24 июни соли 2016 дар шаҳри Тошкент ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз кард. Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши навбатӣ ба 15 — умин солгарди таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай рост омад.
Дар макони баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Ислом Каримов истиқбол гирифт.
Пас аз аксгирии муштарак нахуст ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар теъдоди маҳдуд ҷараён гирифт, ки дар он роҳбарони аввали Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Ўзбекистон иштирок карданд.
Дар ҷаласаи теъдоди васеъ бошад, ҳамчунин сарони давлатҳои нозир — љумҳурињои исломии Афғонистон, Покистон, Эрон, Ҷумҳурии Беларус, Ҳиндустон, Муғулистон ва намояндагони воломақоми як зумра созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ ҳамроҳ шуданд.
Ба кишварони шарики муколама Туркия, Шри-Ланка, Ҷумҳурии Арманистон, Озарбойҷон, Шоҳигарии Непал ва Камбоҷа шомил мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Ўзбекистон ва Ислом Каримов барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи қадрдонӣ намуд.
Ҳамчунин, дар оғози суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати 15 — умин солгарди таъсисёбии Созмон ва сарони давлатҳои Покистону Ҳиндустонро барои шомил шудани кишварашон ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай табрику таҳният гуфт.
Зимни суханронӣ вобаста ба фаъолияти созмон ва таҳияву қабули барномаҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кард, ки татбиқи Стратегияи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2025 барои дурнамои рушди Созмон заминаи воқеӣ мегузорад ва Тоҷикистон қабули Нақшаи амалро оид ба татбиқи ин стратегия давоми 5 соли оянда ҷонибдорӣ мекунад. Барнома имкон медиҳад, ки кишварҳои аъзо ҳамкориро ба сатҳу сифати нав бароварда, нақши созмонро дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ боло баранд.
Аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақшаи амали кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошта шуд. Тақвияти муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақаву ҷаҳон ва тезонидани раванди таъсиси бонк ва Фонди рушди Созмони Њамкории Шанхай баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии дорои аҳамияти минтақавӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷонибдории кишварро барои ҳар чӣ зудтар қабул шудани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризми байналхалқӣ баён намуд.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба дигар паҳлуҳои ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, нақлиёту транзит ва фарҳангию гуманитарӣ андешаронӣ карда, бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро барои таҳкими он муайян кард.
Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо як зумра санадҳо ба имзо расид.
Ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай қабул шудани Покистону Ҳиндустон ва қабули Эъломияи Тошкент аз натиҷаҳои бобарори љаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Ислом Каримов ва Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов оид ба натиҷаҳои кори љаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай изҳорот доданд.