Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллати куҳанбунёди тоҷик, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар кишвари азизамон гардида, моро ба кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ муайян сохт. Маҳз аз азал рӯ ба сулҳу салоҳ ва муросову мусолиҳа доштани миллати тоҷик буд, ки аз кӯшишҳои бо роҳи зӯрӣ ҳал намудани мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ даст кашида, музокироту созишро чун роҳи ягонаи расидан ба сулҳ ва наҷоти миллӣ пазируфт.
Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми кишвар паси сар монда, бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз ёфт. Мардуми тоҷик дар ҷараёни музокироти сулҳ хуб дарк намуд, ки ҷанги бародаркуш ғолибу мағлуб надорад ва идомаи он ба парокандагии миллат ва аз байн рафтани давлату давлатдорӣ боис мегардад.
Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ ва некномӣ зинда намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷомёбии муноқишаҳои шаҳрвандии солҳои 1992-1997, дастёбӣ ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амният, бозгашти гурезаҳо ба Ватан, қабули Конститутсия ва татбиқи ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ саҳми тақдирсоз ва таърихӣ гузоштааст. Дар арсаи байналмилалӣ таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсию буҳрони миллӣ эътироф намуда, мавриди омӯзиш ва истифода қарор додаанд.
Мутаассифона, тайи чанд соли охир роҳбарон ва хоҷагони ҲНИТ, ки худро дӯст нишон медоданд, оромию созандагӣ ва бунёдкориву пойдории ваҳдати миллии миллати тоҷикро қабул надошта, ба фаъолияти пинҳонӣ гузаштанд. Онҳо барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопокашон бо собиқ аъзои ҳизб, ки дар вазифаҳои баланди мақомоти давлатӣ фаъолият менамуданд, забон як карданд, садоқати фарзандии хешро нисбат ба Ватан фаромӯш намуда, ҳаракат карданд оромиро дар Тоҷикистон вайрон кунанд ва мардуми осударо ба таҳлука андозанд. Хушбахтона, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон амалҳои террористии собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат Абдуҳалим Назаровро (Ҳоҷӣ Ҳалим — собиқ размандаи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва узви ҲНИТ) барои муташанниҷ сохтани вазъ ва ноором гардонидани ҷомеа маҳкум карданд. хашму эътирози садҳо ҳазор ҷавонони тоҷик, ки тавассути изҳороту баёния ва муроҷиатномаҳо дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расид, баёнгари дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва аз зиракии сокинони кишвар дарак дод.
Муҳиддин Кабирӣ, собиқ раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, кишварро тарк намуда, аз берун ба миллати тоҷик санг меандозад. Дар назди бегонагону хоҷагони хориҷиаш шаъну шарафи халқи тоҷикро паст мезанад. Ин ҳам яке аз шеваҳои кори гурӯҳиву ҳизбии чунин намояндагони беору фарзандони нохалаф аст, ки сокинони кишвар, махсусан ҷавонон, амалҳои нопоки ин нафаронро маҳкум намуданд.
Душманону хоинон фаромӯш кардаанд, ки маҳз дар натиҷаи қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ пойдор шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ва рушд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ворид гардид. Сохтмони як силсила иншооти азими аср оғоз ёфта, ба хотири таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишвар, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, қадамҳои устувор гузошта шуд.
Сокинони кишвар, махсусан ҷавонон, дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, дар рӯҳияи волои созанда, хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия меёбанд. Ҷавонон қувваи бузург, такягоҳи боэътимод ва ояндаи миллат барои ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳуриямон мебошанд ва намегузоранд, ки душманони миллат сулҳу оромии миллати шарафманди тоҷикро халалдор созанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд карданд: «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».
Бинобар ин, мо бояд суханҳои Пешвои миллатро дастури ҳамешагии хеш қарор диҳем ва ба қадри ҳар қатра обу ҳар зарра хоки ин сарзамини биҳиштосо расида, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун неъмати бебаҳо арҷ гузорем, садоқат ба Ватан ва ватандӯстии хешро бо кору амали созанда ва ободгароёна қувват бубахшем.
Сафо Азиззода, прокурори ноҳияи Файзобод, мушовири адлияи дараҷаи 1