқуқиро ба субъектони муносибатҳои меҳнатӣ фароҳам меоварад.
Шахсоне, ки дар таҳияи лоиҳаи Кодекси меҳнат иштирок намуданд, олимону мутахассисони варзидаи соҳаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд. Дар лоиҳаи Кодекси меҳнат хусусиятҳои алоҳидаи муносибатҳои меҳнатии олимону омӯзгорон дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар моддаҳои 94, 135, 142, 178, 269, 353 ба инобат гирифта шудаанд, ки шартномаи меҳнатӣ бо шахси аз ҳисоби квота фиристодашуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корманд ва корфарморо муайян менамояд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон диққати алоҳида дода шудааст.
Дар маҷмӯъ, лоиҳа ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ буда, сазовори дастгирист.
Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия:
-Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Дар лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба усулҳои шартномавии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ афзалият дода шудааст.
Чунин тарзи танзими муносибатҳо манфиатҳои бештари тарафҳои шартномаи меҳнатиро таъмин менамояд.
Кодекси мазкур ҳуқуқу уҳдадориҳои васеи корманд ва корфармо, масъалаҳои танзими бехатарии меҳнат, такмили тахассусӣ, бозомӯзӣ, бо кор таъмин кардан, ҳамкории иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи меҳнатро танзим менамояд.
Қоидаҳо ва тартиби пардохти музди меҳнат, тартиби баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ дар Кодекси нав тақвияту такмил дода шудаанд.
Боб ва моддаҳои алоҳида ба танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатии баъзе гурӯҳи шаҳрвандон, ки корашон дорои хусусияти махсус мебошад, аз қабили омӯзгорон, хонакорон, мураббиён, варзишгарон, ноболиғон, кормандони кори фосилавӣ ва кормандоне, ки вахтавӣ кор мекунанд, бахшида шудаанд.
Муайян шудааст, ки меҳнати маҷбурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
Дар Кодекси мазкур асос ва ҳолатҳои бастани шартномаи меҳнатӣ ва маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик возеҳу равшан нишон дода шудааст.
Вазифаи корфармо ҷиҳати ба корманд додани маълумотнома дар бораи кор ва роҳ надодан ба ғайриқонунӣ аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани корманд пурра дарҷ гардидааст.
Тартиби додани рухсатии меҳнатии муздноки солона ва рухсатии иловагӣ, давомнокии он ва дигар масъалаҳои вобаста ба меҳнат ва истироҳати корманд оварда шудаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, барои такмили он 102 таклифу пешниҳод ирсол намуд.
Инчунин, лоиҳаи Кодекси меҳнат дар таҳрири нав бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он дар таҳрири ниҳоӣ суфтаву оммафаҳм ва мукаммал гардонида шудааст.
Бо назардошти нукоти зикршуда ва ҷиҳати риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи меҳнат, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки барои дастгирии Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав овоз диҳед.
Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон, ҳозирини гиромӣ!
Танзими фаъолият ва муносибатҳои меҳнатӣ бо дарназардошти саҳми калидии меҳнат дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани муносибатҳои бозоргонӣ, ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни ташкили меҳнат ва моликият, инчунин истифодаи меҳнати коргарон аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ пайваста зери назари Пешвои миллат ва мақоми олии қонунгузор қарор дода мешавад.
Дар лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мавриди баррасии вакилони гиромӣ қарор дорад, самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар бахшҳои бехатарӣ ва ҳимояи меҳнат, вазифаҳои корфармо оид ба таъмини шароит, кафолати ҳуқуқи кормандон ҳангоми ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ ва ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ дарҷ ёфтааст.
Мақсади асоси қабули Кодекси нави меҳнат ин ҳимояи иҷтимоӣ — ҳуқуқии коргарон, таъмини шароити мусоид барои фаъолияти меҳнатии одамон, ҳимояи ҳуқуқи қонунӣ ва манфиатҳои корфармо, мувофиқ намудани манфиатҳои коргарон, корфармо ва давлат дар самти муносибатҳои иҷтимоӣ – меҳнатӣ мебошад.
Дар лоиҳаи Кодекс мафҳумҳои асосӣ пурра ва саҳеҳ карда шуда, корфармо уҳдадор мегардад, ки ҷиҳати тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон чораҳои зарурӣ андешад.
Дар боби алоҳида ҷой намудани хусусияти танзими меҳнати соҳибкорони инфиродӣ, танзими меҳнати роҳбар ва аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ ҳамчун меъёрҳои нав дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ бисёр муҳим мебошад.
Лоиҳаи Кодекси меҳнат дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҷиҳати такмили он зиёда аз 20 таклифу пешниҳод ирсол карда шуд, ки аксарияти онҳо ҳангоми таҳияи лоиҳаи ниҳоӣ ба инобат гирифта шуданд.
Бо дарназардошти он ки Кодекси меҳнат барои таъмин намудани шароити зарурии ҳуқуқӣ, ноил гардидан ба ҳавасмандии ҷонибҳои муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ равона шуда, ба иҷрои ду вазифаи муҳим: иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат менамояд, таклиф менамоям, ки ҷонибдорӣ карда шавад.
Рустам ҚУДРАТОВ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Дар таҳия ва омода намудани лоиҳаи Кодекси мазкур гурӯҳи корӣ ва кумитаи масъул бо дарки масъулият таклифҳои пешниҳодшударо ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор доданд. Аз ҷумла, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният беш аз 60 таклиф пешниҳод намуд. Асосан онҳо ба ду самт равона шуда буданд: Аввал, ҳифзи ҳуқуқи корманд, ки он дар моддаҳои марбута ворид гардид. Сониян, меъёрбандӣ дар меҳнат. Иловаҳои воридшуда ба Кодекси меҳнат вазорату кумитаҳоро вазифадор менамояд, ки меъёрбандиро муайян ва барои тасдиқ ба вазорати масъул пешниҳод намоянд. Ин имконият медиҳад, ки ҳифзи адолати иҷтимоӣ таъмин гардид.
Аз вакилони гиромӣ хоҳиш дорам, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Кодекси мазкур овоз диҳанд.
Лоиҳаи Кодекси мазкур фасл ба фасл, боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, Кодекс яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули кодекси мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ва Назирӣ Гулбаҳор таҳия шудааст, пешниҳод карда мешавад.
Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, пеш аз ҳама, мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» ба талаботи дигар санадҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои дохилии қонун мебошад.
Инчунин, мақсади дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур амалӣ намудани назорати пешакии доимӣ, шаффоф ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетиро дар бар мегирад. Дар баробари ин, дар таҳияи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида меъёрҳои Қонуни моделӣ «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ба инобат гирифта шудаанд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида аз 2 модда ва 23 қисм иборат мебошад. Тибқи моддаи 1 ба ном, муқаддима, номи 2 боб ва 19 моддаи қонуни амалкунанда 62 тағйиру илова ворид карда шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади мутобиқ намудани номи қонун бо матни он номи он дар таҳрири зерин: «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ифода гардида, ҷиҳати танзими асосҳои ҳуқуқии он, муқаддимаи қонун дар таҳрири нав ифода карда шуд.
Мутобиқи қисми 3 лоиҳаи пешниҳодшуда ба моддаи 1 мафҳуми нав «ташкилотҳои бахши давлатӣ», ки дар матни қонуни амалкунанда ҷой дорад, бо мазмуни зерин илова карда шуд: «Ташкилотҳои бахши давлатӣ – корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки ба моликияти давлатӣ тааллуқ дошта, аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд». Мафҳуми «мақсади супориши аудитӣ» бошад, дар таҳрири нав оварда шудааст.
Бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои дохилии қонун ва бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта номи боби 3, номи моддаҳои 8, 9 ва 10, матнҳои моддаҳои 4, қисми 4 моддаи 7, қисми 1 моддаи 8, қисми 3 моддаи 11, қисми 2 моддаи 13 ва ҷиҳати аниқ намудани уҳдадориҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ дар соҳаи аудити дохилӣ матни моддаи 10 дар таҳрири нав ифода карда шуд.
Ҳамзамон, дар лоиҳаи қонун як қатор ислоҳоти таҳрирӣ, забонӣ ва техникӣ ворид карда шудаанд. Аз ҷумла, дар матни қонун калимаҳои «супориши аудитӣ» ба калимаҳои «супориши аудиторӣ», калимаҳои «маърӯза», «гузориш» ба калимаи «ҳисобот», калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдор» ва калимаҳои «маблағҳои давлатӣ» ба калимаҳои «маблағҳои буҷетӣ» иваз карда шуданд.
Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2 муқаррар менамояд.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2015, №393 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 127 таклифу эрод пешниҳод карданд, ки дар натиҷа аз онҳо 89-тоаш қабул, 2-тоаш қисман қабул ва 36-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд, ки онро боз ҳам мукаммал гардониданд.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.
Исмоилзода Зуфар Муртазохон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, Олимҷон Сафаров, Бибидавлат Авзалшоева ва Зуфар Исмоилзода таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.
Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур дақиқ гардондани мафҳумҳо, мутобиқ намудани қонуни мазкур ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин тақвият бахшидан ба муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур мебошад.
Тибқи лоиҳа, бо мақсади таъмини амният ва ҳимояи кормандони соҳаи обуҳавошиносӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳои хизматӣ дар шароити баландкӯҳ ва дур аз маҳали аҳолинишин ба сархати сеюми моддаи 101-уми қонун калимаҳои «силоҳи ғайринизомии худмуҳофизатӣ» илова гардидааст, ки мутобиқсозии қонуни мазкур бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» мебошад.
Ҳамчунин, бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ба қонун боби нав бо мазмуни зерин илова карда шуд: «Боби 51. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ».
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2016, №555 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар натиҷаи баррасӣ аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба лоиҳаи қонуни мазкур 21 таклифу пешниҳод ворид гаштанд. Кумита дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таклифу пешниҳодҳои воридгаштаро баррасӣ намуд, ки аз онҳо 18 таклиф қабул, як таклиф қисман қабул ва ду таклиф қабул нашуданд.
Намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, ки 8 июни соли 2016 баргузор гардид, лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Инчунин, бо баинобатгирии эродҳои шумо, муҳтарам Раис, зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, матни лоиҳаи қонуни мазкур таҳрир ва такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.
Кумита лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»-ро барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои қабули он овоз диҳед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло дода мешавад.
ИБОДЗОДА Хайрулло:
-Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин барои мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии муносибат ва густариши иттилоотикунонии фаъолияти соҳаи обуҳавошиносӣ ба қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» тағйиру иловаҳо барои баррасии шумо, вакилони муҳтарам, пешниҳод шудааст.
Агентии обуҳавошиносӣ сохтори муҳими давлатӣ буда, дар гузаронидани мушоҳидаҳои иқлимӣ ва мониторинги муҳити зист, таҳия ва пешниҳоди маълумот дар бораи пешгӯии обу ҳаво, обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ, огоҳонӣ аз сар задании офатҳои табиӣ ва дастрас гардонидани онҳо ба истифодабарандагон саҳми муносиб дорад.
Бояд тазаккур дод, ки дар мақомоти обуҳавошиносии давлатҳои аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ аз рӯи таснифоти ягонаи иттилооти обуҳавошиносӣ амал менамоянд.
Яъне:
- иттилооти таъиноти умумӣ дар бораи вазъи воқеӣ ва пешбинишавандаи муҳити зист ва ифлосшавии он;
- иттилооти махсусгардонидашуда ё аз рӯи дархостҳои истифодабарандагони мушаххас ба таври ниҳоӣ ба эътибор гирифташуда;
- маводи иттилоотие, ки дар натиҷаи таҳлил ва коркарди маълумот гирифта шуда, барои истифода ва паҳн намудан пешбинӣ гардидааст.
Вобаста ба хусусияти махсуси соҳа сохторҳои Агентӣ дар маҳалҳо — стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ дар масофаҳои дур аз минтақаҳои аҳолинишин дар оғӯши табиат ҷойгир мебошанд. Таҳдид ва ҳуҷуми ҳайвоноти дарандаи ваҳшӣ ба кормандони стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ чун ҳодисаи муқаррарии зуд-зуд такроршаванда буда, ба ҳаёти кормандон хатари марговарро таҳдид мекунад.
Бояд қайд кард, ки аз давраи шӯравӣ то нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта стансияҳои обуҳавосанҷӣ бо яроқи оташфишон, таппончаҳои мушакпарронӣ ва яроқи сард таъмин буданд ва кормандон бо ин васила худро аз ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ҳифз менамуданд. Ҳамзамон, яроқи оташфишон ҳамчун воситаи огоҳонидани аҳолии водӣ аз рух додани офатҳои табиӣ истифода мешуд. Мутаассифона, кормандони обуҳавосанҷӣ аз чунин воситаи боэътимод маҳрум мебошанд.
Дар пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонун масъалаҳои мазкур ба эътибор гирифта шудаанд. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур чораи саривақтӣ ва ба амнияти кормандони дар шабакаҳои назоратии обуҳавошиносӣ фаъолиятдошта равона карда шудааст.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ