Тоҷикистону Қирғизистон дӯстии анъанавию ҳамсоягии наку доранд

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

1

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 16 майи соли ҷорӣ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон Каликбек Султоновро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг баррасӣ шуд.

Бо ишора ба дӯстии анъанавӣ, ҳамсоягии наку, шарикии боэътимод ва ҳамфикрии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба аксари масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба таҳким ва густариши муносиботи ҳасана ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

www.prezident.tj