Таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонон беш аз пеш ба дидани Қасри Шоҳони Хатлон меафзояд.
Ба наздикӣ намояндагони корпуси дипломатии як қатор кишварҳо, ки дар Душанбе қарор доранд, дастҷамъона ба Қасри Шоҳон ташриф оварданд. Раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғафурзода ва кормандони маҷмааи Қасри Шоҳон меҳмононро бо нону намак истиқбол гирифтанд. Директори маҷмаа Абдулло Хоҷаев меҳмононро ба таърихи қаср, ки ба асрҳои 1Х-Х1 мансуб аст, ошно намуда, гуфт, ки ин ёдгории таърихӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмиру таҷдид шудааст.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»