Дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд роҳи оҳани Душанбе-Хатлон (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) чун туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба истифода дода шавад. Бино ба гуфти директори Дирексияи сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Хатлон Абдулфайз Холиқов то моҳи сентябри соли 2016 сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Хатлон ва бинои маъмурии истгоҳи роҳи оҳани Спитамен ба охир расида, мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳамчунин, бинои маъмурии истгоҳи Данғара аз таъмири асосӣ бароварда мешавад.
Бояд гуфт, ки сохтмони хатти роҳи оҳани Душанбе-Хатлон (қитъаи Ваҳдат – Ёвон) ба маблағи 130 миллион доллари ИМА 19 марти соли 2009 оғоз шудааст.
Абдулфайз Холиқов зикр кард, ки сохтмони хатти мазкур 40,7 км дарозӣ дорад, се туннел ба масофаи 3643 метр ва панҷ пули калони онро ба дарозии 581,68 метр ширкати Идораи 19-уми «Роҳи оҳани Хитой» аз ҳисоби кредити «Эксимбонк»-и ин кишвар, корҳои заминӣ, пармакунӣ ва таркишии сохтмонро КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо қувваи худӣ ва ҷалби дигар ширкатҳои сохтмонӣ иҷро карда истодаанд.
Аз аввали сохтмон корҳои заминӣ дар масофаи зиёда аз 37 км иҷро гардида, нақбҳо пурра шикофта шудаанд. Ҳоло корҳои ниҳоии мустаҳкамкунӣ ва бунёди пулҳо идома доранд.
- Ҷамъи маблағҳои корҳои сохтмонӣ, бе дарназардошти сохтмони нақбу пулҳо, то ҳол зиёда аз 410 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии корҳои анҷомёфта 99,7 фоизро ташкил медиҳад. Чун сохтмон зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад, Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҳар сари чанд вақт аз ҷараёни он назорат мекунад.
Бояд гуфт, ки баробари ба истифода додани иншооти мазкур қитъаи душанбегии роҳи оҳан бо қитъаи хатлонии он пайваст мешавад. Дар натиҷа, тавассути ин роҳ қатораҳои мусофиркаш ва боркаш ҳаракат намуда, барои беталаф ва сари вақт расонидани молу маҳсулоти деҳқонону соҳибкорон ба Душанбе ва ҷануби кишвар мусоидат менамояд. Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти заминӣ коҳиш ёфта, боиси он мегардад, ки роҳҳои автомобилгард муддати дароз хизмат кунанд. Ғайр аз ин, оянда роҳи оҳани мазкур ба роҳи оҳани дигар кишварҳо пайваст шуда, ҷумҳурии моро ба бандарҳо ва роҳҳои обӣ мепайвандад.
Он рӯз дур нест, ки Ҳукумати кишвар пайи пайваст кардани қитъаи суғдии роҳи оҳан ба қитъаи душанбегӣ ва ташкил кардани системаи мукаммали коммуникатсионӣ дар дохили ҷумҳурӣ иқдом мекунад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз суханрониҳояш ишора намуд, ки ҳатман бояд дар фикри сохтмони қитъаҳои дигари роҳи оҳан бошем. Чун нияти мо неку азмамон қавист, ҳатман ба мақсадҳоямон мерасем.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»