Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тағйиру иловаҳо ба конститутсия — роҳ ба фазои нави ҳуқуқӣ

№85 - 86 (3565-3566) 02.07.2016

DSC_1980Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти  Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум» (1 октябри соли 2015 – 30 июни соли 2016)

Вакилони гиромӣ!

Ҳозирини арҷманд!

Имрӯз, чун мо аз кори Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум  натиҷагирӣ мекунем, бояд ба ёд орем, ки он дар шароити ноороми ҷаҳони муосир, зери таҳдиду хатарҳои мухталифи суиистифодаи сиёсату дин, иқтисодиёту фарҳангҳо ба низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории аксар кишварҳои рӯ ба инкишофи олам ҷараён гирифт. Ин ҳолат ногузир хатти марказӣ ва мазмуни раванди қонунгузории моро ба устувории низоми ҳуқуқӣ, афзалияти арзишҳои миллӣ, ҳифзи соҳибихтиёрию сулҳу суботи мамлакатамон ҳидоят намуд.

Мавҷи ноҳамвори пастравии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, буҳрони геополитикӣ, ҷангҳои таҳримӣ ва тиҷоратӣ, уфти нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва шиддати таҳдидҳои дорои хислатҳои мухталиф бо роҳу воситаҳои мухталиф бавоситаю бевосита то сарҳади маънавӣ ва фарҳангии низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари мо эҳсос мешуд.

Мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҳадди зарурӣ тавонистем ҷараёни қонунгузории кишварро дар самти ҳифзи манфиатҳои давлати миллӣ, истиқлолияти кишвар ва устувории заминаҳои низоми ҳуқуқии иқтисодиёт ва иҷтимоиёти миллӣ вусъат бахшем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ин даъват бо дарназардошти печидагиҳои марҳилаи кунунӣ зикр намуданд, ки: «Имрӯз саросари ҷаҳонро буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва рақобатҳои шадиди геополитикӣ фаро гирифтаанд, ки оқибати онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфии худро мерасонанд. Чунин вазъ вусъати ҳар чӣ бештари фаъолияти қонунэҷодкунии парламентро ба хотири таъмини суботу оромӣ ва рушди иқтидори иқтисодиву молиявии кишвар талаб мекунад».

Ин ҳидояти Сарвари давлат роҳнамои фаъолияти қонунгузории палатаи касбии парламенти мамлакат гашт ва самти аслии ин даъватро муайян сохт. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон аз роҳи қонунэҷодкунӣ ба таъмини саривақтӣ ва муассири тадбирҳо оид ба боздошти таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисод, амният ва беҳзистии мардуми Тоҷикистон ва фароҳамсозии шароит ҷиҳати таҳкими минбаъдаи истиқлолияти давлатӣ равона шуд.

Натиҷаҳои кори Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи дувум гувоҳи онанд, ки мо дар маҷмӯъ аз уҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тақозоҳое, ки ҷомеаи кишвар ва ҷаҳони имрӯз дар баробари мо матраҳ месозанд, баромада истодаем. Бешубҳа, дар ин пешравиҳо саҳми мутахассисони баландпояи соҳаҳои иқтисод, ҳуқуқ, соҳибкорӣ, ки дар ҳайати вакилони даъвати панҷум кам нестанд, назаррас мебошад. Онҳо афроди ҳирфаие ҳастанд, ки имкониятҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат ва роҳҳои пешбурди онро беҳтар медонанд. Аслан онҳоро ба ҳамин умед ҳам интихоб кардаанд, ки ба қабули санадҳои фаврии меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати аз вазъи мураккаби иқтисодӣ ва молиявии кунунӣ берун кардани кишвар мусоидати фаъол намоянд.

 Вакилони муҳтарам!

Имрӯзҳо кишвари моро рӯҳияи идона фаро гирифтааст. Ҳар рӯзи наве, ки фаро мерасад, мову Тоҷикистони азизро ба ҷашни пуршукӯҳи 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ наздиктар мекунад.

Истиқлолияти давлатиро метавон рӯйдоди давронсоз, арзиши бузургтарини миллат, василаи ягонаи нигаҳдории ҳусну шоистагиҳои миллӣ унвон кард. Истиқлолият ба мо неъматҳои бешумор дод, ки озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи интихоб аз ҷумлаи нахустинҳои онҳо мебошанд.

Мо дар давоми 25 сол барои худ ва ҷаҳониён борҳо бо амалҳои бунёдкоронаи дохилидавлатию ташаббусҳои созандаи байналмилалӣ исбот намудем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил сурат гирифтааст ва ин давлат сиёсати дохиливу хориҷии мустақил дорад. Инро зуд ё дер ҳатто бадхоҳони мо низ эътироф карданд.

Баъди касби истиқлолият мо пешравиҳо ва уфтҳо, дастовардҳо ва талафҳо доштем. Ин 25 сол аз мушкилот лабрез буд, ҳолатҳое ҳам пеш омаданд, ки роҳи раҳоӣ аз онҳо ҳатто намоён набуд. Мо истиқлолияти давлати хешро дар шароитҳои ниҳоят сахту вазнин ҳифз кардем, ҷанги таҳмилӣ ва муҳосираи иқтисодӣ натавонистанд рӯҳи озодипарасти моро бишкананд. Мо пеш рафтем ва ба роҳи бунёди давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодӣ ворид шудем.

Як нуктаи муҳимро таъкид кардан мехоҳам: давлат яке аз арзишҳои муқаддаси ҳаёти иҷтимоӣ аст, ки ба тамаддуни муосир саодати зиндагии ҳар инсон ва шаклҳои ҳамзистии озодро кафолат медиҳад. Ба давлату давлатдорӣ бояд самимона бовар кард ва худро ба анҷом додани ин масъулияти бошараф пурра бояд бахшид. Ҳар падидаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто ҳуқуқӣ маҳсули заҳмати дастҳо ва тафаккури инсон аст, онҳо дар ниҳоди худ бад ё хуб шуда наметавонанд. Ҳар устуворию заифӣ, ҳар таъсиррасонии мусбату манфие, ки аз онҳо сар мезанад, натиҷаи фаъолият ва эҷоди мо — инсонҳост. Аз ин рӯ, ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дар давлатамон худи мо ҳастем: намешавад хубро ба номи худ нависему бадро ба зӯр аз хеш ҷудо созем ё танҳо аз камбудиҳо гӯему дастовардҳоро нодида гирем. Созандагони давлат мо ҳастем. Ҳар яки мо ҳастем, ки ин кори дастҷамъона ва вазифаи муқаддас имконпазир мегардад. Пас мо бояд ин масъулиятро дар ҷойи худ дуруст дарк намоем.

Бо вуҷуди мушкилот, дар давоми чоряк асри истиқлолият Тоҷикистон ба комёбиҳое ноил гашт, ки роҳи рушди моро бозгаштнопазир мегардонанд. Институтҳои демократӣ таъсис додем, ҷомеаи шаҳрвандӣ эҷод кардем, заминаҳои муҳимтарини рушди иқтисодиётро фароҳам сохтем. Дар ин солҳо кишвари мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд ва дар ҳифзи сулҳу субот ва амнияти сайёра фаъолона саҳм мегирад. Ба шарофати сиёсати хориҷии санҷидашуда, шаффоф ва пайгирона мо тавонистем бо неруҳои гуногуни мустақар дар минтақаамон ҳамкориҳои мутақобилаи судманд роҳандозӣ кунем ва Тоҷикистонро аз таконҳои ҷиддии геополитикӣ ҳифз намоем.

Вале дар ин маҷро бояд дарк намуд, ки бунёди давлатдорӣ раванди ҳамешагӣ мебошад: институтҳои демократӣ, парламент бояд пайваста комилтар шаванд, то ба таври шоиста хидмати шаҳрвандонро ба ҷо оварда тавонанд ва ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегиамон мусоидат намоянд.

Агар ба дастовардҳои худ дар даврони истиқлолият назар андозем, муҳимтаринҳояшон, бебаҳс, барқарор кардани сулҳу субот дар саросари кишвар, бунёд ва ҳифзи давлатдории миллӣ ва аз хатари парокандагӣ нигоҳ доштани халқи тоҷик маҳсуб мешаванд.

Ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, ба номи Пешвои миллатамон иртибот мегиранд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ҳамон шахсиятҳои бузурги ҷаҳонист, ки бо амри тақдир маҳз дар марҳилаҳои бисёр душвори таърихӣ зуҳур мекунанд ва барои наҷоти миллату давлати худ масъулиятро бар дӯш мегиранд.

Бисёр сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳон ҳам эътироф кардаанд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бузургтарин неъмат — умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳанд.

Дигар аз дастоварди муҳими Тоҷикистон татбиқи муваффақонаи сиёсати «дарҳои кушода» ё худ сиёсати бисёрқутбӣ мебошад.

Сиёсати «дарҳои кушода» асоси сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Таваҷҷуҳ кунед: ҳар сол байни Тоҷикистон ва садҳо кишвари ҷаҳон гардиши молҳо сурат мегирад; Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра 1200 санади дутарафа ба имзо расондааст; Тоҷикистон бунёдгузори формати нави муколамаи кишварҳои форсизабон (сегонаи Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон) ва созмони «Чоргонаи Душанбе» (Тоҷикистон — Россия — Афғонистон — Покистон) мебошад. Ҳамаи инҳо ва боз даҳҳо намунаи дигарро метавон мисол овард, ки маҳсули сиёсати «дарҳои кушода» ба шумор мераванд.

Ҳамчунин, Тоҷикистон ба ин васила тавонист бо Россия, Чин, ИМА, Эрон ва Иттиҳоди Аврупо равобити босубот роҳандозӣ кунад.

Фикр мекунам, таъсиси парламенти касбиро низ метавон аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ном бурд.

Ин ҷо бояд ёдовар шавам, ки Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди мушкилоти зиёди замони ҷанги шаҳрвандӣ, ҳанӯз соли 1993 дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олӣ оид ба таъсиси парламенти касбӣ изҳори андеша карда буданд. Аммо мавҷудияти як қатор омилҳо, бахусус мушкилоти иқтисодӣ, имкон надоданд, ки татбиқи амалии ин андеша таъмин карда шавад.

Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мо муяссар шуд, ки соли 1999 бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон парламенти касбии думаҷлисаро ташкил диҳем.

Маҳз аз ҳамон вақт дар Тоҷикистон парламентаризм, ҳамчун институти мустақили дорои хусусиятҳо, принсипҳо ва меъёрҳои ба худ хос, ба як зинаи нави рушд расида, фаъолияти худро боз ҳам густурда намуд.

Заминаҳои ҳуқуқии рушди минбаъдаи принсипҳо ва меъёрҳои парламентаризмро тағйиру иловаҳои соли 2003, ки ба Конститутсия ворид гардиданд, таъмин намуданд.

Дар давлатҳои демократӣ парламентаризм яке аз принсипҳои бунёдӣ шинохта шудааст. Ба ин таърихи чандинҳазорсолаи башар гувоҳ аст.

Кишварҳое, ки имрӯз рушди устувори ҷомеаҳо ва зиндагии босаодати мардумони хешро таъмин кардаанд, ҳамон кишварҳоянд, ки парламентаризми пешрафта доранд ва дар онҳо волоияти қонун ҳукмфармо мебошад.

Натиҷаҳои фаъолияти парламенти касбии Тоҷикистон дар даъватҳои гузашта ва як соли даъвати кунунӣ нишон медиҳанд, ки дар кишвари мо парламентаризми муосир бо роҳи эволютсионӣ ташаккул ёфта, ба як институти демократии давлативу сиёсӣ мубаддал гашта истодааст.

Вале мусаллам аст, ки барпосозии парламентаризми асил раванди тӯлонӣ мебошад. Дар ҷаҳон моделҳои зиёди парламентаризм мавҷуданд. Мо бояд таҷрибаи пешқадами давлатҳои гуногуни дунёро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем ва дар сурати зарурат аз онҳо эҷодкорона истифода намоем.

 Дӯстони азиз!

Яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳамасола дар ҳаёти парламенти кишвар ин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Пешниҳод гардидани Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчун ҳуҷҷати барномавии стратегӣ ва оғозбахши соли нави молиявӣ, дар фарҳанги сиёсии миллатамон ба ҳукми анъана даромадааст.

Соли равон низ, 20-уми январ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар муқаддимаи суханронии Пешвои миллат чандин омили муҳими вазъи ҷаҳони муосир, ба монанди густариши зуҳуроти терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва шиддати буҳрони молиявию иқтисодӣ, ҳамчун унсурҳои хатарзо ва нигаронкунандаи олам баҳогузорӣ карда шуданд.

Ин ҷо танҳо ба якчанд нуктаи муҳимтарини Паём таваҷҷуҳи шуморо ҷалб намудан мехоҳам.

Президент таъкид намуданд, ки дар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» се ҳадафи миллии эълонкардаамон: дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчунон вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем. Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифатҳои нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада,  ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод.

Сарвари давлат аз хусуси татбиқи лоиҳаи СASA -1000 гуфтанд. Баъдтар, 12 – уми майи соли равон, мо ҳама шоҳид будем, ки дар шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи САSА-1000 расман оғоз гардид.

Дар сурати татбиқи тарҳи бузурги минтақавии CASA-1000 Тоҷикистон ва Қирғизистон имкон пайдо мекунанд, ки солона дар мавсими тобистон дар ҳаҷми 5 миллиард кВт/соат неруи барқ ба кишварҳои Афғонистон ва Покистон интиқол диҳанд, ки аз он интиқоли 3 миллиард кВт/соат неруи барқ ба Тоҷикистон рост меояд. Ба шарофати CASA-1000 Тоҷикистон дар бозори минтақавӣ мавқеи худро муайян ва мустаҳкам хоҳад намуд ва ҳамзамон, қадами муҳиме ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ хоҳад гузошт.

Ҷиҳати мусоидат ба истиқлолияти энергетикӣ парламенти кишвар дар ин давра як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намуд, ки Қарордоди молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон», Шартномаи консессияи Неругоҳи барқи обии ҳароратии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Ҳос Повертеч Интернешнл («Hos Powertech International SDN BHD»), Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA — 1000)», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба «Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Мавзӯи амнияти озуқаворӣ бошад, бо масъалаи баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ барои афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ пайванди мустақим дорад.

Президенти кишвар дар Паёми хеш зикр намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумат «Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020» қабул гардид, ки тибқи он дар 5 соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст.

Барои татбиқи барномаи мазкур дар тамоми ҷумҳурӣ аллакай корҳои муайяне анҷом дода шуданд. Вале барои расидан ба амнияти озуқаворӣ бояд ба ҳосилнокии боғу токзор ва зироатҳо низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона созем. Мо мисли Россия ва Қазоқистон барои кишт замини зиёд надорем. Ва агар аз замини кам боз ҳосили кам бигирем, табиист, ки ба ҳадаф намерасем.

Парламенти кишвар дар давраи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҷиҳати ислоҳи вазъият якчанд қонун қабул намуд, ки ҳамааш бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Чунончӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ». Тавассути ин қонунҳо тадбирҳои комилан нав ва дар айни замон зарурии дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ муқаррар шудаанд.

Дар Паёми имсола ҷараёни иҷрои корҳо ҷиҳати раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳам мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифт.

Дар давоми соли 2015 дар маҷмӯъ қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 пул сохта ва барқарор карда шудааст.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани заминаи ҳуқуқии тасмимоту кӯшишҳои Ҳукумати кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба монанди Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома оид ба маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА байни ҳукуматҳои Тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба оид ба нақлиёти байналмилалӣ барои рушди долони Аврупо — Кавказ — Осиёро қабул намуд.

Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ва шиддат гирифтани низоъҳои мазҳабӣ дар кишварҳои Шарқ ҳимояи марзу буми кишвар ва амнияти давлату миллат ба масъалаи ҳаётан муҳим табдил ёфтааст. Экстремизм, терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун ҷиноятҳои вазнини зиддиинсонӣ аз доираи як давлат ва миллат берун ҷаста, хусусияти фаромиллӣ ва байналмилалиро касб кардаанд ва миллатҳо, динҳо, мазҳабҳо ва ҳатто давлату тамаддунҳоро дар муқобили ҳам қарор додаанд. Ин вазъият аз ҳар вақти пеш аз мо ҳушёрию зиракии бештарро талаб менамояд.

Парламенти кишвар вобаста ба таҳдидҳои пешомада ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи амният» ва амсоли инҳо тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намуд.

 Дӯстони муҳтарам!

Дар давраи ҳисоботӣ ду ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 34 ҷаласаи Шӯро ва 29 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон барпо гашт. Аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, 221 санад қабул шуд.

Дар миёни санадҳои қабулшуда 10 қонуни мукаммал, 1 кодекс, 6 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 75 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 43 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва 91 созишнома, қарордод, конвенсия, ёддошт, аҳднома, протокол, шартномаҳои байналмилалӣ ва дурнамову барномаҳои давлатӣ мебошанд.

Аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда лоиҳаи 62 адад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 адад аз сӯи Ҳукумати кишвар ва 29 адад аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд.

Яке аз қонунҳои муҳимтарин, ки дар давоми ин даъват қабул шуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018» мебошад.

Дар Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, самтҳои стратегияҳои миллӣ, «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018», барномаҳои афзалиятноки соҳавие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст, инчунин дархостҳои мо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Ҳаҷми умумии даромади буҷет дар соли 2016-ум 18 миллиарду 306 миллион сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли 2015 — ум 19,8 дарсад ё 3 миллиарду 28 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ бошад, 18 миллиарду 594 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 3 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷудаи ташаккули Буҷети давлатӣ, Ҳукумат дар буҷети соли 2016 барои соҳаҳои тандурустӣ, маориф, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маблағгузориро ҳамчунон афзоиш дод. Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2016-ум 8 миллиарду 328 миллион сомонӣ буда, нисбат ба соли гузашта 581 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз миёни санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда мехоҳам, ҳамчунин оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъини раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» муфассал сухан кунам.

9-уми декабри соли гузашта Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро, ки аз тарафи як гурӯҳ вакилон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, дар фазои тантанавӣ қабул намуд.

Қобили таъкид аст, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамагӣ 25 сол умр дорад. Ин дар назди таърих фурсати хеле ва хеле кам аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки бунёди давлати мутамаддину пешрафта кори як даҳсола ва ҳатто садсола нест. Мо танҳо марҳалаи шаклгирии давлатдориамонро пушти сар карда истодаем. Дар пеш корҳои зиёду душвор ҷиҳати таҳкими давлату давлатдорӣ истодаанд. Ва имрӯз барои миллати азиятдида, ранҷхӯрда ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик доштани Пешво ҳамчун падидаи сиёсӣ дар шароити ноороми ҷаҳон ҷиҳати вусъати муттаҳидии халқ атрофи ғоя ва андешаҳои созандаи ӯ аҳамияти рӯзафзуни таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро доро мебошад.

Далели бузургу раднопазири ба ин иқдом даст задан фаъолияти содиқона, созанда ва эътирофшудаи фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллат, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар лаҳзаҳои вазнинтарини зиндагии халқ ба сари қудрат омада, ба дили мардумон умед, ба хонаи мотамзада ханда ва ба Ватани азизи мо сулҳу суботро оварда, дар бунёди давлату эҳёи миллат нақши таърихиро иҷро карданд.

Бо арзи эҳтиром ба пешниҳоду дархости интихобкунандагон, бо дарки масъулият дар назди таърих, имрӯз ва ояндаи миллату давлат, бо арзи эҳтиром ба хизматҳои содиқонаи фарзанди Қаҳрамони миллат Эмомалӣ Раҳмон Парламенти кишвар ба қабули ин қонуни дар ҳақиқат таърихӣ иқдом намуд.

Аслан, Президентамон Эмомалӣ Раҳмон пешвои шинохташудаву эътирофгаштаи миллат буданд, мо танҳо ин воқеияти айниро бо санади меъёрии ҳуқуқӣ эътироф кардем.

Вале бояд дар хотир дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» бо ҳамин либоси қонунӣ пӯшонидани воқеияти эътирофшуда таъиноти иҷтимоии худро пурра анҷом намедиҳад. Зеро аҳамият ва вазифаҳои таърихии қонун, ҳамчун ифодагари як даврони вазнини давлатсозии миллати тоҷик, як саҳифаи муборизаи қаҳрамононаи фарзанди содиқи халқ бо бардошти бори амонати ҳифозати ваҳдати ҷомеа, суботи мардум, оромии халқ ва Ватани азизамон — Тоҷикистон, пас аз даҳсолаҳо ва садсолаҳо бештару ҷолибтар ҷило хоҳад дод. Дар саргаҳи давлатдории навини мо эътироф шудани чунин фарзанди барӯманду қаҳрамон кафолати устувории давлат, манбаи назарии тарбияи наслҳои оянда ва муттаҳидии халқ атрофи ормонҳои созандаи миллати соҳибдавлат аст.

Ҳадафи аслӣ аз қабули чунин қонун ҳимояи корҳои неки оғозгардида, муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созанда, нигоҳдошти роҳи таърихии рушди Тоҷикистон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва тавсеаи таҷрибаи мусбати ватандорист.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз шинохт ва эътирофи онҳо демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон ҳеҷ зарар надида, баръакс онҳо ба ин васила ибтидои давлатдории худро аз назари ҳуқуқӣ эълон карда, роҳи рушди босуботи давлатро ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ҳифз намудаанд.

Доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст.

10- уми феврали соли 2016 дар таърихи парламентаризми тоҷик чун санаи муҳими таърихӣ сабт шуд. Он рӯз Маҷлиси намояндагон бо қабули ду қарори сарнавиштсоз: Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъини раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷиҳати такмили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои муҳим ва устувор гузошт. Парламенти кишвар, ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор, омодагии хешро дар мавриди гузариш ба давраи нави рушди низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва марҳилаи тозаи таърихи давлатдории миллӣ расман эълом дошт.

Дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 22 – юми майи соли равон барпо гашт, аз шумораи умумии раъйдиҳандагон 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар раъйдиҳанда ё худ 92 дарсад иштирок намуд. Аз ин шумора ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 94 дарсад раъй дод.

Ҷараёни раъйпурсиро 7 ҳазору 500 мушоҳиди миллӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, созмонҳои ҷавонон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин зиёда аз 120 мушоҳиди байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида карданд ва баҳои баланд доданд.

Зарурати ин иқдомро метавон чунин шарҳ дод:

Якум. Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон, тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Ин тағйироти Конститутсия ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд.

Дуюм. Тағйиру иловаҳои воридшуда ба тавсеаи минбаъдаи равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо равона шудаанд.

Сеюм. Бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омад, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд.

Чорум. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ буд. Тағйиротҳо имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.

Маҷлиси намояндагон бо қабули ду қарори сарнавиштсоз дар такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои муҳим ва устувор гузошт. Тағйиру иловаҳои воридшуда қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқӣ ва ба таҷрибаи ҷаҳониву стандартҳои байналмилалӣ созгор мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аслан як таҷрибаи фарогири ҷаҳонист, ки дар ҳамаи мамлакатҳо бинобар ногузирии такмили асосҳои сохтори конститутсионӣ, мутобиқ намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди давлатдорӣ ба тақозои замон ва таъмини равнақи ҷомеа сурат гирифтааст ва минбаъд низ ба он рӯ хоҳанд овард.

Ду қонуни дигар, ки дар ҷомеаи кишвар мавриди баҳсу баррасии зиёд қарор гирифт, марбут ба никоҳи хешутаборони наздик ва номгузории миллӣ буд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 бармеоянд, пешниҳод гардида буд.

Мақсад аз ворид намудани тағйироти мазкур, пеш аз ҳама, ташкил намудани оилаи солим ва ба дунё овардани насли солим аст. Мо дар сурате ба ин ҳадаф мерасем, ки никоҳшавандагон аз вазъи саломатии ҳамдигар, аз натиҷаи муоинаи дақиқи тиббӣ огоҳ шуда, аз бунёди оилае, ки боиси бадбахтиҳои оянда хоҳад гашт, худдорӣ кунанд.

Муқаррароти пешниҳодшаванда характери пешгирикунанда дорад, зеро мавҷудияти беморие, ки саломатии никоҳшавандаи дигарро зери хавф мегузорад, дер ё зуд боиси вайрон шудани оила гашта, рушди ҷомеаро халалдор месозад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз январи соли 2015, зикр карда шуд, ки дар қаламрави кишвар қариб 13 000 кӯдаку навраси маъюби то 18 — сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешавад, ки теъдоди зиёди онҳо аз никоҳи хешутабории наздик ба дунё омадаанд.

Сабаби дигаре, ки боиси таваллуди кӯдакони маъюб мегардад, бемориҳои сироятии вирусӣ буда, чунин бемориҳо дар байни оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба назар мерасанд.

Бо мақсади сари вақт ошкор намудани ин гуна бемориҳо гузаронидани муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ва муҳоҷирони меҳнатӣ низ тадбири муҳим ба шумор меравад.

Мақсади асосии тағйиру иловаҳо дар моддаи 15 — уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ва шинос кардани онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар мебошад.

Дар моддаи 14 — уми Кодекси мазкур бастани никоҳ байни хешовандони наздик: байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳарон, бародару хоҳар, байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода манъ карда шудааст. Ҳамчунин, дар моддаи мазкури Кодекс омадааст, ки шахсони аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузашта ҳуқуқ ба бастани никоҳро надоранд.

Номгузории миллӣ бошад, яке аз асосҳои муҳими эҳёи анъана ва дигар арзишҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Бо мақсади арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои писандидаи фарҳанги миллӣ, ҳамчунин пешгирии тамоюли номгузории ба фарҳанги тоҷикӣ бегона Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро қабул намудем.

Тағйиру иловаҳои воридшуда номувофиқатии дохилии моддаҳои қонунро оид ба тартиби сабти насаб, ном ва номи падарӣ бартараф менамояд.

Тибқи қонуни мазкур ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд бояд насаб ва ном, инчунин метавонад номи падарии ба асосҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асоснок дошта бошад. Ҳамзамон мутобиқи қонуни мазкур ба номи шахс ҳамроҳ кардани тахаллусҳо, ки боиси тафриқаандозии одамон мегарданд, манъ карда мешавад.

Ҳамзамон, дар сатҳи қонун ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шудааст.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур, инчунин тартиби ивази насаб, номи шахс ва номи падарӣ танзим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки номгузории миллӣ дар ҳар давру замон мақому манзалати бузург дошта, тафаккур, заковати фитрӣ, шуури маънавӣ ва анъанаҳои бузурги фарҳангсолории миллиро сайқал дода, дарҳои маънавии ҷомеаро ба сӯи фарҳанги миллӣ боз менамояд.

 Ҳамкасбони азиз!

Бо вуҷуди ин ҳама комёбиҳо, дар соҳаи эҷоди қонун то имрӯз як силсила мушкилоти куҳна боқӣ мондаанд.

Якум, сифати на чандон хуби баъзе лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегарданд. Албатта, дар қиёс ба солҳои пеш беҳбудӣ ба мушоҳида мерасад, вале сифат ҳанӯз ҳам посухгӯи талабот нест.

Дувум, номувофиқатии матни лоиҳаҳои тоҷикӣ ва русии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз ҷумлаи «мушкилоти ҳамешагӣ» боқӣ мондааст. Ин иллат бахусус ба созишномаҳо хос аст.

Ҳанӯз ҳам ба забони русӣ таҳия кардани лоиҳаҳои қонунҳо ба мушоҳида мерасад ва ҳангоми ба забони давлатӣ баргардондани матни онҳо табиат ва вижагиҳои забони тоҷикӣ гоҳҳо сарфи назар мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ба забони ноби тоҷикӣ низ ҳама гуна қонунро суфтаву дақиқ навиштан мумкин аст.

Сеюм, риоя нашудани муҳлатҳои барои пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршуда мебошад.

Умед дорем, дар мавриди ҳалли мушкилоти ёдшуда аз тарафи вакилон тадбирҳои дахлдор андешида хоҳанд шуд.

 Вакилони гиромӣ!

Таҳлили фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҷараёни Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум таҷрибаи қонунгузории вакилони мо батадриҷ афзуда, кор дар самти намояндагӣ ҳам суръату сифати тоза касб кардааст.

Маълум, ки кор бо муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандон яке аз муҳимтарин ҷузъи фаъолияти Маҷлиси намояндагон ба шумор меравад.

Дар давраи ҳисоботӣ кумитаҳо мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 505 муроҷиати хаттии ба унвони Маҷлиси намояндагон воридгардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, 669 нафар шаҳрвандро ҷиҳати расидагӣ ба дархостҳояшон бевосита қабул намудаанд.  Аз ҷумла, роҳбарияти Маҷлиси намояндагон 79 нафар ва кумитаву комиссияҳо 590 муроҷиаткардаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар пешниҳод, дархост ва арзу шикоятҳои интихобкунандагон бештар норизоятӣ аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти молия ва андоз, хизмати коммуналиву манзилӣ, қонуншиканиҳо дар тақсими қитъаи замини наздиҳавлӣ, ҳамчунин баҳси моликияту мерос ва проблемаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасанд.

Омӯзиши муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳад, ки на ҳамеша мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, молия ва андоз, кумитаи замин, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ аз рӯи талаботи қонун амал кардаанд. Дар натиҷаи тафтишҳо аксарияти ваҷҳҳои дар муроҷиатҳои шаҳрвандон овардашуда тасдиқ гардидаанд.

Мактуб ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон асосан аз тарафи вакилон мавриди санҷиши дақиқ қарор дода шуда, дар ҳолати зарурӣ мутасаддиён ва коршиносони вазорату ташкилотҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли масъалаи бамиёномада ҷалб карда мешаванд.

Аксари арзу шикоятҳо аз рӯи иртибот барои баррасӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Ҳукумати кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардида, то ҳалли ниҳоӣ зери назорат гирифта шудаанд.

Мактубу дархостҳое, ки аз корхона ва ташкилотҳо, муассиса ва идораҳои ҷумҳуриявӣ (151 адад) ва созмонҳои хориҷӣ (16 адад) ба Маҷлиси намояндагон ворид гардиданд, низ аз ҷониби роҳбарият, Дастгоҳ, кумита ва комиссияҳо ё вакилони алоҳида бо ҳисси баланди масъулият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муаллифон дар номаву дархостҳояшон бештар ба масъалаҳои шарҳи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барқарор намудани адолати судӣ, қонуншиканӣ ҳангоми таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ситонидани маблағи андоз дар ташкилоту муассисаҳо, шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва Буҷети давлатӣ рӯ овардаанд.

Маҷлиси намояндагон ба Вазорати молия, Кумитаи андоз, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва дигар идораҳои давлатӣ ҷиҳати баррасӣ ва чораҷӯӣ беш аз 70 нома фиристод, ки то имрӯз ба аксари кулли онҳо посухи мушаххас ворид гардидааст.

Аз муҳтавои номаҳои ирсолнамудаи созмонҳои хориҷӣ бошад, чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва парламентҳои давлатҳои дигар бештару беҳтар шудаанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни ду сафари дарозмуддат ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки садҳо дидору гуфтугӯ бо интихобкунандагон доштанд, корҳои зиёди тарғиботиро ҷиҳати шарҳу тафсири нуктаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи ҷумҳурӣ пешниҳодгашта ва фаъолияти Маҷлиси намояндагон анҷом доданд.

Ҷиҳати ҳалли як силсила проблемаҳои сатҳи давлатӣ, ки аз тарафи интихобкунандагон дар миён гузошта шуданд, ба унвони Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроия ва ҳифзи ҳуқуқ дархостҳои вакилӣ низ ирсол карда шуданд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аксари вакилони мо ба намояндагӣ аз парламенти Тоҷикистон дар суҳбатҳои «мизи гирд»-у форумҳо, конфронсу семинарҳо, вохӯриҳову дигар ҳамоишҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ иштироку суханрониҳо доштанд.

Дар ҷараёни 12 муҳокимаи парламентӣ, ки дар сатҳи Маҷлиси намояндагон ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагон доир шуданд, масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Чунончӣ, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар сатҳи Маҷлиси намояндагон рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020»-ро баррасӣ кард, ки дар муҳокимаи парламентӣ муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд. Татбиқи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2015» ва Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» мавзӯъҳои дигари муҳокимаҳои парламентии ин кумита интихоб шуданд ва дар сатҳи кумита барпо гаштанд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия низ яке аз муҳокимаҳои парламентии худро дар сатҳи Маҷлиси намояндагон доир намуд, ки оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар нуҳ моҳи соли 2015 буд ва хеле ошкоро ҷараён гирифт. Муҳокимаи парламентии дигари кумита истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиеро фаро гирифт, ки ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ равона шудаанд.

Ҷараёни иҷрои «Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2016», ки нигаронкунанда буд, мавриди муҳокимаи парламентии Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ қарор гирифт. Муҳокимаи парламентии дигари ин кумита, ки низ проблемаи доғи ҷомеа маҳсуб мешавад, оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» буд.

Ду муҳокимаи парламентии Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва сарфаҷӯии неруи барқ барои солҳои 2009 — 2015» ва «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 — 2015» — ро, ки муҳлати иҷрояшон ба поён расид, фаро гирифт.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон зимни ду муҳокимаи парламентӣ татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 — 2015» ва «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011 — 2015»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ низ як муҳокимаи парламентӣ баргузор намуд, ки вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» буд.

Дар ҷамъбасти ҳар як муҳокимаи парламентӣ аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон қарору тавсияҳо қабул ва ҷиҳати чораҷӯӣ ба Ҳукумат, вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ирсол карда шуданд, ки онҳо зери назорати ҳамешагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар давоми Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум инъикоси фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» ва дигар воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ буд. Радио ва телевизионҳо, агентиҳо ва рӯзномаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда, муҳокимаҳои парламентӣ, қабулҳои расмии роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, сафарҳои кории вакилон ба кишварҳои хориҷа ва иштироки онҳо дар форумҳои байналмилалӣ мароқи зиёд зоҳир карданд.

Ҳам дар муҳтаво ва ҳам дар ороиши рӯзномаи «Садои мардум» тозакориҳои эҷодӣ пайдо шуданд. Ҳайати эҷодии рӯзномаро зарур аст, ки таҳти роҳбарии сармуҳаррири нави худ ҷиҳати инъикоси боз ҳам коршиносона ва фарогири ҳаёти пурҷӯшу хурӯши парламенти кишвар кӯшишҳои бештар ба харҷ диҳанд.

Роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон хабаргузориҳои дохилию хориҷии «Ховар», «Азия-плюс», «Авеста», «ИТАР-ТАСС», «Мир», «Регнум-Россия», «Франс-Пресс», «Озодагон», «Тоҷнюс», «Озодӣ», «Би-Би-Си», «Нигоҳ», «Фараж», «Миллат», «Имрӯз-нюс», «Тоҷикистон» беш аз 80 хабару гузориш интишор карданд.

Дар бораи вохӯриҳои вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон дар радиову телевизион ё нашрияҳои кишвар гузоришҳо пахш ё нашр шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар аксари кулли хабару гузоришҳои батабърасида паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Маҷлиси намояндагон воқеъбинона инъикос ёфтанд.

Дар ин муддат 34 барномаи «Соати парламентӣ» ба воситаи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» пахш гардид. Дар ин барномаҳо маводи ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ба тамошобин ба таври муфассал шарҳ дода мешаванд, ки ин барои шинохти рисолати Маҷлиси намояндагон хеле муҳим аст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон 28 дафъа дар барномаҳои шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва 16 бор дар барномаҳои ширкати телевизионии «Мир» баромад карданд, инчунин дар матбуоти кишвар оид ба моҳияти қонуну қонунгузорӣ, масъулияти вакилӣ, масъалаҳои муҳимтарини давлату давлатдорӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон даҳҳо мақолаи таҳлилӣ ба табъ расонданд ва суҳбатҳои ҷолиб оростанд, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа хеле хуб пазируфта шуданд.

Дар ин комёбиҳо заҳмати кормандони шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, албатта, кам нест. Онҳо кӯшиш карданд, ки ба нигоҳдории номи неки Маҷлиси намояндагон, ҳамчун институти шаффофтарини ҳокимияти давлатӣ, мусоидат намоянд.

Дар рангорангии фаъолияти Раиси Маҷлиси намояндагон кормандони Котибот ва шуъбаҳои дигари Дастгоҳ ҳам саҳми зиёд гирифтанд. Онҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иттилои саривақтӣ оид ба вазъи Тоҷикистону ҷаҳон ва ҳуҷҷатҳову маълумоти корӣ таъмин сохтанд, мулоқотҳояшро бо меҳмонҳои баландпояи хориҷӣ дар сатҳи хуб ташкил карданд, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сафарҳо ба дохилу хориҷи Тоҷикистон ва ҳангоми қабули шаҳрвандони кишвар ҳамроҳӣ намуданд, инчунин дар фаъолияти қонунгузории Маҷлиси намояндагон иштироки доимӣ доштанд. Дар маҷмӯъ, метавон зикр намуд, ки фаъолияти Дастгоҳ дар давраи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон ва Низомномаи худи Дастгоҳ посухгӯ буд.

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, инчунин ҷиҳати ободонии ҳудуди бино ва парки автомобилии идора, беҳтарсозии шароити кори вакилону кормандони Дастгоҳ ва сарфаву сариштаи маблағҳои буҷетӣ бо назардошти вазъи мураккаби молиявию иқтисодии ҷаҳону Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дод.

Ҳамзамон, роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро мебояд, ки ҷиҳати афзудани донишу таҷриба ва малакаи кории хизматчиёни давлатии Дастгоҳ, бахусус мушовирони калони кумитаҳо, инчунин омода намудани бино, техникаҳо ва иншооти дигари ёрирасон ба фасли зимистон тадбирҳои муассир андешад.

 Ҳозирини муҳтарам!

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи сиёсати байнипарламентӣ корҳои зиёдеро амалӣ намуда, дар рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо кишварҳои хориҷии дуру наздик нақши муассир мегузорад.

Бо мақсади афзудани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 41 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байнипарламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ташкил намуд.

Вакилони мо бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Парламенти Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, парламентҳои кишварҳои аврупоиву осиёӣ, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон робитаи зич доштанд. Онҳо зимни беш аз 40 сафари худ ба кишварҳои хориҷӣ аз минбарҳои баланд суханронӣ ва аз манфиатҳои миллии мо сарбаландона ҳимоят намуда, ҳамзамон пешниҳодҳои қобили мулоҳизаи хешро ҷиҳати тақвияти мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир иброз дошта, аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд.

Бо ин хотир, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафари корӣ анҷом дода, дар мавзӯи «Қарор додани демократия дар хидмати сулҳ ва рушди устувор» суханронӣ намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат ва суханронӣ дар Форуми байналмилалии «Дурнамои иқтисодии АвруОсиё» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.

Дар ҷараёни сафар ба Давлати Кувайт Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳайати ҳамроҳаш бо Раиси Парлумон (Маҷлиси Умма), валиаҳди Давлат, Сарвазир, Мушовири Девони Амир, Раиси Фонди хайриявии исломии ин кишвар як силсила мулоқотҳои судманд доир намуданд.

Бо даъвати Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон ба шаҳри Исломобод сафар намуд. Дар доираи сафари мазкур бо Раиси Ассамблеяи миллӣ, Раиси Сенат, Президент, Сарвазир ва дигар ашхоси баландпояи давлатии ин кишвар мулоқотҳо доир шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ, инчунин бо даъвати Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва Раиси Маҷлиси Миллии Корея сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва сурат гирифт.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои иштирок дар чорабиниҳои ин созмон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни ин сафар бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон ва Раиси Мажилиси Парламенти Қазоқистон масоили вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарламентиро баррасӣ намуд, Ҳамчунин дар чорумин Форуми байналмилалии «Дурнамои иқтисодии АвруоОсиё» иштирок ва суханронӣ кард.

Дар дидору гуфтугӯи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия ва Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҳодисаи қабристони Ховански шаҳри Москва, ки боиси маргу захмӣ гаштани якчанд шаҳрванди Тоҷикистон ва мавзӯи баҳсу баррасии шадиди матбуот ва ҷомеаҳои Тоҷикистону Россия шуд, низ аз масъалаҳои асосӣ ба шумор мерафт.

Мо хостори ҳалли мунсифонаи ин қазия ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорону ашхоси дар пушти он қарордошта шудем. Зеро баъзе сиёсатмадорон ва чанде аз нашрияҳову телевизионҳои Россия бо суиистифода аз ин қазия ҷиҳати боз ҳам бадтар кардани вазъи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия садо баланд карданд.

Мусоҳибон бо ибрози таассуф аз ҳодисаи рухдода, ба аҳли хонаводаҳои қурбониён ҳамдардии амиқ баён карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки ҳеҷ гуна аъмоли муғризонаи ашхоси алоҳида ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ наметавонанд муносибатҳои неки моро доғдор созанд. Валентина Матвиенко ва Сергей Наришкин итминон доданд, ки қазияи мазкурро зери назорати шахсӣ мегиранд ва ба ҳалли мунсифонаи он мусоидат мекунанд.

Мо ҳамчунин пешниҳод намудем, ки аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва депутатҳои Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия гурӯҳи парламентие таъсис дода шавад, ки бевосита ба ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия машғул шавад. Пешниҳод аз ҷониби Раиси Дума пазируфта шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои байнипарламентӣ беш аз 30 мулоқот ва қабули расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо ҳайатҳои расмии ба Тоҷикистон ташрифоварда, бо сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ доир гардид.

Вохӯрӣ ва мулоқотҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Давлати Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, маърӯзачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ Лео Хеллер, сафири фавқулода ва мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аленезӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин, намояндаи доимии дафтари Хазинаи рушди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнанӣ, раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парламенти Исроил бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарен Ҳаскел, ҳайати Парламенти Аврупо, намояндагони Форуми парламентҳои Осиё, Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, вакилони Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуданд, ки хеле судманд буданд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои байнипарламентӣ, иштирок дар ҷаласаҳо ва конфронсҳои байнипарламентӣ муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор сафарҳои хизматӣ анҷом доданд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Арманистон сафар кард, дар Душанбе бо котиби генералии Вазорати корҳои хориҷии Австрия Михаэл Линҳарт, раиси Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ ҷаноби Сайид Парвиз Фаттоҳ ва меҳмонҳои дигари баландпоя дидору гуфтугӯҳои судманд дошт.

Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои экспертӣ оид ба тандурустӣ дар назди Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Форуми занони АвруОсиё ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд. Дар форум 700 вакил аз 85 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд. Хайринисо Юсуфӣ дар мавзӯи «Сиёсати гендерӣ ва нақши парламент дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» суханронӣ намуд. Ҳамчунин, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суҳбатҳои «мизи гирд», ки 280 нафар иштирокчиро фаро мегирифт, ба ҳайси модератор роҳбарӣ карда, дар нишасти матбуотӣ ба пурсишҳои журналистон посух гуфт.

Бо даъвати Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ба ҳайси роҳбари гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мушоҳидаи рафти тайёрӣ ва баргузории раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Арманистон ба шаҳри Ереван сафар намуд. Баргузории раъйпурсиро вакилони шаш давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил назорат карданд.

Қобили зикр аст, ки дар 24 соли мавҷудияти ташкилоти Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори якум намояндаи парламенти Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари нозирони байналмилалӣ дар чорабиниҳои зикргардида иштирок намуд.

Дар давоми Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, инчунин вакилон Олим Салимзода, Абдураҳим Холиқзода, Ҷӯрахон Маҷидзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Лутфия Раҷабова, Маҳмадалӣ Ватанзода, Рустам Латифзода, Шариф Раҳимзода, Садриддин Шарипов, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, Сафаралӣ Раҷабов, Мавлуда Қаландарзода, Пулоди Муҳиддиниён, Абдулғаффор Раҳмонзода, Нурулло Оқилзода, Ҷамшед Саидов, Равшан Раҷабов, Мавзуна Шарофидинова, Бахтовар Сафаров, Насиба Содиқова, Анвар Тағоймуродов, Толибек Бухориев, Гулбаҳор Назирӣ, Гулнора Бобоева, Ҷамшед Муртазоқулов, Дилрабо Мансурова, Гулбаҳор Ашурова, Баҳром Абдуалимов, Мирзодавлат Сабурзода, Дилшод Исматуллоев, Мирзоанвар Ахмедов, Қиёмиддини Миралиён, Ҳокимҷон Холиқов ва дигарон ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон сафар намуда, дар чорабиниҳои сатҳи баланд иштироку суханронӣ карданд. Тавсияҳои муфиди ҷаласаҳои байналмилалӣ дар раванди қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилон мавриди истифода қарор доранд.

 Вакилони гиромӣ!

Моро дар пеш корҳои зиёде интизоранд. Дар баробари ин вазифаҳои муҳим моро зарур аст, ки ба мазмуну муҳтавои фаъолияти худ ва беҳсозии авзои қонунгузории кишвар, ки муаррифгари асосии мазмуну муҳтавои табиати давлатдории мост, ҷиддӣ андеша намоем. Бо ин мақсад дар фарҷоми сухан мехоҳам диққати шуморо ба чанд масъалаи муҳими миёнадаврии парламент, ки аз шароити имрӯзаи ҷаҳон ва вазъи воқеии рушди низоми ҳуқуқии кишвар ба миён омадаанд, ҷалб намоям:

Якум, бо қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба фазои нави ҳуқуқӣ роҳ кушодем. Акнун ҷиҳати ба Конститутсия мутобиқ кардани қонунгузории ҷорӣ бояд ба даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намуда, сифати қонунгузориро ба талаботи нави ислоҳоти конститутсионӣ ва сатҳи байналмилалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мувофиқ созем.

Дар ин самт ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда маҳдуд шудан дар ҳудуди истилоҳоти тағйиротҳои конститутсионӣ ҷоиз набуда, дар партави ислоҳоти конститутсионӣ ба мазмун ва сифати қонунҳои баррасишаванда диққат додан шарт ва зарур аст.

Дигар аз масъалаҳои муҳими идомаи ислоҳоти конститутсионӣ ба роҳбарӣ гирифтани ҷавҳари рушди низоми ҳуқуқии кишвар, мазмуну муҳтавои низоми давлати демократӣ ва орзую омоли таърихии халқи Тоҷикистон — ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо риояи бечунучарои талаботи моддаҳои 5 ва 14-уми Конститутсия аст, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ ва ҳадафи аслии фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда муайян кардааст.

Дуюм, дар раванди қонунгузорӣ вазъи ҷаҳони муосирро ба инобат гирифта, ҷиҳати рушди заминаҳои устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрии халқӣ ва истиқолияти давлатӣ унсурҳои танзимнамоӣ ва муҳофизатии ҳуқуқиро дар мазмуни қонунҳо рушд дода, ба қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазмунан миллию моҳиятан демократӣ (шояд баръакс ҳам шавад) таваҷҷуҳ намоем.

Қонун дар ҳар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ба замми сифатҳои ҳуқуқии худ мизони ба низом овардашудаи орзую омол ва хоҳишу ормонҳои халқ аст, ки тавассути он мақоми қонунбарор барои зиндагии осудаю пурсаодати мардумон шароит фароҳам менамояд. Ин манбаи саодат ва зиндагии ором аз таъсири омилҳои нобоби мухталифи дохилию хориҷӣ худ ба худ озод буда наметавонад. Аз ин рӯ, мақоми қонунгузорро зарур аст, ки вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ мазмуну муҳтаво ва усулҳои танзимнамоии онро роҳандозӣ намуда, манфиатҳо ва ҳадафҳои аслии халқ – манбаи ҳокимият ва сарчашмаи аслии қонунҳоро ҳифз ва таъмин намояд.

Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ҳифзи арзишҳои демократӣ, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва тавозуни ҳуқуқҳои шахсию сиёсӣ ва иҷтимоию иқисодиро ҳамчун рукни қонунҳои давлати демократӣ ва иҷтимоӣ ҳифз намуда, шаҳрвандон, арзишҳо ва манфиатҳои миллии давлатамонро бо риояи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон дар саргаҳи сиёсати инсондӯстии фаъолияти қонунэҷодкунӣ ҷойгир намудан лозим аст. Инсонгароӣ, башардӯстӣ ва эҳтироми арзишҳо дар мазмуни қонунҳо ва зиндагии воқеӣ низ ҳамсон аз дӯстдории бародар, ҳамватан, шаҳрванди кишвар, аз эҳтироми арзишҳои худӣ ва қадршиносию таҳаммули андешаҳои дохилию ватанӣ ибтидо мегирад. Мо, албатта, бо мазмуни қонунҳои қабулкардаи худ собит менамоем, ки назари мо ба мардуми ҷаҳон ва инсонҳо дӯстона ва башардӯстона аст ва мо қадру манзалати онҳоро дарк, эътироф ва ҳимоя менамоем. Вале мо дар асл бо чунин эъломияҳо ба дӯстдории воқеии бани башар расида наметавонем, агар усулҳо ва роҳҳои дӯстдории шаҳрвандон ва арзишҳои миллии худро тавассути қонунҳо дар ният, гуфтор ва кирдори мардумонамон ҷой накунем ва чунин дӯстдорию муҳаббатро аз зиндагии рӯзмарраи худ дар оғӯши Ватанамон оғоз нанамоем. Ин аст ҳадафи қонунҳои мазмунан миллию моҳиятан демократӣ.

Масъалаи сеюм, ки дар фарҷоми даъвати мазкур барои фаъолияти минбаъда ба шумо таъкид карданашро зарур мешуморам, ин баланд бардоштани масъулият дар фаъолияти пурифтихори қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ аст. Ин ду масъулияти бузург, ки мо ба амри тақдир бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар асоси Конститутсия соҳиб шудаем, ҳар ду ҳам дар мизони зиндагии сиёсии инсонҳо ва тамаддун бузург, беназир, пурифтихор, ҳассос ва пурмасъулияту арзишманд аст.

Мо бояд аз ёд набарорем, ки фаъолияти мо ба бунёди шоҳроҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст ва пастию баландӣ, ҳамворию ноҳамвориҳои он аз фаъолияти қонунэҷодкуниии мо сахт вобастагӣ дорад. Ин масъулияти бузург аст. Ва вазнинии ин масъулият аз назари қонунӣ дар мизони ҳуқуқ, ахлоқ ва виҷдону эътиқоди инсонӣ боз аз он аст, ки ба ин масъулият бори амонати боварӣ ва намояндагии халқ зам гаштааст. Мо ин нуктаро ҳеҷ гоҳ бояд аз ёд набарорем, зеро боварӣ ибтидои бузургтарин неъмати корсози зиндагии боадолати иҷтимоъ буд ва хоҳад монд. Аз сазовор будан ба ин боварӣ дар маҷмӯъ мазмуну муҳтавои давлат ва қабл аз ҳама мазмуну муҳтавои инсонӣ, боинсофӣ ва боадолатии мо муаррифӣ мегардад. Аз ин хотир, бетараф набудан нисбати мазмуни қонунҳо, ҳимоят кардан аз ҳаққи шаҳрвандон ва сазовор будан ба боварии халқ муҳимтарин ва муқаддастарин вазифаи ҳар вакил аст.

Дӯстони азиз!

Вақте одамон дар бораи қонун ҳарф мезананд ё баҳс мекунанд, манзурашон, пеш аз ҳама, адолат аст. Бинобар ин, қонунҳое, ки мо оид ба иқтисод, иҷтимоиёт, маориф ё дигар соҳаҳо қабул менамоем, пеш аз ҳама, бояд боадолат бошанд. Ин яке аз шартҳои муҳими суботи сиёсӣ, ризояти миллӣ ва байналмилалӣ, рушди бомароми иқтисодии давлат маҳсуб мешавад.

Мутмаинам, ки аз ин ба баъд ҳам мо – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланд дар назди ояндаи давлату миллат тамоми донишу кӯшиши хешро баҳри омода ва қабул кардани қонунҳои боадолат харҷ менамоем.

Ба ҳамаи шумо истироҳати хуб орзу дорам. Умед дорам, аз таътил бо сиҳатии комил ва неруи дучанд ба кор хоҳед баргашт.

Саломату сарбаланд бошед!