Сарфи назар аз қабули қонуни алоҳида то кунун масъулин муҳимияти ин масъаларо бояду шояд дарк накардаанд
Соли 2012 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»-ро қабул кард. Ҳамрадиф бо ин, Маҷлиси намояндагон Созишнома дар бораи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»-ро тасдиқ намуд. Дар матлаби зер мухтасар аҳдоф ва моҳияти қонуни фавқуззикр ва иқдомоти дар доираи созишномаи мавриди назар амалишуда бозгӯйӣ мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ танзим намуда, аз 5 боб ва 30 модда иборат мебошад. Боби 1-уми он доираи амали қонуни мазкур, мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои истифодабарӣ, ҳуқуқи моликият ва муқаррар намудани сарҳади чарогоҳ, фонди давлатии чарогоҳ ва тартиби истифодабарии он, ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон ва намудҳои чарогоҳро дар бар мегирад. Дар боби 2 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ дарҷ гардидааст. Ҳуқуқи истифодабарӣ, вобаста кардан ва ба иҷора додани замини чарогоҳ, комиссияи танзим, нақшаҳои миёнамуҳлат ва солона, шартномабандӣ, уҳдадориҳои чарогоҳистифодабарандагон, асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ, амалҳое, ки ҳангоми истифодабарии чарогоҳ манъ карда шудаанд, пардохти маблағ барои истифодабарии чарогоҳ, ҷамъоварӣ ва истифодаи маблағ аз иҷораи чарогоҳҳо дар боби 3 нишон дода шудааст. Танзими давлатии истифодабарии самаранок ва ҳифзи замини чарогоҳ, дастгирии давлатӣ, талабот оид ба истифодабарии самаранок ва ҳифзи чарогоҳ, таҳқиқи геоботаникӣ, бақайдгирии давлатӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва мавриди амал қарор додани онро бобҳои 4 ва 5 ба танзим медарорад.
Зарурати тасдиқи созишномаи зикршуда бошад, ба рушди чорводорӣ, маҳсулнокии пасти чорво, норасоии хӯроки чорво, корношоям гардидани чарогоҳҳо, маҳдуд будани хизматрасонии ветеринарӣ, нархи баланди хӯроки чорво дар вилояти Хатлон рабт дорад. Биноан, бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 августи соли 2011 Созишномаи грантиро бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба имзо расонид.
Омӯзиши масъала нишон дод, ки барои татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар асоси Созишномаи баимзорасида аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ 14,6 млн. доллари ИМА маблағи грантӣ ҷудо гардидааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур 1 сентябри соли 2012 оғоз гардида, муҳлати анҷоми он 30 сентябри соли 2017 муайян шудааст. Лоиҳа дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон — Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин, ки аҳолиашон бештар ба чорводорӣ машғуланд, татбиқ шуда, ҳадафи асосиаш паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва даромади 22400 хонавода тавассути тавсеа бахшидани чорводорӣ мебошад.
Дар натиҷаи татбиқи он бояд саршумори чорво афзун гардида, механизми мукаммали идоракунии чарогоҳҳо ҷорӣ карда мешуд. Ҳамчунин, дар рафти татбиқи лоиҳаи мазкур дастгирии занҳо дар коркард ва фурӯши маҳсулоти чорводорӣ низ пешбинӣ шудааст. Бо мақсади сари вақт ва самаранок амалӣ гардидани лоиҳа, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таъсис ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии иҷроияи лоиҳа муайян карда шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур корҳои зиёд, аз ҷумла ташкил намудани зиёда аз 100 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳҳо дар сатҳи ҳар як деҳаи ноҳияҳои интихобшуда, сохтмони 56 клиникаи ветеринарӣ ва таъмин намудани он бо таҷҳизот, сохтмон ва барқарорсозии қубурҳои оби нӯшокӣ, хариди мошинолоти кишоварзӣ, гузаронидани хатти қувваи барқ, сохтмони кӯпрукҳои хурд, таъминот бо нақлиёти кишоварзӣ ва тухмиҳои хӯроки чорво, хариди чорвои хушзот ва зиёд намудани саршумори он, таъмин намудани доруворӣ барои чорво ва ғайра бояд амалӣ мешуданд.
Ҷараёни татбиқи лоиҳаро аз директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримов пурсон шудем. Номбурда гуфт, ки татбиқи лоиҳа хуб ҷараён дорад. Баҳри тақвияти суханонаш Саъдӣ Ғафорович аз таъсиси 82 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (МХҶ) дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин ёдовар гардид, ки аз ҷониби онҳо дар асоси эҳтиёҷоти мавҷуда 118 зерлоиҳа омода ва амалӣ карда шуданд. Дар доираи татбиқи ин зерлоиҳаҳо ба ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин 85 трактор, 81 испор, 326 сихмола, 67 ядак, 31 ғаллакӯбак, як алафдаравак, 19 техника барои ҷамъоварии хӯроки чорво, 6 адад техникаи махсус ва дигар техникаю мошинолот барои коркарди кимиёвии боғҳо, шинонидан ва ҷамъоварии картошка дастрас шуд.
Дар посухи суоли бобати то чӣ андоза мақсаднок истифода шудани техникаву мошинолоти зикршуда, ҳамсуҳбатам гуфт, ки таҳлилҳои гузаронида аз қаноатбахш будани ин раванд шаҳодат медиҳанд. Дар доираи татбиқи лоиҳа зерлоиҳаҳои иловагии «Муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳи агрохимиявӣ»- и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, «Кумаки техникӣ барои рушди соҳаи бордоркунии сунъии чорво дар Тоҷикистон» ва «Харид ва нигоҳдории чорвои зотӣ» амалӣ шудаанд. Дар доираи зерлоиҳаи «Харид ва нигоҳдории чорвои зотӣ» барои бо усули табиӣ бордоркунии чорво дар ноҳияҳои зерҳадаф чорвои зотӣ аз хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ харидорӣ ва ба ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Фархор ва Восеъ тақсим шудааст. Нуктаи муҳим он аст, ки 32 нафар байтор аз ноҳияҳои зерҳадаф интихоб ва ба барномаҳои омӯзишии назариявию амалӣ ҷалб шуда, бо мақсади беҳтар гардонидани хизматрасониҳои байторӣ бо мотосикл таъмин шуданд.
Дар идомаи суҳбат Саъдӣ Каримов иброз дошт, ки беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо масъалаи меҳварӣ маҳсуб шуда, аз бодлесшавӣ нигоҳ доштани онҳо, омода сохтан ва татбиқи зерлоиҳаҳои хурди барқарорсозии пулҳо ва роҳҳои чорвогузар, таъминот бо оби нӯшокӣ, ташкили сохтори хизматрасонии байторӣ дар ноҳияҳо, таъминот бо тухмии хӯроки чорво, ташкил ва дастгирии Гурӯҳҳои мақсадноки деҳот, дастгирии хоҷагиҳои хурди чорводорӣ ва ғайра мадди назар мебошанд. Дар заминаи татбиқи лоиҳа зиёда аз чор ҳазор аъзои хонаводаҳо барои беҳтар намудани таъминоти хӯроки чорво ҷалб шуда, 2864 хонавода бо 97 тонна тухмии алафҳои гуногуни хӯроки чорво ва 343 тонна нуриҳои минералӣ таъмин гардида, дар маҷмӯъ 762,8 гектар замини лалмӣ кишт карда шуд.
- Соли 2015 аз ин ҳисоб 866 тонна тухмии алафҳои хӯроки чорво ва 2500 тонна алаф барои хӯроки чорво истеҳсол шуд. Дар ин давра 24 бунгоҳи байторӣ сохта, қисман бо лавозимоти зарурии байторӣ таъмин шудаанд. Дар натиҷа, аз ҷониби байторон ба аҳолии 84 деҳаи ноҳияҳои зерҳадаф хизматрасонии байторӣ расонида мешавад, — гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида метавон хулоса кард, ки мушкилот дар ин ҷода ҳанӯз хеле зиёд буда, баҳри иҷрои қонуни мавриди назар татбиқи барномаҳои нав бо ҷалби сармояи хориҷӣ муҳим аст. Шаҳрвандонро низ зарур аст ба ин масъала бетафовут набошанд, зеро чарогоҳ барои чорво мисли об барои моҳӣ аст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»