Асари драматург Нур Табаров — «Хӯса ё навҷӯӣ дар Сангистон» рӯи саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа омад. Онро коргардони ҷавон Эраҷ Султонзода бо ҳамкории Хайрулло Давлатов, Зафар Ҷаводов ва Хуршед Аксакалов омода сохтанд.
Намоишнома ҳаёти колхозии солҳои ҳаштодуми асри пешинро дар худ таҷассум намудааст. Кору амал дар ин хоҷагиҳои колхозӣ аз сохтакорию изофанависӣ ва худнамоиҳо иборат аст. Истифодаи Хӯса гӯё навигарии ҷопонӣ буда, ба пешравии кори хоҷагӣ ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат кумак мерасонад.
Хӯсаҳое, ки дар саҳнаанд, резинии пурҳаво ё пурпахтаву пурпахол не, балки нақшофарони зиндаанд. Нақшофарон аксаран ҷавононанд. Хусусан, маҳорати Комил Бобиев ва Бибинисо Боқиева хеле диққатҷалбкунанда аст. Ҳаракатҳо, имову ишораҳои ба характери қаҳрамонҳои бозимекардаашон мувофиқро истифода бурда тавонистанд. Нақшаофарии хуби ҷавонон аз пайдо шудани мактаби актёрӣ дарак медиҳад.
Зарифи Ибод, мудири бахши адабии Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов