Дар ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии оилаҳои муҳтоҷ ва камбизоат чораву тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад.
Дар нимсолаи аввали соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 34 тӯйи хатнасур ва 5 ҷуфт тӯйи арӯсию домодӣ аз оилаҳои муҳтоҷ ва камбизоат гузаронида шудааст.
Расонидани кумак ба ятимон маъюбон, фақирон, оилаҳои ниёзманд ва бепарастор аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроия ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба 39 нафар- се нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳашт нафар ятими кулл ва 28 нафар аз оилаҳои камбизоат кумакҳои пулӣ расонида шуд.
Аз ҳисоби соҳибкорон, шахсони саховатпеша, маблағҳои ҷамъшудаи хайрияи деҳаҳо, масҷидҳо ва садақаи фитри роҳбарият ба 153 оилаи камбизоат, бесаробон, маъюб ва ятимон хӯрокворӣ- орд, равған ва маблағи пулӣ расонида шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ноҳия ба 192 нафар ба маблағи 51000 сомонӣ кумакҳои моддӣ ва пулӣ расонида шудааст.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»