Ҳар рӯз аз телевизион шоҳиди дар гӯшаҳои гуногуни дунё рӯй додани офатҳои табиӣ мешавем. Агар дар кишваре мардум аз хушксолию сӯхтори ҷангал азият кашанд, дар кишвари дигар боридани барфу борони аз меъёр зиёд боиси омадани селу обхезиҳо мегардад.
Ин гуна офатҳои табиӣ дар ҷумҳурии мо низ рӯй медиҳанд. Чунончӣ, 16 июли соли 2015 дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон сел шаш мағоза, роҳу хатти барқ ва 41 хонаро вайрон карда, 56 оиларо аз манзил маҳрум сохт. Имсол низ сел ба сокинони як қатор деҳоти ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Панҷакенту Айнӣ зарари молию ҷонӣ расонд. Аз тарафи дигар, сол то сол дар мамлакат гармтар омадани тобистон ба назар расида, мувофиқи мушоҳидаи обуҳавошиносон, дар 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар ҷумҳурӣ то як дараҷа афзудааст. Дар ин хусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябри соли 2015 зимни иштирок дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйирёбии иқлим (конфронси 21), ки дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия баргузор шуд, чунин изҳор намуд: «Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст».
Соли гузашта зиёни офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 100 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Мувофиқи таҳлилҳои гидрометеорологӣ, солҳои 1970-2015 дар мамлакат камшавии масоҳати пиряхҳо ва афзудани шумораи офатҳои табиӣ ба назар расид. Чунончӣ, масоҳати пиряхҳо дар кӯҳсори Помиру Олой 11-16 фоиз ва ҳаҷми онҳо соле аз 12 то 17 фоиз кам шудааст.
Агар вазъ ҳамин тавр идома ёбад, тахмин меравад, ки то соли 2050-ум 30 фоизи пиряхҳои ҷумҳурӣ аз байн раванд. Обшавии босуръати пиряхҳо солҳои аввал боиси шусташавии соҳил ва хароб шудани киштзор гашта, баъдан ба норасоии об барои киштукор ва нӯшокӣ оварда мерасонад.
Ба гуфти доктори илмҳои тиб, профессор Абдулҳамид Қаюмов, дар натиҷаи гармшавии иқлим хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла табларза, меафзояд. Бемориҳои гузаранда ба мавзеъҳое паҳн мешаванд, ки қаблан дар он ҷо ба назар намерасиданд. Зиёдшавии намнокӣ бошад, боиси афзоиши дарди буғумҳо ва бемории диққи нафас мешавад. Ҳамчунин, солҳои охир дар натиҷаи гармшавии иқлим ва кам боридани борон фасли тобистон зуд-зуд хокбориш рӯй медиҳад. Дар ин ҳолат беморони дилу рагҳо, фишори хун ва роҳи нафас худро бад ҳис мекунанд. Хокбориш ба нашъунамои сабзавот ва сифати меваю ангур низ таъсири манфӣ мерасонад.
Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо институтҳои молиявию созмонҳои байналмилалӣ баҳри паст намудани таъсири дигаргуншавии иқлим ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он чанд лоиҳаро амалӣ менамояд. Чунончӣ, моҳи феврали соли равон миёни Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва Намояндагии доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Созишнома дар бораи маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ба имзо расид.
Дар бораи сабабҳои тағйирёбии иқлим ақидаҳо гуногунанд. Як гурӯҳ олимон зиёдшавии гази карбонат дар ҳаворо сабаби гармшавии иқлим меҳисобанд. Ҷонибдорони фарзияи мазкур ақида доранд, ки дар натиҷаи сол то сол зиёд сӯхтани нефту ангиштсангу газ ихроҷи гази карбонат ба ҳаво зиёд мешавад. Бо ин сабаб соле зиёда аз 20 миллиард тонна оксиген нобуд шуда, ҳаҷми гази карбонат меафзояд.
Сабаби дигари гармшавии иқлим метавонад омили маҳаллӣ низ бошад. Масалан, аз соли 1912 то соли 2007 ҳаҷми пиряхҳои кӯҳи Килиманҷаро дар кишвари Танзания (Африқои Шарқӣ) 85 фоиз кам шуд. Чоряк ҳиссаи он ба давраи аз соли 2010 ба ин тараф рост меояд. Чунин босуръат обшавии масоҳати пирях давоми 11 700 соли охир ба қайд гирифта нашудааст. Сабаби босуръат обшавии пиряхҳои кӯҳи Килиманҷаро буридани ҷангалзор бо мақсади бунёди қаҳвазору бананзор мебошад. Дар натиҷаи буридани дарахтони сӯзанбарг намнокии ҳаво кам шуда, гармсел пиряхҳоро босуръат об намуд. Чунин ҳолатро дар мисоли баҳри Арал низ метавон дид. Бо мақсади гирифтани ҳосили зиёди пахта дар даврони шӯравӣ заминҳои асрҳо бекорхобидаи ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистон ба майдони кишти пахта тадбил дода шуданд. Дар натиҷа, оби рӯдҳои Амударё ва Сирдарё ба пахтазору шолизори ин ҷумҳуриҳо ҷорӣ шуда, то баҳри Арал намерасид. Оҳиста — оҳиста чорумин кӯли калонтарини ҷаҳон ба хушкшавӣ сар кард. Соҳили баҳр аз шаҳри Муйнаки Ӯзбекистон 100 километр қафо рафт. Яъне, масоҳати 100 километр ба биёбони сӯзони пур аз таҳшини заҳрхимикатҳо табдил ёфт. Дар даврони шӯравӣ аз мушкилоти баҳри Арал сухан намекарданд. Танҳо дар давраи бозсозӣ экологҳо бонги изтироб заданд, вале аллакай дер шуда буд. Охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта сатҳи оби Арал кам гардида, баҳр ба ду қисмат ҷудо шуд: Арали хурд (шимол) ва Арали калон (ҷануб). То соли 2007 ҳаҷми Арали калон аз 708 километри кубӣ то ба 75 километри кубӣ кам шуд. Шӯрнокии об аз 14 то ба 100 грамм дар як литр расид. Ҳангоми вазидани тундбод миқдори зиёди чангу ғубор ва заррачаҳои намаки майдони холишудаи баҳри Арал ба фазо бархеста, ба сари як қисм сокинони Осиёи Марказӣ мерезад. Заррачаҳои намак бошад, боиси зуд обшавии пиряхҳо мегарданд.
Яке аз роҳҳои наҷот додани сайёра аз фалокати экологӣ ва сабук гардонидани таъсири тағйирёбии иқлим интихоби «иқтисоди сабз» аст. «Иқтисоди сабз» мавзӯи асосии мулоқоти иштирокчиёни ҳамоиши Рио+ 20 дар Бразилия буд. Мақсади рӯ овардан ба «иқтисодиёти сабз» истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва интихоби роҳи тараққиёти ба табиат безарар мебошад.
- Даҳсолаи охир баробари истифодаи зиёди сӯзишвориҳои карбондор, инчунин буриши ҷангалзор низ дар ҷаҳон афзуд, — мегӯяд сармутахассиси Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршеда Мусаввирова.
Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2030 миқдори автомобил дар ҷаҳон боз 50 фоиз меафзояд. Ин боиси боз ҳам бештар истифода шудани нефту газ ва ифлос шудани атмосфера мегардад. Дар ҷумҳурии мо тақрибан 75 фоизи ифлосшавии ҳаво ба нақлиёт рост меояд. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳаво коҳиш додани истифодаи автомобил аст. Сарвари ташкилоти экологии «Маленькая земля» («Замини хурдакак») Темур Идрисов маслиҳат медиҳад, ки бо ин мақсад аз велосипед, нақлиёти ҷамъиятӣ (алалхусус троллейбус) ва пиёда гаштан истифода бояд бурд, зеро сарфи ҳар як литр бензин боиси ихроҷи 2,5 кило гази карбонат мешавад. Дар ин бобат харидани мошинҳои каммасраф ва гибрид низ қобили дастгирист. Ҳангоми интизорӣ дар назди чароғаки роҳнамо хомӯш кардани муҳаррики мошин ихроҷи беҳудаи гази карбонатро пешгирӣ мекунад.
Ба гуфти роҳбари Маркази таҳқиқот ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Пажӯҳишгоҳи физикаву техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Қурбонҷон Кабутов, дар мамлакат истифода бурдани энергияи офтобу шамол, дарёҳои хурд ва биогаз дурнамои хуб дорад. Истифодаи обгармкунаки офтобӣ дар шаҳру деҳот боиси сарфаи ҳезуму барқ мешавад. Аз поруи чорво ба ҷои таппак кардан метавон биогаз ҳосил кард, ки самараи он даҳчанд аст. Ё тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд метавон чанд хонаводаро тамоми сол бо барқи арзону тоза таъмин кард.
Чанде пеш Бонки умумиҷаҳонӣ рейтинги кишварҳои ҷаҳонро оид ба фоизи истеҳсоли неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия нашр намуд, ки Тоҷикистон дар он мақоми 6-умро ишғол мекунад. Дар кишвари мо мутобиқи маълумоти зикршуда, тайи солҳои 2011-2015 ба ҳисоби миёна 99,56 фоизи неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст.
Ҳар сол охири фасли зимистону оғози фасли баҳор дар ҷумҳурӣ ниҳоли зиёди дарахту буттаҳо шинонида мешавад. Мутаассифона, дар айёми гармо як қисми ин навниҳолон аз беобӣ хушк мешаванд. Агар маърифати экологии аҳолӣ баланд бошад, мунтазири кормандони хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ нашуда, ҳар кас ихтиёрӣ, аз рӯи дилсӯзӣ ниҳолҳоро об медиҳад. Афсӯс, ки дар бисёр маҳаллаҳо сокинон соатҳо зери сояи дарахт суҳбат карда мешинанду ба ниҳолҳо об додан ба хотирашон намерасад.
Ҳодисаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим рухдода бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки рафтори худро ба табиат тағйир дода, бо он дилсӯзона муносибат кунем.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»