Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар, манбаи таъмини корхонаҳои коркарди саноат бо ашёи хом ва муҳимтар аз ҳама, ба вуҷуд омадани ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 таъмини амнияти озуқаворӣ махсус таъкид шуд.
Гуфтаҳои Сарвари давлат мо — олимон, хоҷагидорон, деҳқонон ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ин ҳадаф тамоми кӯшишу ғайратамонро равона намоем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои васеи потенсиалии илмӣ, илмӣ- техникиро доро мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ усулҳои нав бо мутобиқ гардонидан ба шароити табиию иқлимии маҳал дар хоҷагиҳои шахсӣ ва дигар шаклҳо дар мамлакат мавриди истифода қарор гирифтааст.
Маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоте, ки аз ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ истеҳсол мешавад, 70 фоизи савдои чакана, гардиши моли давлатӣ ва савдои кооперативиро ташкил менамояд. Дар шароити камзаминии ҷумҳурӣ агар он ғамхорона ва самаранок истифода шавад, манфиатнокиаш зиёд мешавад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ қонунҳо, қарорҳо ва барномаҳои зиёд қабул шуда, ба пешрафти соҳа мусоидат намуданд.
Бояд зикр намуд, ки чораҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ боиси он гардид, ки маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ зиёд гардида, соҳаи растанипарварӣ ва хусусан бахши асосии он — селексия ва тухмипарварӣ рӯ ба тараққӣ орад. Дар ин давра навъҳои нави сермаҳсули пахта, гандум, ҷав, ҷуворимакка, лӯбиёгӣ (нахӯд, мош) сабзавот, картошка, полезиҳо, ангуру себ, шафтолую, зардолу, растаниҳои равғандор (офтобпараст, лӯбиёи чинӣ, зағиру кунҷит) ва ғайра аз тарафи олимону, селексионерони тоҷик офарида, ба истеҳсолот тавсия дода шуданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки тамоми мамлакатҳои тараққикарда соҳаи кишоварзиро ба равандҳои инноватсионӣ алоқаманд намуда, онро дар ҳалли масъалаҳои асосӣ аз ҳама афзалиятнок мешуморанд.
Ҷаҳони муосирро бе рушди технологияҳои истеҳсолии нав тасаввур кардан ғайриимкон аст. Рақобати иқтисодӣ ва меҳнатӣ талаб менамояд, ки маҳсулоти хушсифати рақобатпазир ва бозоргирро истеҳсол намоем.
Ҳамрадиф бо масоили зикршуда, солҳои охир ба сохтмони гармхона диққати махсус дода мешавад. Натиҷаи он табдирҳо он аст, ки ҳоло навъҳои беҳтарину серҳосили помидору бодиринг ва дигар навъи сабзавотро дар ҳама фасли сол дар бозорҳои кишвар дидан мумкин аст.
Дар натиҷаи таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳа, меҳнати софдилонаи кишоварзон, олимону мутахассисон дар солҳои истиқлолият истеҳсоли маҳсулот афзоиш ёфт. Тибқи нишондодҳои оморӣ, соли 2009 дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 1294522 тонна зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (якҷоя бо ҷуворимакка барои дон) истеҳсол шудааст, ки дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон нишондиҳандаи беҳтарин мебошад. Соли 2013 истеҳсоли картошка ба 1115696 тонна, соли 2014 сабзавот ба 1549481 тонна расонида шуд. Соли 2015 дар шаҳри Ҳисор дар майдони 400 гектар боғ бо технологияи навин бунёд ёфта, дар ноҳияи Рашт дар майдони 60 гектар ташкили боғҳои интенсивӣ, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба ҳосилбандӣ сар мекунанд, ба нақша гирифта шудааст.
Комёбиҳои олимон дар соҳаи пахтапарварӣ низ назаррас мебошад. Навъҳои офаридаи олимони Институти зироаткорӣ, пахтаи маҳинахи клейстогамии (гулашон пӯшидаи) «Хуҷанд- 01М» (соли 2016), «Авесто» (соли 2011) ва миёнанахи «20 — солагии Истиқлолият» минтақабоб гардидаанд.
Муҳайё будани шароит, истифодаи техникаю технологияи замонавӣ ва меҳнати самарабахш боис гардид, ки дар ин ҷода комёбиҳои назаррас ба даст оянд.
Чунончӣ, дар хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» (роҳбараш Ғафур Аҳроров) аз шаҳри Истаравшан соли 2008 аз ҳар гектар ангурзор 110 сентнерӣ ҳосил гирифта, бо сарфи 3500 сомонӣ ба ҳар як гектар 10000 сомонӣ даромади соф ба даст оварданд.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 2009 ҳосилнокии майдони 70 гектар гандумро ба 56 сентнерӣ расониданд. Навъҳои ихтироъкардаи картошкаи «Тоҷикистон», «Дӯстӣ», «Файзобод», «Муъминобод», «Рашт» аз тарафи олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Файзобод, Муъминобод, Ғончӣ, Ховалинг ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кишт гардида, аз ҳар гектар 350 — 450 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.
Дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Неъмат»- и кооперативи саҳомии «Ирам»-и шаҳри Конибодом дар се гектар пахтаи маҳиннахи навъи 9326 –В кишт карда, аз ҳар гектар 52 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд.
Дастовардҳои илмию техникӣ ва истеҳсолӣ самараи соҳибистиқлолии кишвар аст ва олимону кормандони соҳа тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳанд дод, то ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба комёбиҳои нав ба нав пешвоз гиранд.
С. САДРИДДИНОВ, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ