Ваҳдати миллии тоҷикон неъмати бебаҳо ва падидаи камназир аст. Ин андешаи инфиродии банда набуда, дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби шахсиятҳои бонуфуз борҳо таъкид гардидааст. Агар масъалаи мавриди назарро амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, он гоҳ паҳлуҳои зиёди тасдиқкунандаи арзишмандӣ ва мақому манзалати бениҳоят баланди ваҳдати миллӣ ҳувайдо мегардад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст.
Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд. Бояд ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар амиқан дарк намояд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвар неъмати бебаҳо, раванди бебозгашт ва азизу муқаддас мебошад, зеро маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва ҷаҳду талоши фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ сулҳу оромӣ дар кишвар таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам шуд. Ҳама бояд дарк намоем, ки дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ, ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати пешгирифта ва шиори зиндагӣ, барои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб набуд. Агар чунин тасмим гирифта намешуд, бадбиниву таҳдид ва душманҷӯйиву сангаргирӣ бештар доман паҳн менамуд ва Тоҷикистон ба майдони низоъ ва бархӯрди манфиатҳо табдил меёфт. Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи нуздаҳ соли баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун роҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад, зеро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир барои пешрафти устувори кишвари мо, қабл аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи ҷомеа мисли обу ҳаво зарур мебошад.
Хеле рамзӣ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори худро аз рӯзҳои аввали корӣ аз сулҳ оғоз намуд ва ин сиёсат ба хотири оромиву осоиши кишвар ва хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон идома дорад. Пешвои миллат эътироф шудани Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландтарин дараҷаву мартабаи инсоне мебошад, ки аҳли диёр бо ҳидояташ баҳри иҷрои корҳои бузург талош мекунанд. Дар ҳама давра таъмингари осудагию хушбахтӣ, ҳамеша аз ҷониби Худову халқ подоши худро мегирад. Аслан маънои сарварӣ ба дӯш гирифтан бори гарони масъулият аст, ки онро фақат ҷисми солҳо обутобёфта ва дидагони аз хоб рӯтофта бардошта метавонад. Танҳо инсони дорои қудрату ҷасорат аз монеаҳои хатарнок гузашта, ба дигарон пайки зиндагӣ ва муждаи осудагӣ расонида метавонад.
Ҷонфидоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нахуст бо дарёи раҳму фаҳми худ оташи ҷанги таҳмилдодашударо хомӯш ва ба ҳамдигар муҳаббат бастани кинадоронро таъмин кард ва садои марговари камонро ба оҳанги хандаи зиндагибахши кӯдакон табдил дод, аз хотири сипосгузорон фаромӯш нашуд ва намешавад. Ва ӯ дар баҳои ранҷҳои кашидаву заҳрҳои чашида ба мартабаи олитарин, ба дараҷаи эҳтирому эътиқоди бузург расид ва Пешвои миллат гардид. Кору пайкораш ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ қиссаву достон шуд.
Ёдрас бояд шуд, ки осуда будану озод нафас гирифтан ва умед бастан ба фардои ҳаёт баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имконпазир гардид.
Соли 1992 Сарвари давлат зимни муроҷиати нахустин ба мардум чунин муҳаббатнома ироа намуда буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…».
Сарвари ҷасуру меҳандӯст ба аҳдаш вафо кард ва тавассути ранҷу талошҳои ҷонсӯз ба қуллаи мурод расид. Дарозтар партофтани лангари умед ва муроҷиатҳои пайдарпайи мақсадноку ватандӯстона ва ба кор бурдани сиёсати оқилона, ки беҳтарин усули ҳамдигарфаҳмӣ, бастани муҳаббату барҳам задани кинаҳо буданд, ҷамъи даъвогарону мансабхоҳон ва гурӯҳҳои фиребхӯрдаро сари андеша овард ва онҳо бо итминони комил даъвату муроҷиатҳои дилсӯзонаи ҷонфидои миллатро пазируфта, роҳи сулҳу ваҳдатро пеш гирифтанд. Президенти кишвар 27-уми июни соли 1997 дар муроҷиати худ аз ҳама рӯйдодҳо хулосаи амиқ бароварда, таъкид намуданд: «Бо дарназардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонаи миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем…». Бо ин ҳама, мисли он ки хок бе сангу гулзор бе хор намешавад, ҳанӯз дар миёни мардум иғвогарон кам набуданд. Роҳи ҳалли ин масъалаи ташвишовар низ дар маркази таваҷҷуҳи вақт буд. Таъмин намудани осудагӣ ва расидан ба хушҳолии ҳамешагӣ воситаи бузурги таблиғотии даврро талаб мекард. Яъне нохуне лозим буд, гиреҳҳои сахти ин риштаи печидаро кушояд ва заминаи боэътимоди ҳаёти фардои дурахшони халқу кишвар бошад.
Сарвари давлат бо рехтани тарҳи ташкилоти ғайриҳукуматӣ — Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳи ба ин мақсади наҷиб расиданро низ ёфт. Ин ташкилоти бонуфуз, ки дар ҳар гӯшаи диёр намояндагии худро дорад, дар 19 соли мавҷудият аз сиёсати хирадмандонаву дастуру ҳидоятҳои меъмори бузургаш баҳра бурда, пояҳои бинои рӯзгори осудаҳолонаву умедбахшро мустаҳкамтар менамояд. Инак, ин ҳама пешравиҳо, ки самараи сулҳу ваҳдат аст, дар ҳар қадами рӯзгори мо ба чашм мерасанд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмонро ба халқи кишвар ва ҷаҳониён тасдиқ ва муаррифӣ карда, номи ӯро дар таърихи давр бо ҳарфҳои заррин сабт менамоянд. Дигаргуниҳое, ки имрӯз ба чашм мерасанд, ба соли пешина муқоисанашаванда мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон сарварии давлати тоҷиконро дар айёме ба уҳда гирифт, ки он хазинаи холӣ дошт. Бегонагон овора будани соҳибмулконро ба муноқиша дида, дороиҳои диёрро бурданд. Баъдтар ин кишвар ба гӯристони пулҳои беқурб табдил ёфт. Мамлакат артиши эътимодноки худро надошт, вале ба сари қудрат омадани марди ҷасур, ватандори асил ва ҷоннисори миллат ба мардуми раҳгумзада умеди раҳоӣ аз вартаи нобудиро бахшид. Инсоне ба сари қудрат омад, ки чархи сиёсати замонро вобаста ба ҳолат ва бардошти вақт тоб дода тавонист. Тез ва муътадил кардани суръати ҳаракати ин чарх маънои афву бахшишҳо ва гоҳҳо мукофотро дошт. Ин дарсу мактаби Сарвари кишвар, ки мақсади расидан ба сулҳу ваҳдати комилро дошт, барои дигар кишварҳои ба ҳолати ногувор афтода намунаи ибрат шуд. Имрӯз ҷаҳониён аз сулҳи бебозгашти тоҷикон сабақ гирифта, ҳангоми рух додани ҳолатҳои ноустувори сиёсӣ аз ин таҷрибаи мушкилкушо баҳра мебаранд.
Натиҷаҳои назарраси иқтисодии кишвар, ки аз дастовардҳои сиёсияш маншаъ гирифтаанд, бори дигар ҳақиқати таърихӣ ва пурсамарии боғи ваҳдатро тасдиқ менамояд. Танҳо таҳлил кардани натиҷаҳои соли 2015 барои ҳикоят кардани роҳи тайгашта ва қисмати гузашта басанда аст. Дар ин сол ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ зиёда аз 48,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014-ум 2, 8 миллиард сомонӣ зиёд аст. Суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар ва сатҳи таваррум, 5 фоизро ташкил дод. Маблағи пасандозҳо то 9 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 35 фоиз афзуд. Нишондиҳандаҳои қарзи давлатӣ нисбат ба ММД 27, 9 фоизро ташкил дод, ки ин рақам тибқи меъёрҳои байналмилалӣ муътадил арзёбӣ мегардад. Вобаста ба рушди иқтисодиёти мамлакат музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз зиёд шуд. Ҳамчунин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа то 20 фоиз ва стипендияҳо то 30 фоиз афзуд. Имсол ба соҳаи маориф нисбат ба соли пешин 10 фоиз зиёд маблағ ҷудо гардидааст. Барои рушди соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ маблағҳои калон ҷудо шудааст, ки далели рушди босуръати иқтисодиёти кишвар мебошанд.
Расидан ба се ҳадафи миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқворӣ сол то сол сифати нав касб карда, ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд. Бунёди нақб, пулу роҳ, неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаву фабрика, мактабҳо, варзишгоҳҳову кохҳои пуршукӯҳ, ба боғҳо табдил додани заминҳои бекорхобида бомаром идома доранд. Имрӯз шаҳру деҳоти кишвар ба таври шинохтанашаванда дигар шуда, бинанда аз тамошои роҳу растаҳо, гулгашту хиёбонҳо ва фаввораҳои рӯҳбахш сер намешавад ва ифтихор мекунад, ки дар чунин диёри зебову афсонавӣ умр ба сар мебарад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ минҷумла чунин гуфта буданд: «Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем».
Ба ин суханони арзишманд, ки бозгӯйи рисолат ва моҳияти муқаддасоти мавриди назар маҳсуб мешавад, чизе илова карданро ҷоиз намедонам.
Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон