Прокуратураи ноҳияи Ёвон шикояти сокини ноҳияи Ёвон, шаҳраки Ҳаёти нав, деҳаи ба номи С. Шерозӣ Эшмирзоеваро дар бораи кирдорҳои ғайриқонунии Ҷ. Тағойназаров ва беамалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ёвон, ки дар нашрияи «Садои мардум» таҳти № 74 (3554) аз 9 июни соли 2016 ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Санҷиш нишон дод, ки воқеан ҳам, охирҳои фасли баҳори соли 2014 сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон (ИДБЗО) Ҳ. С. Мирзоев бо даъвати телефонии Г. Эшмирзоева дар бораи кӯшиши шахсони номаълум барои дуздии қубурҳои дар мувозинаи ИДБЗО-и ноҳияи Ёвон буда якҷоя бо сармуҳандиси идора Н. Набиев ва раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Аква Интернешнл» Б. Худойбердиев ба хонаи ӯ рафтааст. Аз суханони Г. Эшмирзоева ба онҳо маълум гаштааст, ки шахсони номаълум аз сойи «Ёвон-су»-и ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қубурҳои солҳои пешин ба садама дучоршударо дуздида бурдаанд. Деҳаи Саъдии Шерозӣ дар сарҳади ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҷойгир аст, Г. Эшмирзоева, Ҳ. Мирзоев ва дигаронро ба ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба масоҳати зиёда аз 3 километр бурда, якчанд қубурҳои буридашудаи қутрашон 325-530 миллиметраро нишон додааст. Ҷойи қарордошти қубурҳо ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тааллуқ дорад, яъне қубурҳои номбурда дар мувозинаи ИДБЗО-и ноҳияи Ёвон қарор надоранд. Аз ин рӯ, Ҳ. Мирзоев ин масъаларо баррасӣ накарда, ба Г. Эшмирзоева рақами телефони мобилии худро дода хоҳиш кардааст, ки дар сурати дар ноҳияи Ёвон муайян намудани чунин ҳолатҳо ҳатман ба ӯ хабар расонад.
Дар натиҷаи баррасии муроҷиати Г. Эшмирзоева маълум гардид, ки шаби 24 ба 25 январи соли 2015-ум 1 сар чорвои калони шохдори Г. Эшмирзоева гум шудааст. Дар ин робита якуми феврали соли 2015 аз тарафи ГТ ШВКД дар ноҳияи Ёвон нисбати шахсони номаълум бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «в», «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Баъд аз гузаронидани тафтиши пешакӣ бинобар муайян нашудани дузд парванда боздошта шудааст. Ҳамзамон, барои муайян кардани шахсияти шахсони ҷиноятсодирнамуда чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷуйӣ идома ва рафти он зери назорати роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Ёвон қарор дорад.
Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки 8 майи соли 2016 дар деҳаи Саъдии Шерозӣ байни Г. Эшмирзоева ва ҳамсоягони ӯ — И. Абдуллоев, М. Асоев (ҷамъ 9 нафар) оид ба истифодабарии оби ҷӯйбор баҳс шудааст. Г. Эшмирзоева номбурдагонро дашномҳои қабеҳ додааст. Дар асоси аризаи тарафҳо аз ҷониби ШВКД дар ноҳияи Ёвон оид ба ин ҳодиса санҷиш гузаронида шудааст. Дар натиҷа, 19 майи соли 2016 бинобар дар кирдорҳои касе мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят оғози парвандаи ҷиноятӣ ба таври асоснок рад карда шудааст.
Нишондоди ваҷҳҳои овардаи Г. Эшмирзоева оид ба амалҳои ғайриқонунии Ҷ. Тағойназаров дар аризаҳояш ба Прокуратураи ноҳияи Ёвон ва ШВКД дар ноҳияи Ёвон низ нодуруст мебошанд. 4 марти соли 2016 ба Прокуратураи ноҳияи Ёвон аризаи Г. Эшмирзоева дар бораи 21 ноябри соли 2015 аз ҷониби Ҷ. Тағойназаров латукӯб шудани ӯ ва аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Ёвон наандешидани чораҳои қонунӣ ворид гардид. Ариза сари вақт баррасӣ ва муайян шуд, ки оид ба муроҷиати қаблии Г. Эшмирзоева дар бораи аз ҷониби Ҷ. Тағойназаров латукӯб шуданаш нозири минтақавии шуъбаи деҳотии милитсияи «Ҳаёти нав»-и ШВКД дар ноҳияи Ёвон Б. С. Раҷабзода санҷиш гузаронида, 25 ноябри соли 2015 бинобар дар кирдорҳои Ҷ. Тағойназаров набудани аломатҳои таркиби ҷинояти айбдоркунии умумӣ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ даст кашида шудааст. Вале, бинобар дар рафти санҷиш роҳ додан ба камбудиҳо ва бармаҳал будани қарори номбурда, он аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Ёвон бекор карда, мавод барои гузаронидани санҷиши иловагӣ ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон баргардонида шуд.
Баъди санҷиши иловагӣ 1 апрели соли 2016 бинобар дар кирдорҳои Ҷ. Тағойназаров набудани аломатҳои таркиби ҷинояти айбдоркунии умумӣ такроран аз оғози парвандаи ҷиноятӣ даст кашида шудааст. Азбаски мутобиқи моддаи 354 қисми 1 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ аз ҷониби ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ бо роҳи ба суд додани ариза дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс оғоз карда мешаванд, дар ҳар ду ҳолат бо натиҷаи санҷиш ба Г. Эшмирзоева ҳуқуқҳои ӯ фаҳмонида, тавсия дода шудааст, ки нисбати Ҷ. Тағойназаров ба тариқи айбдоркунии хусусӣ ба Суди ноҳияи Ёвон ариза пешниҳод намояд. Аммо Г. Эшмирзоева бо сабабҳои номаълум аз ин ҳуқуқи худ истифода намебарад.
Д. Амирзода, прокурори ноҳияи Ёвон, мушовири адлияи дараҷаи 3