Вакил ва интихобкунанда

Мардум аз вакилон бештар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро тақозо доштанд

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

Даҳаи аввали моҳи майи соли 2013 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 150 вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар онҳо наздик ба 22 ҳазор нафар интихобкунандагон ширкат варзиданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти вохӯриҳо оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабули қонунҳои нав аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд.

Чунончӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров №14, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Назира Ғаффорова, аз ҷумла дар деҳотҳои «Зарзамин», «Унҷӣ», «Ғозиён», «Овчиқалъача», «Хистеварз», «Ёва», беморхонаи марказии ноҳия зиёда аз 10 вохӯрӣ гузаронида, интихобкунандагонро бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд. Ӯ дар баромадҳои худ дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи демократӣ, иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, муассисаҳои таълимии кишвар, фаъолияти соҳибкории занон маълумот дод.

Дар вохӯриҳо интихобкунандагон фаъолона ширкат варзида, бо саволу дархостҳо ба вакил муроҷиат намуданд. Масъалаҳои асосие, ки ба вакил пешниҳод гардиданд, ин оид ба сохта ба истифода додани маркази саломатӣ дар деҳаи Зарзамин, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҷиҳати  як сола намудани муҳлати  адои хизмати ҳарбӣ, паст кардани сатҳи оби зеризаминӣ, таъмир ва мумфарш кардани роҳҳои асосӣ, таъминоти шаҳрвандон бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, кам намудани синни ниҳойии нафақа буданд.

***

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов ва Мунаввара Кенҷаева дар корхонаю ташкилотҳо, кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, донишгоҳҳо, гимназияҳо ва беморхонаҳо 11 вохӯрӣ доир намуданд.

Вакилон дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат ибрози ақида намуда, оид ба вазъи соҳаи маориф, таъмини амнияти озуқаворӣ, андози ҷумҳурӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳаи фарҳанг, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат муфассал ахбор доданд.

Ҳамчунин вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Ҷабборов ва М.Кенҷаева бо кормандони Минтақаи озоди иқтисодӣ, сокинони маҳаллаҳои 3 ва 8-и шаҳри Хуҷанд, филиали  Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд, корхонаи муштараки  «Ҷавонӣ», КВДК «Хуҷандобуканал», литсейи № 1, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Маркази бемориҳои шараёни дил ва ҶДММ «Текстил-Сити»  баргузор гардиданд.

Дар вохӯриҳо интихобкунандагон аз сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатмандӣ   изҳор намуда, ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба таври ройгон гузаронидани ташхиси тиббӣ дар ҷумҳурӣ, даровардани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бобати аз сари нав баррасӣ намудани пардохти варақаи корношоямӣ, дар бораи кам кардани ҳаҷми андоз аз маблағи таҳсил дар мактабҳои хусусӣ, кам кардани ҳаҷми андози соҳибкорон, паст кардани ҳадди ниҳойии нафақа, таъмири роҳҳои маҳаллӣ ба вакилон дархосту таклифҳо пешниҳод намуданд.

***

Аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии С.Ӯрунхоҷаев №15-и ноҳияи Б.Ғафуров А. Иномов бо интихобкунандагони деҳотҳои «Ғозиён», «Исмоил», «Д.Холматов», «Унҷӣ» ва «Чашмасор» панҷ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯриҳо нисбати фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабул ва мукаммал намудани қонунҳо маълумот дода шуд. Интихобкунандагон дар вохӯриҳо нисбати сиёсати давлат қаноатмандӣ ва сипосгузорӣ изҳор намуда, ба вакили Маҷлиси намояндагон саволу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.

***

Вакилони Маҷлиси намояндагон А. Иномов ва М. Кенҷаева дар ҳудуди шаҳри Чкалов бо ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Коллеҷи варзишӣ,  мактаби президентӣ, аҳолии шаҳраки «Палос», омӯзгорону кормандони соҳаи маориф мулоқотҳо доир намуданд, ки дар онҳо қариб 600 нафар интихобкунандагон иштирок доштанд.

Вакилон дар маърӯзаи худ оид ба  моҳияти Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат суханронӣ намуданд.

***

Дар ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16 бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Саматова, М. Ҳақдодов ва  Э. Эшонқулов ҳафт вохӯрӣ доир гардид.

Чунин вохӯриҳо дар деҳотҳои «Гулхона», «Ҳаёти Нав», «Пролетар», «Сомониён», «Деҳмой», «Ғӯлакандоз» ва шаҳраки «Пролетар» баргузор гардиданд. Интихобкунандагон ба вакилон нисбати баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ, таъмир кардани роҳҳои дохили деҳаҳо, чораҷӯйӣ ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба истифода додани обанбори «Даҳанасой» ва ғайра дархостҳо пешниҳод намуданд.

***

Дар ноҳияи Ашт вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Имомов ва Саиди Ёқубзод бо интихобкунандагон нуҳ вохӯрӣ гузарониданд. Вакилон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои  2013-2015, низоми андозбандӣ, зиёд намудани дастрасии мардум ба захираҳои қарзӣ, дастгирии соҳибкорон, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ маълумоти муфассал доданд. А.Имомов ҳамчунин дар бораи мушкилоти дар ноҳия ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо, дурнамои иҷрои як қатор корҳои созандагӣ ибрози ақида намуд. Вохӯриҳо дар деҳотҳои «Ашт», «Понғоз», «Меҳробод», «Шодоба», «Ифтихор», «Ориён» ва «Пунук» низ барпо шуданд. Шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саволҳо дода, ҷавобҳои муфассал гирифтанд. Масъалаҳои асосие, ки мардум бисёртар ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд,  ин аз муҳоҷирати меҳнатӣ  баргардонидани муҳоҷирон ва бо ҷойи  кори доимӣ таъмин намудани онҳо, зиёд намудани квотаҳои дохил шудан ба мактабҳои олӣ, додани имтиёз ҷиҳати ба тариқи шартномавӣ ба кор қабул намудани омӯзгорон,  мусоидат  ба масъалаи зиёд  намудани ҳаҷми  нафақаи шаҳрвандоне, ки дар солҳои 1991-2000 ба нафақа баромадаанд, нарасидани омӯзгорони забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ташкил намудани хизмати ҳарбии алтернативӣ, беҳтар намудани таъминот бо оби нӯшокӣ, полезӣ ва ғайра мебошанд.

***

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Оқилов бо аҳолии ноҳияи Мастчоҳ, шаҳрҳои Истиқлол ва Қайроққум нуҳ вохӯрӣ доир намуда, дар онҳо нисбати Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷониби интихобкунандагон ба вакили Маҷлиси намояндагон оид ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ кардани ақди никоҳи хешутаборӣ, сохта ба истифода додани толорҳои варзишӣ, паст намудани синну соли нафақа, таъмири роҳҳои маҳаллӣ ва ғайра дархосту таклифҳо пешниҳод гаштанд.

***

Вакили Маҷлиси намояндагон Н.Маҳмудов бо интихобкунандагони  худ дар шаҳри Конибодом 11 вохӯрӣ доир намуда, оид ба моҳият ва самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Дар вохӯриҳои баргузоргардида аҳолии деҳотҳои «Р.Ҳамробоев», «Патар», «Ғ.Ортиқов», «Пӯлотон», «Э.Шарифов» ва «Абулқосим Лоҳутӣ» фаъолона ширкат варзиданд. Интихобкунандагон ба вакилон бо саволу дархостҳо оид ба додани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон, паст фаровардани обҳои зеризаминӣ, баланд бардоштани ҳаҷми нафақа, ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кам кардани андозҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва оби полезӣ ва ғайра муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

***

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Катаев ва Д.Исматуллоев дар ҳудуди шаҳри Исфара шаш вохӯрӣ доир намуда, бо аҳолии шаҳраку деҳотҳои «Навгилем», «Кӯлканд», «Чилгазӣ» ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара нисбати нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Ба вакилон аз ҷониби интихобкунандагон оид ба кам кардани синни ниҳойии нафақа, ба роҳ мондани хизмати алтернативӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргардонидани шаҳрвандон ва бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намудани онҳо, дар бораи кам намудани фоизҳои андоз барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо чанд пешниҳод карда шуд.

***

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Салимов бо аҳолии ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент 12 вохӯрӣ доир намуд.

Аҳолӣ дастгирии ҳамаи нуктаҳои Паёмро изҳор намуда, ба вакил баъзе дархосту пешниҳодҳо намуданд. Аз ҷумла паст намудани синни ниҳойии нафақа (мардон 60 — сола ва занон 55- сола), паст намудани андози заминҳои чарогоҳ, таъмири роҳи байни деҳаҳои Такфон ва Анзоб, гузоштани дастгоҳи пахши мавҷҳои телевизион ва радиои вилояти Суғд барои аҳолии деҳоти «Рӯдакӣ», ба мувозинаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани роҳи автомобилгарди ағбаи Оббурдон ва ғайра.

Зикр бояд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати ташкили вохӯрӣ ва дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани он ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди кориро фароҳам оварданд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»