Тараннуми ваҳдат дар ашъори шоирони муосир
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид, дар дили ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.
Эмомалӣ Раҳмон
Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, маҳз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ба ваҳдат расид.
Баробари баланд шудани шуури сиёсӣ ифтихори миллии мардуми тоҷик низ пайваста инкишоф ёфта, ин тағйирот дар адабиёт низ осор гузошт. Шоирони тоҷик имрӯз аз Ватан ва сулҳу ваҳдати кишвар сухан мегӯянду ифтихор доранд, ки дар ин сарзамини биҳиштосо зиндагӣ доранд ва фазои ором насибашон гаштааст, зеро бисёре аз адибону шоирон ин гуна диёри ваҳдатофаринро орзу доштанд, аз ҷумла Ашӯр Сафар. Ӯ дар як аз шеърҳояш гуфта буд:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор,
Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад.
Имрӯз бояд шукрона кунем, ки ханда ба лабем ва базму тараб дар кишвари мо побарҷост. Ин омилро Меҳмон Бахтӣ баръало эҳсос карда, шукргузориашро аз Ватану ватандориаш иброз медорад. Ӯ даъват мекунад: замоне расидааст, ки мо созанда бошем, то арзанда ба ин кишвару сарзамин гардем, зеро мо беҳтарин неъмат — ваҳдатро ба даст овардаему он ҳамдилу ҳамдард будани моро тақозо мекунад:
Дӯстон, бо ҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст,
Ҳамдилу ҳамдард будан ҷисму ҷони ваҳдат аст.
Халқи тоҷик дар гузашта ва имрӯз ҳамчун халқи худшиносу худогоҳ эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша дар фикри фардои дурахшони ин Ватану сарзамин бошем, то ояндагон ифтихор аз мову имрӯзи Ватан дошта бошанд. Ҳамон гунае ки шоир Камол Насрулло дар шеъри «Дар баҳои ҷон» гуфтааст:
Он чист, ки марзи шаъну шон аст? – Ватан!
Имону амони мо дар он аст? – Ватан!…
Он чист, ба ҳеҷ қимате нафурӯшанд,
Он чист, ки дар баҳои ҷон аст? – Ватан!
Ин тамоюл дар ашъори Муҳаммад Ғоиб низ ба мушоҳида мерасад. Ӯ устоди моҳири тараннуми ватандӯстӣ аст. Назми шоир тадриҷан аз оҳанги назми кӯҳна озод шуда, бо мундариҷаи бою баланди худ, бо тасвири амиқи ҳаёт, вусъати доираи муҳокима, бикрбаёнӣ, санъати бойи бадеӣ ва зебоию услуби ба худ хос мақому симои шоири номбурдаро дар адабиёти муосири тоҷик муайян намуд. Ғояи ватандӯстӣ, эҳтироми беандоза ба Меҳан, ба Модар дар эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб мақоми хоса дорад. Аз китоби ӯ -«Ифтихор» маълум мегардад, ки шоир ба Ватан, халқи азизи худ, муҳаббати беандоза дорад. Дар шеъри «Васфи диёр» ин ҳиссиёти шоир баръало мушоҳида мегардад:
Гӯшаи танги Ватан бошад зи паҳноҳо кушод,
Хонаи пасташ баланд аст аз ҳама қасри мурод.
Маскани осудагию зиндагӣ бошӣ, Ватан,
Нест аз он дилфаротар ҷо бароям умрбод.
Дар шеъри «Парчам» ифтихори Муҳаммад Ғоиб аз ин миллату ин давлат баръало эҳсос шуда, аз меҳру муҳаббати ватандорӣ ва ишқу ғамгусорӣ ҳикоят менамояд. Миллати тоҷик яке аз халқҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, борҳо аз давлати хеш бенасиб гаштаву боз бо азму иродаи қавии хеш тавонист онро эҳё намояд.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад ва он мардумро ба ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ менамояд:
Дар кафи пешсаф парчам аст,
Аз матои ҳадаф парчам аст.
Эътибори шараф парчам аст,
Халқи моро ба каф парчам аст.
Як нишони ватан парчам аст,
Шаъну шони ватан парчам аст.
Қудрати лашкар аз парчам аст,
Шавкати кишвар аз парчам аст.
Дар ашъори шоирони дигари муосир низ ватандорию меҳнатдӯстӣ, садоқат, меҳрубонӣ, иззату икроми ҳамдигар ба назар мерасад. Дар маҷмӯъ, ифтихор аз Ватану муҳаббат ба хоку оби ин диёр ва тасвири манзараҳои дилкаши ин сарзамини биҳиштосо мавзӯи асосии ашъори шоирони тоҷикро ташкил медиҳад. Тавре ки шоири хушкалом Муҳтарам Ҳотам гуфтааст:
Ҳамдилӣ, ҳамбастагиву ҳамсадоӣ ваҳдат аст,
Меҳрубонӣ, ғамгусорӣ, ошноӣ ваҳдат аст.
Ваҳдат он набвад, ки созӣ бо ду-се тан дар ҷаҳон
Бо ҳама халқи Худо ваҳдат намоӣ, ваҳдат аст.
Шукргузории шоирони тоҷик аз ваҳдати миллат, аз сулҳу суботи кишвар бамаврид аст, зеро осоишу оромии ҷомеа асоси хушбахтии ҳар миллату давлатро ташкил медиҳад. Дар робита ба ин, Сафар Аюбзодаи Маҳзун гуфтааст:
Бахт механдад ба истиқболи мо,
Мешукуфад ғунчаи иқболи мо.
Меҳр миллатро ба ваҳдат оварад,
Ҳифз созад ваҳдат истиқлоли мо.
Ин қабил шеърҳо на танҳо садои дили шоирон, балки садои дил ва бозгӯйи меҳру муҳаббати халқи Тоҷикистон ба ин сарзамини аҷдодӣ мебошад. Чуноне адиби хушзабон Мирзо Файзалӣ мегӯяд:
Биё, эй ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон омодаи амру нидои ин Ватан бошем!
Канораш гарму роҳатбахш чун домони модарҳост,
Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.
Шамшоди ҶАМШЕД, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ