21 июни соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония (Рийгикогу) бо Маҷлиси намояндагон Ааду Муст ва ҳамроҳони ӯ Юлле Муст, Маргус Солнсон мулоқот намуд.
Дар мулоқот дар баробари густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, инчунин оид ба масъалаҳои илмӣ- техникӣ, иқтисодӣ ва ғайра сухан рафт.
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония чанд санади ҳамкорӣ, аз ҷумла Эъломия дар бораи инкишофи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония, Созишнома дар бораи ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи илмҳои Эстония ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишнома байни Донишгоҳи Тарту ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Тоҷикистон ва Эстонияро ба вуҷуд овардаанд.
Ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо дарназардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Нақши транзитии Эстония, аз ҷумла бандарҳои обии он дар ин самт муҳим маънидод гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, ҳамчунин кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ низ дорои дурнамои умедбахш номида шуд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон