Қабули эътимоднома аз сафирони нав

№93 (3573) 23.07.2016

27788870114_c36c641126_o19 июли соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимов, Ҳиндустон Сомнатх Гҳош, Ҷопон Хаҷимэ Китаока, Шоҳигарии Таиланд Нат Пинёваттаначип, Ҷумҳурии Лаҳистон Петр Ивашкевич, Босния ва Гертсеговина Кемал Муфтич, Ҷумҳурии Чили Хуан Эдуардо Эгигурен ва Австралия Питер Мартин Теш эътимоднома бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон таб­рик намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз рӯзҳои аввали соҳиб­ихтиёрӣ дар назди давлати тозабунёди мо вазифаи басо муҳими воридшавӣ ба ­ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ меистод ва хушбахтона, тайи давраи соҳибистиқлолӣ мо бо доираи васеи аҳли олам ҳамкориҳои судманду баробарманфиати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитариро дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба роҳ монда, сафи ҳамёрони худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дучанд афзун гардонидем.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Лаҳистон, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон бо Тоҷикистон шиносоии наздик пайдо карда, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.

www.president.tj