Солҳои охир дар мамлакат барои самаранок истифода бурдани манбаъҳои табиӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Масъулини ноҳияи Тоҷикобод ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, баҳори соли равон бо ибтикори раиси ноҳия Ализода Ҳусейн Хоҷамир таъмири асосии канали Сари Пул оғоз ёфт. Масофаи умумии канал 11 километру 250 метрро ташкил медиҳад ва он метавонад заминҳои кишт ва боғҳоро бо оби полезӣ таъмин намояд. Замини кишт дар ин масир 943 гектар, аз ҷумла 111,92 гектар боғро ташкил медиҳад. Саргаҳи канал аз дарёчаи шӯхи Шӯрак, ки аз дараи хушманзараи Нӯшор меояд, ҷорӣ мешавад. Ҳар сол баробари баланд гардидани сатҳи оби дарёча сарбанди он хароб шуда, барои кишоварзон мушкили зиёд эҷод мекард. Акнун сарбанди канал хеле мустаҳкам сохта шуда, баланд гардидани сатҳи об онро вайрон карда натавонист.
- Соли равон боришоти зиёд мушкили таъмини заминҳои киштро бо оби полезӣ то андозае ҳал кард. Сарбанди навсохта ҳам аз санҷиш гузашт. Бовар дорем, ки канали мазкур солҳои зиёд ба кишоварзон хизмат мекунад. Ҳамчунин, ба нақша гирифтаем, ки тирамоҳ сарбанди каналро баландтар бардошта, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаро зиёд намоем, — гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Ализода Ҳусейн Хоҷамир.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир М. РИЗВОНОВ