Оғози сохтмони Маҷмааи «Меҳри модар»

№80 (3560) 23.06.2016

13502923_1065065250230327_2378157297446482254_oХуди ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Доноча»- ро ифтитоҳ намуд.

Бинои наву замонавии боғчаи бачагон аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи наздик ба 4 миллиону 900 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ барои 100 кӯдак сохта шудааст. Акнун 35 нафар бо маоши миёнаи 1500-2000 сомонӣ дар ин муассисаи томактабӣ ба тарбияи кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлолии кишвар машғул мешаванд.

Фармоишгар ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элитстройсервис» мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо аз соли 2014 оғоз ёфта, соли 2016 бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Доноча» аз 19 хонаи хобу бозии кӯдакон, як толори варзишӣ, толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст ва як синфи мусиқӣ иборат мебошад. Дар таҳхонаи бино хонаи ҷомашӯйӣ ва се утоқи корӣ мавҷуд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити тарбияи кӯдакон шинос шуда, ба соҳибкорону ­сох­т­­мончиён барои бунёди бинои муосири боғча, ки дунёи поку беолоиши тарбиятгирандагонро рангин менамояд, баҳои арзанда дод. Тавре аён гардид, асбобу анҷоми хоб, машғулияту бозӣ, чароғҳои равшанидиҳанда бо ашёҳои гуногунранги хоси дунёи кӯдакон оро ёфтааст.

Кӯдакон бо қироати шеър ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин туҳфаи арзанда изҳори сипос карданд.

Баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Доноча» дар паҳлуи ин иншоот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи кӯдакон бо номи «Меҳри модар» барои 1200 ҷой бо муҷассамаи Модар майдони васееро интихоб намуд ва ба сохтмони он оғоз бахшид.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи бунёди чунин як маҷмаа ба хотири гиромидошти қадру манзалати зан-модар ҳанӯз дар мулоқоти анъанавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар дар ҷамъомади тантанавӣ 6 марти соли 2015 ба миён омада буд.

Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ба хотири тарбияи насли сазовори оянда муассисаҳои муосири томактабӣ муҷаҳҳаз бо ашёи зарурӣ аз тарафи соҳибкорон бунёд мегардад. Аз ҷумла, дар паҳлуи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Доноча» дар кӯчаи Нусратулло Махсуми маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Гулчеҳра Гулназарова ва Саидҷалол Ғайратов бо ҷонибдорӣ аз дастурҳои раҳнамунсозу ояндадори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боз ду боғчаи хусусии нави бачагон — ҳар кадоме барои 130 кӯдак бунёд шуда истодааст.

Дар боғчаи хусусии Гулчеҳра Гулназарова корҳои сохтмонӣ аз моҳи марти соли 2016 оғоз гардида, бомаром идома дорад.

Дар муассисаи томактабии Саидҷалол Ғайратов корҳо аз моҳи январи соли 2015 оғоз шудааст. Дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншоот 40 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд мегарданд. Айни ҳол дар ин ҷо 15 нафар мутахассиси маҳаллӣ соҳиби кор аст.

Ҳадаф аз бунёди иншооти зиёди томактабии муосир дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия кардани насли худогоҳ мебошад.

www.president.tj