Дар нишасти матбуотие, ки 12 июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, сарвари донишгоҳ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода қайд намуд, ки як дастоварди муҳими соли сипаригашта ин ба ҷойи якум сазовор гаштани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз натиҷагирии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.
Дар оғози соли таҳсили 2015-2016 ихтисосҳои мавҷудаи донишгоҳӣ ва раванди таълим ба низоми сезинагӣ: бакалавр, магистратура ва доктор PhD мутобиқ ба талаботи низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шуда, ҷараёни гузариш ба фазои ягонаи умумиҷаҳонии таҳсилот ва низоми Балонӣ пурра ба анҷом расид.
Алҳол дар 114 кафедраи донишгоҳ 1248 нафар омӯзгор, аз ҷумла 9 нафар академики АИ ҶТ, 9 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 168 нафар доктори илм, 538 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд ва 254 нафар омӯзгор ба ҳайси ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ мебошад, ки теъдоди донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи он 22108 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии компютерҳо ба 2530 адад расидааст, ки ба ҳар 9 нафар донишҷӯ як компютер рост меояд.
Дар донишгоҳ 146 унвонҷӯ, 381 аспирант, 22 докторанти PhD таҳсил менамоянд.
Дар шаш моҳи соли 2016 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 63 чорабинии илмии сатҳашон гуногун, аз ҷумла 4 конференсияи байналмилалӣ, 41 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 7 ҷамъомади ҷумҳуриявӣ, 4 семинари ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 14 муассисаи илмиву таълимии кишварҳои хориҷӣ қарордоди дуҷониба ба тасвиб расонидааст. Ҳамкориҳои бурунмарзии донишгоҳ кишварҳои гуногуни Осиё, Аврупо ва Амрикоро фаро мегирад.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»