Замоне ба бинои кўдакистони №2- и деҳаи Баррўшони ноҳияи Рўшон ворид шудем, ҳама саргарми кор буданд. Онҳо ҳатто омадани моро пай набурданд. Маҷбур шудем, мураббияи гурўҳи хурдсолон Бадалмо Бахтиёроваро огоҳ намоем. Бадалмоҳ дастпарвари факултети методика ва психологияи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буда, дар таълиму тарбия таҷрибаи зиёд дорад. Бо хоҳиши мо то омадани мудири кўдакистон моро бо шароити мавҷудаи ин даргоҳ шинос кард:
- Кўдакистони мо соли 2002 бо пешниҳод ва кумаки волидайни тарбиятгиранда ва дастгирии роҳбарияти ноҳияи Рўшон дар заминаи хобгоҳҳои интернати давлатӣ ташкил шуд. Тавре мушоҳида мекунед, ин бино, ки солҳои ҳафтодуми асри гузашта аз рўи нақшаи хонаҳои финӣ бо чўбу пахта сохта шудааст, ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Он асосан барои хобгоҳҳои дунафарӣ ё чорнафарӣ пешбинӣ шудааст. Мо бо кумаки падару модарон хонаҳоро таъмиру тармим карда, мувофиқи табъу завқи кўдакон оро додем…
Ҳамин вақт мудири кўдакистон Нозанин Мақбулова расида омад ва мо ҳамроҳ толори калон (зал), ҷойи хоб, ҷойи бозӣ ва машғулияти кўдакон, ошхона ва анборро аз назар гузарондем. Воқеан ҳам, кўдакистон хеле хуб тармим шудааст. Махсусан, ҷои хоб ва толори бозии кўдакон тозаву зебо буд. Мутаассифона, дар толори бозии кўдакон бозичаҳо ангуштшумор буданд. Кўдакон бо навбат бозичаҳоро бозӣ мекарданд.
Мураббияҳо ва кўдакон аксар чорабиниҳои фароғатиро дар толори калон мегузаронанд, вале дар он телевизорро надидем. Маълум мешавад, ки тифлон аз тамошои Телевизиони Тоҷикистон, бахусус барномаҳои ҷолиби Телевизиони кўдакону наврасон — Баҳористон бенасибанд.
Толори калони кўдакистон бо суратҳои Пешвои миллат, Суруди миллӣ, Нишон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зебу зинат дода шуда буд. Чорабиниҳои ҷашнӣ ва фарҳангӣ, ба монанди Соли нав, иди Наврўз, Рўзи Модар, Рўзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳамин ҷо гузаронда мешаванд.
- Дар кўдакистони мо 110 нафар ба тарбия ва ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд, ки ба чор гурўҳ - ду гурўҳи хурдсолон, гурўҳи миёна ва гурўҳи калонсолон тақсимбандӣ гардидаанд. Бо онҳо шаш нафар мураббӣ машғул аст, ки ду нафарашон — Бадалмо Бахтиёрова ва Наргис Ширмамадова дорои маълумоти олӣ мебошанд. Дигар мураббиҳо — Мисринамо Алифбекова, Сурайё Мушкиева ва ҳамшираи шафқат Амалбегим Музофирова маълумоти миёнаи махсус доранд, — изҳор дошт Нозанин Мақбулова.
Бо назари мо, кўдакистон ҳанўз мушкилоти зиёди ҳалталаб дорад, аммо мудири он аз касе шикоят намекунад. Танҳо аз дастгирии раиси ноҳияи Рўшон Худоёр Худоёров ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Худоназар Нурҳаётов сухан мегўяду халос. Ба соҳибкорони маҳаллӣ эрод дорад, зеро онҳо дар рўзҳои ид ва гузаронидани дигар чорабиниҳо аз кўдакон хабар намегиранд.
Тавре дар боло ишора рафт, бинои кўдакистон воқеан ҳам ба таъмир ниёз дорад. Махсусан, ошхонаи кўдакони гурўҳи хурдсол таъмири ҷиддӣ мехоҳад. Қисме аз дарҳоро бояд иваз кард. Роҳравҳои байни хонаҳо ҳам хеле таъмирталабанд. Ҳол он ки таъмири асосии бинои кўдакистонро метавонад як соҳибкор ба зимма гирад, зеро чандон маблағи зиёдро талаб намекунад.
Дар деҳаи Баррўшон панҷ нафар тоҷиру соҳибкори муваффақ кору зиндагӣ доранд. Агар ин панҷ тоҷир муттаҳид шаванд, метавонанд, ки барои кўдакистон ҳатто як бинои зебои замонавӣ созанд. Барои чунин иқдом соҳиби ҳиммати баланд будан лозим аст.
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар аксари баромадҳо ва вохўриҳо бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат соҳибкорону тоҷиронро ба хайру эҳсон ва бунёдкорӣ даъват менамояд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рўшон зимни мулоқот бо фаъолони ноҳия (29 июни соли 2015) қайд кард, ки «Дар солҳои 2012- 2014 ва шаш моҳи соли равон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ бо мақсади тараққиёти ноҳияи Рўшон, махсусан сохтмону азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, биноҳои маъмуриву таъмири роҳҳо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, рушди кишоварзӣ, инчунин дастгирии буҷети ноҳия зиёда аз 100 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст…
…Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна дар се соли охир ба соҳибкорони ноҳия 84 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки 15 миллион сомонии он ба шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ рост меояд.
Ҳоло дар ноҳия корхонаҳои хурди коркарди шир, меваи хушк, масолеҳи сохтмонӣ, даҳҳо коргоҳи дуредгариву ҷўроббофӣ ва дўзандагиву челонгарӣ фаъолият намуда, барои таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст».
Мақсад аз овардани суханони Ҷаноби Олӣ он аст, ки тайи се соли гузашта барои ободониву азнавсозии иншооти иҷтимоиву маъмурӣ зиёда аз 100 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад ҳам, барои кўдакистони кўчаки деҳаи Баррўшон тангаеро раво надидаанд.
Ё барои соҳибкории хурду миёна дар се соли сипаригашта ба соҳибкорони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорони деҳаи Баррўшон 84 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Аммо соҳибкорон лоиқ надонистанд, ки боре аз аҳволи ин кўдакистон хабар гиранд ё дар рўзҳои ид хотири онҳоро ақаллан бо туҳфаҳои хоксоронае шод гардонанд.
Дар ноҳия корхонаҳои коркарди шир, меваи хушк, масолеҳи сохтмонӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ ва ғайра фаъолият доранд. Роҳбарони ин корхонаҳо метавонистанд, ки ба қадри имкон кўдакистонро бо шир, меваи хушк, ё масолеҳи сохтмонӣ таъмин намоянд. Вале, афсўс, на ҳар сарватманд дасти сахо ва хайр дорад. Агар чунин мебуд, Ҳотами Той ин қадар маъруф намешуд. Бузургони мо фармудаанд:
Ҳар киро бо халқ бахшоиш бувад,
Обрўйи вай дар афзоиш бувад.
Бисёр мехостем, ки бародарони соҳибкори мо имконият пайдо карда, як маротиба бо шароити кўдакистони №2- и деҳаи Баррўшон ошно мешуданду як бори дигар, аз диди нав филми ҳунарии «Марги судхўр»- и таҳиягар Тоҳир Собировро тамошо карда, хулоса мебароварданд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»