Мусоҳиба бо собиқ узви Комиссияи оштии миллӣ, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов
- Назари шумо ба саҳми аҳли зиёи тоҷик дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ чӣ гуна аст?
- Баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб шудани шахсияти матинирода, ватанпарвар, миллатдӯст ва хирадпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳи олимон ба мақсади дастгирии сиёсати Сарвари давлат бо аҳли илм машваратҳо доир намуданд. Яке аз чунин иқдомот баргузории семинари илмӣ бо роҳбарии академик Ҳ. Саидмуродов буд, ки дар он олимони варзида Раҷаб Амонов, Аҳрор Мухторов, Нуъмон Неъматов, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Юсуфшо Ёқубов ва чанде дигарон иштирок намуда, доир ба сабабҳои пайдоиши маҳалгароӣ, дарёфти роҳҳои аз байн бурдани зиддиятҳо ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ андешаҳои худро баён карданд. Банда низ дар ин семинар ширкат кардам ва пешниҳоду андешаҳои дар ин ҳамоиш ироагардида дар шакли китоб нашр гашта буд.
Мутаассифона, дар ибтидои ба вуҷуд омадани ихтилофҳо баъзе олимон, ки ба доми фиреби қувваҳои ҷудоиандоз афтода буданд, ақидаҳои муғризона баён карда, ба нооромии ҷомеа мусоидат карда буданд. Ақидаҳо ва фаъолияти зараровари ин гуна афрод аз тарафи аксарияти олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва зиёиёни дурандеш шадидан маҳкум мешуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба сари қудрат омадан ба аҳли зиё таваҷҷуҳи зиёд дошта, ба онҳо такя менамуд.
Дар он лаҳзаҳои душвор яке аз аввалин иқдомҳои Сарвари давлат ин буд, ки дар толори бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо гурӯҳи калони олимон суҳбат орост ва вазифаҳои олимону зиёиёни кишварро дар он давраи пурмасъулият муайян кард.
- Дар музокирот бо намояндагони мухолифин ба ҳайси узви Комиссияи оштии миллӣ шумо низ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштед. Ин гуфтушунидҳо чӣ гуна баргузор мегашт ва муносибати байни ҳамдигар дар кадом сатҳ қарор дошт?
- То фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ чанде аз сиёсатмадорон, махсусан Маҳмадсаид Убайдуллоев, академик Талбак Назаров, Абдулмаҷид Достиев, Шукурҷон Зуҳуров, Саид Салимов ва дигарон дар раванди музокирот хеле заҳмат кашида, супоришҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳар чӣ зудтар расидан ба сулҳу салоҳ садоқатмандона иҷро карданд. Ҳамрадиф бо онҳо олимон Тағай Раҳмонов, Ҳомид Пӯлодов, Зариф Алиев, Халифабобо Ҳамидов, Иброҳим Усмонов, Усмон Холдоров ва дигарон низ дар ин раванд саҳми муносиб доштанд.
Ниҳоят, пас аз панҷ соли талошҳои муттасил 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Бо имзои созишномаи мазкур Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфт. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Комиссияи оштии миллӣ (13 нафарӣ аз ҳар ду ҷониб) 4 июли соли 1997 содир шуда буд.
Ёд дорам, ки дар рӯзҳои аввали кори Комиссияи оштии миллӣ дар Москва бо вуҷуди ба ҳамдигар надоштани хусумати шахсӣ, ҳар ду ҷониб ҳатто дуруст вохӯрию ҳолпурсӣ намекардем. Баъди баҳсҳои минбаъда нобоварӣ ва шубҳа аз байн бардошта шуд. Ба ҷуз вохӯриҳои расмӣ дар толор, баъдан сари як пиёла чой суҳбатҳои алоҳида доштем. Ҳамаи ин батадриҷ ҷонибҳоро ба ҳам наздик кард ва ниҳоят, якдигарфаҳмӣ асос шуд, ки аъзои КОМ ба хулосаи дурусту ягона оянд. Дастури Сарвари давлат ин буд, ки барои амалӣ кардани нуктаҳои созишнома содиқона кӯшиш намоем. Кори КОМ моҳи сентябри соли 1997, пас аз ба Душанбе баргаштани аъзои ИНОТ-и КОМ, идома ёфт.
Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия, академик Евгений Примаков дар толори «Президент-отел»-и Москва маҷлиси аввалини Комиссияи оштии миллиро ифтитоҳ карда, минҷумла гуфт, ки: «дӯстони азизи тоҷик, акнун тақдири кишваратон дар дасти худатон аст».
Дар ҷаласаи аввали Комиссияи оштии миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раис ва Абдулмаҷид Достиев муовин интихоб шуданд.
Пас аз муҳокимаҳои тӯлонӣ дар Москва ду санади муҳим – Санади ҳамдигарбахшӣ ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовиматҳои дохилии солҳои 1992-1997» ба имзо расид.
Баъди ба шаҳри Душанбе баргаштан ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовиматҳои дохилии солҳои 1992-1997» пешниҳод шуд ва он қабул гардид. Ҳар ду санад аз он ҷиҳат муҳим буданд, ки бовариро ба ҳамдигар тақвият бахшиданд.
- Вазифаи Комиссияи оштии миллӣ ва салоҳиятҳои он аз чӣ иборат буд?
- Дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ чор зеркомиссия таъсис ёфта буд: оид ба масъалаҳои сиёсӣ, низомӣ, ҳуқуқӣ ва муҳоҷирон. Ман шомили зеркомиссияи муҳоҷирон будам, ки раисии онро Шукурҷон Зуҳуров ба уҳда дошт. И. Усмонов, Ҳ. Сангинов, О. Латифӣ (баъдан ба ҷои ӯ М. Ҳимматзода) раисии зеркомиссияҳои дигарро ба уҳда доштанд. Комиссияи оштии миллӣ дар баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойи доимии зисташон саҳми бориз гузошт, зеро то ин вақт ба Ватан баргаштани гурезаҳо мувофиқи нақшаи муайян ва мутамарказонида амалӣ намешуд. Силоҳдорон ва баъзе нафарони манфиатҷӯ бо ҳар восита садди роҳи ба Ватан баргаштани гурезаҳо мешуданд. Маҳз бо кӯшиши зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам омад, ки мардуми аз Ватан берунрафта баргарданд. Ба ёд овардан бамаврид аст, ки Раиси Шӯрои Олии тоза интихобшуда дар Хуҷанд изҳор дошта буд, ки то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонад, ором нахоҳад буд.
Дар татбиқи ҳадафҳое, ки дар Комиссияи оштии миллӣ матраҳ мешуданд, душвориҳо зиёд буданд. Масъалаи низомӣ хеле баҳснок ва мураккаб буда, мувофиқи созишномаи мазкур размандагони иттиҳоди неруҳои мухолифин бо қисмҳои низомии ҳукуматӣ якҷоя мешуданд. Баъд аз паси сар намудани мушкилиҳои зиёд, ниҳоят ин масъала ҳалли мусбати худро ёфт. Вале силоҳдорони шомилнашуда ва ё ғайриқонунӣ амалкунанда низ вуҷуд доштанд, ки баъдан боиси нооромиҳо шуданд.
Ба Ватан баргаштани гурезаҳо низ мушкилоти худро дошт. Қисми зиёди маҳалҳо ва хонаҳо дар минтақаҳои даргириҳои мусаллаҳона сӯхта, ба харобазор табдил гашта буданд. Бисёре аз мардуми баргардондашуда ҷойи зист надоштанд. Илова бар ин, баъзе хонаҳои гурезагонро шахсони тасодуфӣ аз худ карда буданд. Дар чунин ҳолат мо- аъзои Комиссияи оштии миллиро лозим меомад, ки бо ёрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тариқи қонунӣ масъаларо ҳаллу фасл намоем. Баъзан, аъзои комиссия низ мавриди таҳдиди силоҳбадастон қарор мегирифтанд.
- Комиссияи оштии миллӣ бо анҷоми кадом вазифаҳо фаъолияташро қатъ намуд?
- КОМ бояд то вақте амал мекард, ки масъалаҳои дар созишнома дарҷёфта иҷро мегаштанд. Моҳи феврали соли 2000 интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор гардид. Ин охирин масъалаи созишномаи мазкур буд, ки амалӣ шуд.
Яъне, мутобиқи созишнома Комиссияи оштии миллӣ то ба кор шурӯъ намудани Парлумони нави Тоҷикистон фаъолият мекард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 марти соли 2000 дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ аъзои Комиссияи оштии миллиро қабул карда, ба онҳо барои анҷоми муваффақонаи кори КОМ миннатдорӣ баён намуд ва аз номи ҳукумат туҳфаҳо инъом кард. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси қатъ гаштани фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ низ ҳамон рӯз содир шуд.
Бояд гуфт, ки қарорҳои қабулнамудаи Комиссияи оштии миллӣ ҷиҳати ҳалли муноқишаҳои дохилӣ муҳиму саривақтӣ ва то андозае нодир буданд. Бинобар ин, ба таҷрибаи сулҳофарии кишвари мо СММ, САҲА, дигар созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд додаанд. Институти сулҳи Олмон, Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария ва институтҳои дигар кишварҳо ин таҷрибаро баҳри ҳалли низоъ мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Ба назари ман, барои он ки дар ҳар кишвар сулҳу амният устувор бошад, ду омили муҳим — доштани пешвои умумимиллӣ, ки ба боварии тамоми ҷамъият сазовор буда, содиқона баҳри амалисозии ҳадафҳои умумимиллӣ бедареғ хизмат карда тавонад ва сатҳи баланди фарҳанг, эътиқоди мардум ба сулҳу ваҳдат, ормонҳои миллӣ зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмон мардуми парешонро ҷамъ овард, онҳоро ба иҷрои ҳадафҳои умумимиллӣ сафарбар намуда, ҷониби мухолифинро тавонист муътақид созад, ки ба ҷуз сулҳ роҳи дигаре нест.
Тараққиёти шаҳру вилоятҳои кишвар, бахусус пойтахти зебоманзар ва шукӯҳманди кишвари соҳибистиқлоламон шаҳри Душанберо мушоҳида намуда, ба пойдории абадии сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон боварамон боз ҳам бештар мегардад. Бигзор ин раванд бебозгашт ва фардои мо боз ҳам дурахшонтар бошад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»