13 июли соли 2016 нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бо рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ доир гардид.
Муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Каримҷон Азизов иброз дошт, ки дар шаш моҳи сипаришудаи соли 2016 дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳим хеле зиёд буданд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» инъикос ёфтанд. Кормандони муассиса дар марказ ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вобаста ба мавзӯъҳое, ки аз Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, гузориш таҳия ва манзури бинандагон намуда истодаанд. Аз ҷумла, гузоришҳо оид ба энергетика, об, истифодаи оқилонаи барқ, лоиҳаҳои ин соҳа, аз қабили лоиҳаи бунёди хатти барқи САSA-1000, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, касбомӯзӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва амсоли ин таҳия ва пешниҳоди бинандагон гардонида шуд.
Якуми март дар маросими ифтитоҳи шабакаҳои телевизионии «Варзиш», «Синамо» ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон мулоқот намуд. Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот баён доштанд, дар муассиса нақшаи чорабиниҳо таҳия гардид, ки ҷараёни иҷрои он зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтан, таблиғу ташвиқ ва инъикоси ҳамаҷонибаи Иди байналмилалии «Наврӯз – 2016» корҳои зиёдеро анҷом дод. Қабл аз ҳама, ҷараёни омодагиҳо ба Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мавриди инъикос қарор гирифт. Дар маҷмӯъ, аз 17 то 31 март беш аз 40 барномаву намоиши телевизионӣ дар жанрҳои гуногун ва силсилалавҳаҳои гуногунмазмуну инъикоскунандаи манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон таҳия ва манзури бинандагони «Телевизиони Сафина» гардонида шуд. Барномаи «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон», ки ҳар рӯз таҳия мешавад, аз 18 то 28 март пурра ба инъикоси ҷараёни таҷлили Наврӯзи хуҷастапай бахшида шуд.
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз муассиса, ҳамчунин, барномаи озмунии «Килки сабз»-ро (чор нашр дар ҳаҷми 4 соату 14 дақиқа), таҳия намуд, ки ба воситаи ин барнома 12 нафар ҷавони соҳибистеъдод ҳунару маҳорати шеъргӯйии худро ба бинандагон муаррифӣ намуданд.
Тӯли шаш моҳи соли 2016 Идораи таҳияи филмҳо ва дубляж силсилафилми бадеии «Духтарони гимнастбоз» (48 қисм), филмҳои бадеии «Коромӯз», «Нисфи ғайриимкон», (қисмҳои 1 – 2) ва «Падари кироя» (қисмҳои 1 – 2) бо давомнокии 2418 дақиқа ё бештар аз 40 соат дар мавзӯъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон гардондааст.
Бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ҳафт филми мустанад таҳия гардид. Инҳо: филми «Савганди Пешвои миллат» — муаллиф Зевар Давлатзода, филмҳои мустанади «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Сулҳ баҳорест…» — муаллиф Нуриддин Насриддинов (ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ), «Бунёдкорӣ» — муаллиф Муҳаммадёқуб Зокиров, «Фарҳанг ҳастии миллат» — муаллиф Каримҷон Азизов, «Кохи Наврӯз» — муаллиф Вамариҷ Муродов ва филми мустанади «Истиқлолияти энергетикӣ» — муаллиф Зубайдулло Каримов мебошанд.
Аз моҳи январи соли равон бахши техникии муассиса қисман бо дастгоҳҳои нав муҷаҳҳаз гардонда, пахши барномаҳои иттилоотӣ дар формати HD ба роҳ монда шуд. Кӯшиш дорем, ки дар оянда пахши дигар барномаҳо низ тариқи ҳамин формат сурат бигирад.
Барои дар сатҳи баланди касбӣ таҳия гаштани барномаҳо имрӯз дар «Телевизиони Сафина» шароиту имконияти мусоид фароҳам аст ва кормандони муассиса кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар таҳияву пешниҳоди барномаҳо тағйирот ворид намуда, мазмуну мундариҷаи намоишҳоро беҳтару хубтар намоянд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»