Ҳисор: Офати табиӣ, бетафовутии масъулин ва 24 хонаводаи саргардон

№88 (3568) 09.07.2016

PHOT0012.JPG24 хонаводаи деҳаи Тахти деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ»-и шаҳри Ҳисорро хавфи офати табиӣ таҳдид мекунад. Вале мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр то ҳол барои ба ҷойи бехавф кӯчонидани онҳо чораандешӣ накардаанд.

Деҳаи мазкур дар болои кӯҳ ҷойгир буда, дар он 906 нафар умр ба сар мебаранд. Шуғли асосии сокинони он токпарварӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ мебошад. Бори аввал соли 1983 дар ин ҷо як қисми кӯҳпора канда шуда буд. Олимони соҳаи геология баъди таҳқиқ хулоса карданд, ки як қисми аҳолӣ бояд ба дигар ҷой кӯчонда шавад, зеро дар оянда бори дигар ба амал омадани лағжиши кӯҳпора аз эҳтимол дур нест. Ҳамон сол барои сокинони деҳаи Тахт аз дигар мавзеъ барои сохтмони манзили истиқоматӣ замин ҷудо шуд, вале нафарони зиёд аз тарки манзилҳои худ саркашӣ карданд.

19 апрели соли равон, тахминан соати 400, дар ин деҳа боз офати табиӣ рух дод. Аз ҳама бештар заминҳои наздиҳавлигии 11 хонавода зарари ҷиддӣ дид. Бо супориши раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода таъҷилан ситоди шаҳрии корӣ оид ба бартараф кардани офати табиӣ таъсис ёфт. Ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Ҳафтандил Азимов ва кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр ба ҷойи воқеа омаданд. Қарор дода шуд, ки дар навбати аввал сокинони 10 манзили истиқоматӣ ба ҷойи бехавф кӯчонида шаванд.

Барои оилаҳои зарардида дар як муддати кӯтоҳ лагери истироҳатии «Чангоб» омода шуд ва раиси шаҳр супориш дод, ки барои ин сокинон қитъаи замин ҷудо кунанд.

Санҷиш маълум намуд, ки 27 хонаи истиқоматии дигар низ зери хавф қарор дорад. Аз ин рӯ, дар даҳаи аввали моҳи май мебоист барои оилаҳои мазкур аз дигар мавзеъ замини наздиҳавлигӣ ҷудо мешуд. Вале ин кор то ҳол амалӣ нашудааст.

Ҳамрадиф бо ин, нисбат ба пули мошингузари деҳа, ки ба корношоямӣ наздик аст, бояд хулосаи фаврӣ бароварда мешуд. Мутаассифона, ин кор низ то ҳол иҷро нагардидааст.

21 апрели соли 2016 Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Ҳисор барои гузаронидани санҷиши геологӣ ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулосаи муҳандисӣ – геологии деҳаи Тахт дархост ирсол намудааст, ки ба он 27 майи соли 2016 ҷавоб омадааст.

Гурӯҳи корӣ ҳангоми гузаронидани тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ  муайян кард, ки хонаҳои Суҳбатулло Шарипов, Фазлиддин Исматов, Зай­наб Холова, Абдуҳамид Юсуфов, Каромат Маҳмудов, Раҳим Саидов, Саноатулло Қудратов, Мавҷигул Шарипова, Хайриниссо Шокирова, Юнус Ашӯров ва Одилҷон Ғаниев беш аз ҳама хавфи аз офати табиӣ зарар дидан доранд. Аз ин лиҳоз, пешниҳод намуд, ки хоҷагиҳои дар боло зикргардида ҳар чӣ зудтар ба ҷойи бехавф кӯчонида шаванд.

Таассуфовар аст, ки аз рӯзи ба амал омадани ҳодиса моҳҳо сипарӣ шуда истодаанду дар ин самт коре анҷом дода нашудааст.

Акнун суоле пеш меояд, ки бисту чор хонаводаи деҳаи Тахт ба куҷо раванд? Шояд масъу­лин ба он посухи сазовор дода тавонанд?

 Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»